Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд

Asia-Plus

Пас аз 84 сол, ҷасади Розӣ Сафар (Розисафар) Нозимов, сарбози тоҷик, ки дар ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди шуравӣ алайҳи Олмон ҷангида ва дар соли 1941 кушта шудааст, пайдо гардидааст. Ҳамакнун, боқимондаи пайкараи ӯро ба Тоҷикистон оварда, ба хок месупоранд.

Ӯ маллоҳи пиёдагарди артиши Шӯравии собиқ буда, соли 1941 дар шаҳри Севастополи Ҷумҳурии Қрим кушта шудааст. Ҷасади ӯ то кунун бедарак буд.

Дар ин бора дирӯз, 9-уми декабри соли равон Михаил Развожаев, роҳбари вилояти Севастопол дар канали “Telegram-канал”-и худ хабар дода, навиштааст, ки ҷасади сарбози тоҷикистониро баҳори имсол аз хандақҳои деҳаи Айвовоеи ноҳияи Бахчисарой пайдо кардаанд.

“Дар хандақ боқимондаҳои ҷасади ду ҷанговар ёфт шуданд. Аз яке аз онҳо медалони хуб ҳифзшуда пайдо шуд, ки ба шарофати он шахсияти ҳалокшуда дарҳол муайян гардид. Ӯ маллоҳи артиши сурх Розӣ Сафар Нозимов, соли таваллудаш 1917 мебошад, ки аз 7-уми ноябри соли 1941 бедарак будааст”, – навиштааст Развожаев.

Ба гуфтаи манбаъ, хешовандони ин сарбозро дар Тоҷикистон пайдо кардаанд ва пайкараи ӯро дар шаҳри Ваҳдат бародарзодааш (писари бародараш) ба хок месупорад.

Ҷурақул Набиев, раиси ҷамъияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон дар Севастопол дар як навори гусели пайкари ин сарбози тоҷик гуфтааст, ки Розӣ Сафар (Розисафар) Нозимов ба наздиконаш васият кардааст, ки агар дар ҷанг бимирад, ӯро ба Тоҷикистон оварда ба хок супоранд.

Қаблан бародари Нозимов пас аз ҷанг ӯро дар Севастопол ҷустуҷӯ карда, аммо зинда ё мурдаашро наёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмон, ки онро Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам меноманд, соли 1941 оғоз шуда, соли 1945 ба поён расид. Дар он, дар қатори халқҳои 15 кишвари собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ширкат карданд ва барои ғалаба саҳм гузоштанд: ҳудуди 300 ҳазор кас аз Тоҷикистон дар ин ҷанг ширкат карда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Дар Тоҷикистон занону мардон ва пиронсолон барои таъмини ҷабҳа бо лавозимот, хӯрок ва ашёи хом чанд сари сол заҳмат кашиданд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҷангӣ ва беморхонаҳои ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон кӯчонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...