Масъулияти оташ гирифтани либоси хонанда ба зиммаи масъулини мактаб вогузор шуд

Дар пайи ҳодисаи сӯхтани як хонанда ҳангоми машқҳои пешгирикунандаи сӯхтор дар мактаби №67-и ноҳияи Сино, масъулини мактаб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми май дар мактаби №67-и ноҳияи Синои Душанбе, дар ҷараёни гузаронидани […]

Дар пайи ҳодисаи сӯхтани як хонанда ҳангоми машқҳои пешгирикунандаи сӯхтор дар мактаби №67-и ноҳияи Сино, масъулини мактаб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми май дар мактаби №67-и ноҳияи Синои Душанбе, дар ҷараёни гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагии изтирорӣ ба амал омадаааст.

“Аммо масъулини мактаб ва баргузоркунандагони ин машқ амнияти иштирокчиёну хонандагонро таъмин накардаанд. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат масъулини мактаб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар робита ба он ки чӣ тавр сару либоси хонанда оташ гирифтааст, РВКД шарҳ дод, ки “оташ аз қуттиҳои картонӣ, ки барои тамрин оташ зада шуда буданд, ба хонанда расидааст”.

“Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми машқҳо қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудаанд ва он боиси оташ гирифтани либоси хонанда гардидааст”, – таъкид кард манбаъ.

Ба гуфтаи масъули РВКД, ҳоло аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ин машқҳоро масъулини мактаб гузаронида, ба Кумита хабар надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки навори сӯхтори хонанда дар саҳни мактаб аввали ин ҳафта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро дар пай овард. Дар навор дида мешуд, ки писарбача бо либоси оташгирифта ба саҳни мактаб медавид ва нафарони гирду атрофи ӯ оташро хомӯш карда наметавонистанд. Ин хонада худаш либоси оташгтирифтаро аз тан баровард.

Тавре қаблан хабар дода шуд, хонандагони синфҳои болоӣ бо либоси изтирорӣ ҳозир буданд ва тибқи барнома, нақши наҷотдиҳандагонро иҷро мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.