Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Орун (Арон) Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода, ду сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи декабр ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишвар консерт доир мекунанд.

Орун Афшор охири моҳи декабр вориди Душанбе шуда, ба иттилои “Borbad Production”, ки ширкати масъули сафари Орун Афшор аст, рӯзи 30-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доир мекунад.

Тибқи иттилои масъулин, консерт соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаст ба ҷои нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки Муҳсин Иброҳимзода, сарояндаи дигари маъруфи эронӣ низ ба Тоҷикистон ояд. Эълони баргузории консерти ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Яке аз масъулини фурӯши чиптаи консерти Муҳсин Иброҳимзода, ин иттилоъро тасдиқ карда гуфт, ҳоло фурӯши чиптаҳо идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, Муҳсин Ибороҳимзода рӯзи 20-уми декабр, соати 17:00 дар “Кохи Суруш” консерт доир мекунад. Арзиши чипта барои консерти ӯ низ аз 400 то 600 сомонӣ будааст.

Бояд гуфт, Орун Афшор 27 сол дошта, аз сарояндагони маъруфи Эрон аст ва дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Таронаҳои “Ҷонам бош”, “Бовар накун”, “Шаби рӯёӣ”, “Дарди ширин”-и ӯ аз маҳбубияти хоса бархурдоранд.

Ӯ соли 2021 низ дар Тоҷикистон буд ва дар “Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021” ҳунарнамоӣ карда буд.

Муҳсин Ибороҳимзода низ дар Тоҷикистон маҳбуб аст. Таронаҳои “Ишқи ширин”, “Девонаҷон” ва “Ту рафтӣ” аз зумраи маъруфтарин таронаҳояш буда, дар консерт садо хоҳанд дод.

Ин бори аввал нест, ки овозхонҳои шинохтаи Эрону Афғонистон дар Тоҷикистон консерт доир мекунанд. Маъмулан дар остонаи ҷашнҳои Наврӯзу Соли нав ва ё идҳои дигар ҳофизони ин кишварҳои ҳамзабон ба Тоҷикистон меоянд ва шомҳои мусиқӣ доир мекунанд.

Аз ҷумла чанде пеш Фарҳод Дарё ва Ориёно Саид, ду сарояндаи маъруфи афғонистонӣ бо ҳофизони Тоҷикистон шоми мусиқӣ баргузор карданд. Пештар аз ин, Андӣ Мададиён низ дар пойтахти кишвар консерт баргузор карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...