Парвандаи Хуршед Фозилов бо як иттиҳом ба додгоҳ меравад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол карда мешавад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд ва интизори баррасии одилона парванда мебошанд. Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ин рӯзноманигор хабар дод, вале рӯзи дақиқи ирсоли парвандаро ба додгоҳ нагуфт. Ӯ афзуд, бо Хуршед Фозилов […]

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол карда мешавад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд ва интизори баррасии одилона парванда мебошанд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ин рӯзноманигор хабар дод, вале рӯзи дақиқи ирсоли парвандаро ба додгоҳ нагуфт.

Ӯ афзуд, бо Хуршед Фозилов бо маводҳои парванда шинос шуданд ва парвандаи бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба додгоҳ ирсол мешавад.

Худи Хуршед Фозилов узвият дар ҳама созмонҳои мамнуъро рад карда, гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Наздикони Хуршед Фозилов ҳам бовар доранд, ки “ӯ бегуноҳ аст” ва интизори баррасиии одилонаи парвандааш аз сӯи додгоҳанд.

Яке аз наздикони ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ нома навишта, хостори баррасиии одилонаи парвандааш шудаанд.

“Рӯзи 5-уми май аз Дастгоҳи иҷроияи Президент посух омад. Дар посух, ки нусхааш ҳамчунин, ба унвонии роҳбарияти КДАМ ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ирсол шудааст, дастур дода мешавад, ки муроҷиати моро баррасӣ карда, аз натиҷааш хаттӣ посух диҳанд. Ҳоло мо интизори посухи роҳбарияти КДАМ ва раиси вилоят ҳастем”,- гуфт яке аз наздикони рӯзноманигори боздоштшуда.

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Баъдан маълум гардид, ки ӯро кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент аввал барои итоат накардан ба амри кормандони мақомоти қудратӣ (моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Дар пайи ин чанд созмони дифоъ аз рӯзноманигорон, аз ҷумла, ду маротиба Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) бо пахши изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.

Дар яке аз изҳороти ин созмон аз он нигаронӣ шуда буд, ки рӯзноманигор пас аз боздошт “наздики як ҳафта ба вакили дифоъ дастрасӣ надошт” ва алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “таблиғи тӯҳматҳои шахсии ин рӯзноманигор шурӯъ карданд”.

Хуршед Фозиловро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар як соли охир, чор журналисти дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ ҳам боздошт ва бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор шуда, ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.