Роҳи Шевченкои пойтахт кай боз мешавад?

Таъмири роҳи кӯчаи Шевченкои Душанбе идома дорад: моҳи апрели соли гузашта азнавсозии он оғоз ёфт ва баъдтар ҳаракати нақлиёт тавассути он манъ гардид. Аз ҷумла, аз 19-уми август ҳаракати нақлиёт аз кӯчаи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ маҳдуд шуд. Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз Раёсати сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе хабар доданд, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Таъмири роҳи кӯчаи Шевченкои Душанбе идома дорад: моҳи апрели соли гузашта азнавсозии он оғоз ёфт ва баъдтар ҳаракати нақлиёт тавассути он манъ гардид.

Аз ҷумла, аз 19-уми август ҳаракати нақлиёт аз кӯчаи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ маҳдуд шуд.

Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз Раёсати сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе хабар доданд, корҳои таъмирӣ қариб ба анҷом расидаанд.

Онҳо қайд карданд, ки роҳ то 30-юми майи соли 2023 пурра омода хоҳад шуд.

“Айни замон корҳои иртиботӣ ва таъмини гармӣ ба ин қаламрав аз кӯчаи Ҳусейнзода то хиёбони Шерозӣ боқӣ мондааст”, – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дарозии ин роҳ 800 метрро ташкил медиҳад. Майдони он 24 хазору 780 метри мураббаъ аст.

“Барои таъмири ин роҳ як сол лозим шуд, зеро корҳои зиёде анҷом дода шуданд”, – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ки қисми асосии корҳо дар ин қитъаи роҳ анҷом ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.