Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки Душанбе намоишномаи “Қоқу” барои кӯдакон ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта барои вуруд 20 сомонӣ аст. Пеш аз оғози намоиш, дар толори ошёнаи аввал намоиши лӯхтакҳо низ доир мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти пианинанавози фаронсавӣ, Максим Зеккинӣ доир мешавад. Арзиши чипта 55 сомонӣ аст.

– Имрӯз дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ ҷамъбаст мегардад. Дар ин мусобиқот 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза ба даст меоранд.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1997 – Ҷангҷӯён зери роҳбарии Ризвон Содиров Карин Манн ном шаҳрванди Фаронсаро, ки корманди созмони ғайридавлатии “Табибони бидуни марз” буд, гаравгон гирифта, сипас куштанд.

Соли 2009 – Дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) корхонаи “Сахо” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2010 – Ҳукумат дар бораи таъсиси “Маркази равзанаи ягона” қарор қабул кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Зодрӯзи Муин Абдураҳмонов, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1949 – Мавлуди Исмоил Раҳматов, муаррихи тоҷик.

Соли 1962 – Зодрӯзи Даврон Гулмуродов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Даврон Гулмуродов овозхони маъруфи тоҷик ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати мақомхонӣ дар водии Ҳисор аст. Ӯ соли 1986 шуъбаи мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, фаъолияти эҷодияшро аз омӯзгорӣ дар мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода оғоз кардааст. Баъдан дар бахши фарҳанги ноҳия вазифаҳои масъулро иҷро намуда, ба рушди санъати маҳаллӣ саҳм гузоштааст.

Даврон Гулмуродов яке аз таъсисдиҳандагони дастаи мақомхонони Турсунзода ба шумор рафта, анъанаҳои деринаи мақомхонии водии Ҳисорро бо маҳорати баланди овозӣ ва тозакориҳои эҷодӣ идома медиҳад. Ӯ дар иҷрои мақомҳои классикӣ, аз ҷумла “Ироқи Бухоро”, “Насруллоӣ”, “Нимчӯпонӣ”, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Уфари Ироқи Бухоро”, “Соқинома” ва дигар шохаҳои овозии мактабҳои мақомии Бухоро ва Ҳисор истеъдоди фарқкунанда дорад.

Соли 2016 – Ҳусейн Насриддинов, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 2023 – Абдуҷалил Ҳошимов, овозхон ва шашмақомсарои тоҷик дар 79-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2024 – Низорамоҳ Зарифова, яке аз ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон дар 101-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Низорамоҳ Зарифова

Низорамо Зарифова яке аз ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон ва солмандтарин сиёсатмадори тоҷик буда, шоҳиди таъсиси давлати Тоҷикистони шӯравӣ ва барҳам хӯрдани сохти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ бо шаш роҳбари охирини Тоҷикистон, сар аз Бобоҷон Ғафуров то Эмомалӣ Раҳмон, дар мансабҳои баланд фаъолият кардааст.

Ӯ соли 1952 барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии Маскав фиристода шуд. Дар он ҷо академик Бобоҷон Ғафуров шахсан ба таҳсили ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Пас аз бозгашт, бо фармони Ғафуров, ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъйин гардид.

Аз соли 1966 то 1989 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 1984 ҳатто вазифаи сардори давлатро иҷро кардааст.

Дар замони истиқлол ҳам Низорамо Зарифова ҳамвора фаъолияти давлатӣ дошт ва аввалин раиси Кумитаи занони Тоҷикистон низ буд.

Дар тӯли 60 сол Низорамо Зарифова бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон – Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов ва Эмомалӣ Раҳмон кор кардааст.

Ӯ 30-юми ноябри соли 2024 дар 101-солагӣ аз олам чашм баст. Чанде пеш аз маргаш “Азия-Плюс” бо ин сиёсатмадори тоҷик мусоҳиба ороста буд, ки дар матлаби зерин мутолиа кунед: Низорамо Зарифова: Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

30-юми ноябр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти хонагӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз масъулияти инсонро нисбат ба ҳайвоноте, ки дар паҳлӯи мо зиндагӣ мекунанд, таъкид мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани эҳсоси меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ, хусусан мустаҳкам кардани масъулиятшиносии насли наврас мебошад. Ин рӯз ҳамчунин мушкилоти ҳайвоноти бесарпаноҳ ва зарурати ҳифзи ҳуқуқи онҳоро таъкид мекунад.

Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчунин Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот таҷлил мешавад. 30-юми ноябри соли 1988 Ассотсиатсияи таҷҳизоти компютерии Амрико ин рӯзро эълон кард. Ин иқдом ба ниёзмандии ҳифзи иттилооти компютерӣ ва пешгирии ҳамлаҳои киберӣ бахшида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Интихоби ин сана рамзӣ аст, зеро ҳамон сол аввалин эпидемияи бузурги “кирмаки шабакавӣ”, маъруф ба “кирмаки Моррис” ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодиса ҷомеаро водор кард, ки ба масъалаи амнияти иттилоотӣ ҷиддитар муносибат намояд.

30-юми ноябр ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни силоҳи химиявӣ низ таҷлил мегардад. Кишварҳои узви СММ дар ин рӯз хотираи инсонҳое, ки аз силоҳи химиявӣ ҳалок шудаанд, гиромӣ медоранд ва аз нав ҷавҳари ҳамкории байналмилалиро барои маҳви ин навъи силоҳи қатли ом эҳё менамоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Созмони манъи силоҳи химиявӣ вазифаи асосии назорат аз раванди нобудсозии чунин силоҳро бар дӯш дорад. Ин созмон инчунин ба кишварҳое, ки ба хатар ё таҳдиди истифодаи силоҳи химиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ёрии зарурӣ мерасонад ва рушди химияи осоиштаву амнро ташвиқ мекунад.

30-юми ноябри соли 1939 байни Иттиҳоди Шуравӣ ва Финландия ҷанг оғоз ёфт. Сабаби асосии ин ҷанг баҳсҳои ҳудудӣ буданд. Низоъ то 12-уми марти соли 1940 идома карда, бо имзои созишномаи сулҳ дар Маскав анҷом ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

30-юми ноябри соли 1936 яке аз маъруфтарин иншооти асри XIX – Қасри Булӯр дар Лондон комилан ба коми оташ рафт. Ин сохтмони азими шишагину оҳанӣ соли 1851 барои Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Лондон дар Гайд-Парк бунёд шуда, беш аз 90 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошт ва то 14 ҳазор меҳмонро қабул карда метавонист.

Бино аз ҳодисаҳои шадиди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ наҷот ёфта буд, аммо оташ дар соли 1936 онро ба пуррагӣ нест кард. Сабаби дақиқи сӯхтор муайян нашуд, вале нуқси ноқилҳои барқӣ эҳтимоли бештар дониста мешуд. Ин бино дигар ҳеҷ гоҳ барқарор карда нашуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 9+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...