Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон баъди ду ҳафтаи боло рафтани нарх ва камбуди гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, арзиши ин навъи сӯзишворӣ наздикӣ 1 сомониву 50 дирам арзон шудааст.

Аз Хадамоти зииддиинҳисорӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бо вуҷуди маҳдудияти интиқоли газ аз кишварҳои воридкунанда, соҳибкорони тоҷик роҳҳои нави воридоти газро пайдо карда, бозори кишварро бо ин навъи сӯзишворӣ таъмин карда истодаанд.

“Бо вуҷуди маҳдудият дар интиқоли газ аз Қазоқистон, соҳибкорони тоҷик берун аз қарордоди байнидавлатӣ ва квотаи ҷудошуда, бо роҳҳои алтернативӣ, аз ҷумла ворид кардани газ аз корхонаҳои хусусӣ бо нархи баландтар бозори кишварро бо газ таъмин мекунанд. Соҳибкорон агар аз Қазоқистон ворид карда натавонанд аз Русия меоранд ва ё баръакс”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Имрӯз, 10-уми декабр нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4,6-4,7 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки  дар нимаи дуюми моҳи ноябр нархи он аз 5,5 – то 6 сомонӣ буд.

Аз ин ниҳод мегӯянд, ҳоло нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон аз 4 сомониву 60 дирам то 4 сомониву 80 дирам аст. Дар ВМКБ бошад бо сабаби роҳу дигар монеаҳо нархи гази моеъ то 6,3 – 6,5 мебошад.

Бояд гуфт тибқи фармони вазири энергетикаи Қазоқистон аз 11-уми ноябри соли 2025 содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муҳлати 6 моҳ манъ шуд, ки ин ба вазъи бозори дохилии Тоҷикистон таъсир расонида, арзиши он ба таври назаррас боло рафт. Ҳатто дар бархе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ набуд ва дар нуқтаҳое, ки мавҷуд буд аз 5,5 то 6,7 сомонӣ барои як литр нарх дошт.

Қаблан, Хадамоти зиддиинҳисорӣ тағйир ёфтани нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвориро ба камчин гардидани маҳсулоти нафтӣ ва баланд шудани нархи он дар бозори дохилии давлатҳои содиркунандаи он рабт дода буд.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи 198,9 млн доллар бо нархи миёнаи 683 доллар барои 1 тонна 291,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Ҳудуди 62%-и гази моеъ имсол аз Қазоқистон (180 ҳазор тонна) ва зиёда аз 38% – аз Русия (111,1 ҳазор тонна) оварда шудааст.

Дар Тоҷикистон сари чанд вақт нархи сӯзишворӣ, махсусан гази моеъ ва бензин боло меравад ва мутаносибан нархи роҳкиро ва хидматрасонии дигар низ гарон мешавад. Вале баъди чанд вақт, замоне ки нархи сӯзишворӣ поин мешавад, нархи роҳкиро ва дигар хидматраосниҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...