CPJ бори дигар озодии Хуршед Фозиловро талаб кард

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) бори дигар раҳоии хабарнигор Хуршед Фозиловро талаб кард. Ин созмони воқеъ дар Ню-Йорк рӯзи 8-уми май гуфт, блогерону рӯзноманигорони дигари зиндонӣ дар Тоҷикистон низ озод карда шаванд. “Ҳафтаи равон аз боздошти Хуршед Фозилов ба иттиҳоми дурӯғини узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ду моҳ гузашт,” – омадааст дар эъломияи […]

centralasian.org

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) бори дигар раҳоии хабарнигор Хуршед Фозиловро талаб кард.

Ин созмони воқеъ дар Ню-Йорк рӯзи 8-уми май гуфт, блогерону рӯзноманигорони дигари зиндонӣ дар Тоҷикистон низ озод карда шаванд.

“Ҳафтаи равон аз боздошти Хуршед Фозилов ба иттиҳоми дурӯғини узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ду моҳ гузашт,” – омадааст дар эъломияи созмон.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон гумонзад кардаанд. Ин банди қонун аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад.

Худаш иттиҳомро напазируфта, баръакс, аз боздошти худсарона, риоя нашудани дахлнопазирии шахсӣ ва эътирофи маҷбурӣ ба Додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.

Аз моҳи майи соли гузашта то оғози имсол 7 хабарнигору блогери тоҷик дастгир ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон танқид карда, озодии онҳоро хостанд, аммо акси садое нагирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.