“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 10-уми декабр, дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. Манбаъ гуфтааст, бахши “Фарҳанги суманакпазӣ” аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 10-уми декабр, дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Манбаъ гуфтааст, бахши “Фарҳанги суманакпазӣ” аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.

Пештар аз ин, мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардида буд.

 

Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.  

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.

Аз ҷумла, соли гузашта дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд.

Аз ин пештар, дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ се номзад аз Тоҷикистон – Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.