Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст

Asia-Plus

Ин ҷавони 20-сола, ки моҳи сентябр бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-сола, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир шуда буд, бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд 24 сол равонаи зиндон гардидааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”  иттилоъ додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷавон сокини ноҳияи Зафаробод буда, барои "одкамкушӣ бо бераҳмии махсус" ё моддаи 104 қисми 2, банди “е” гунаҳкор дониста шуд.

Дар гузориш аз ҷавон Шаҳбоз Нуруллоев ном бурда шуда, зикр мешавад, ки  ӯ  “моҳи  сентябри имсол арусшавандааш Чарос Асророваи 19- соларо ба бо 16 зарби корд ба қатл расонида, барои руйпуш кардани ҷиноят ҷасади маҳрумро бо бензин оташ задааст”.

“Сабаби рух додани ҷинояти вазнини одамкушӣ ҷавоби хостгориро рад кардани ҳамсоядухтар мебошад, ки боиси адовату қасосгирии ҷавон гардидааст”, – зикр мешавад дар гузориш.

Назари худи гумонбар, наздикон ва вакили дифои ӯ дар робита ба қазия ва ҳамин тариқ, ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи августи солди равон пулиси Суғд аз марги як ҷавондухтари 21-сола, дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш хабар дода буд.

Ба иттилои ин ниҳод, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.

Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...