Бозшавии сарҳад, болоравии маош ва рекордҳои варзишӣ. Хуштарин хабарҳои соли 2025

Date:

Соли 2025 низ дар арафаи анҷомёбист. Мо тасмим гиифтем, ки танҳо ахбори ҷолиб ва хушу хотирмони соли 2025-ро дар Тоҷикистон гирдоварӣ намоем. Ин ахбор хурсандиву сурур ва рӯҳу илҳом бахшида ба мо хотиррасон менамоянд, ки сарфи назар аз ҳама ноҷӯриву ноқисиҳо дар рӯзгор, гирду атроф пур аз лаҳзаҳои фараҳбахшанд. Биёед лаҳзаҳоеро ба хотир орем, ки боиси ифтихорамон гаштанду ба ояндаи нек умед бахшиданд.

Марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз шуд

Баҳори соли равон сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Жапаров Шартнома дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд. Баъдтар парлумонҳои ҳарду кишвар онро тасдиқ карданд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини соли равон маҳсуб меёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Боз шудани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳамчунин, дар самтҳои гуногун 15 созишнома имзо шуд, аз ҷумла гузаргоҳи марзии “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Қайрағач” боз ва равуои автобусҳои мусофирбар миёни кишварҳо барқарор шуд. Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба иҷрои хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек дубора оғоз бахшида, Asman Airlines-и Қирғизистон бо хатсайри Бишкек – Хуҷанд парвозҳоро шурӯъ кард.

Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ба санҷиши хати интиқоли барқи 500 кВ миёни зеристогоҳҳои “Суғд-500” ва “Датка” оғоз кунанд.

Бо дастури раисҷумҳурони ду кишвар, тасмим гирифта шуд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни давлатҳо то ба 500 млн доллар расонида шавад.

Маошу нафақа ва идрорпулиҳо боло рафтанд

Аз 1-уми сентябри ҳамин сол музди меҳнати ҳадди ақалл дар ҷумҳурӣ дар сатҳи 1000 сомонӣ муқаррар шуд, ки 25% зиёдтар аз нишондиҳандаи пештара аст. Ҳамчунин маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба андозаи 30%, музди меҳнати дигар кормандони соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва таъминоти иҷтимоӣ – ба андозаи 20%, маоши хидматчиёни давлатӣ – 20% ва идрорпулии донишҷӯён ва дигар идрорпулиҳо – ба андозаи 20% зиёд шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дастовардҳои варзишгарон

Тирамоҳ мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III Осиё миёни наврасон ба дастоварди рекордӣ ноил шуд – 20 медал (2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Варзишгарони тоҷик

Барои мунтахаби Тоҷикистон ин беҳтарин натиҷа дар тӯли таърихи иштирок дар ин бозиҳо шуд. Бори аввал дастаи Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ мақоми 18-умро касб карда, дар қатори 20-гонаи беҳтарин тимҳои қораи Осиё қарор гирифт.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони соли 2025 оид ба ҷудо дар Маҷористон (Венгрия) Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов ба дарёфти медалҳои нуқра ва биринҷӣ даст ёфтанд. Медали нуқраи Нуралӣ аввалин чунин навъи медал барои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон маҳсуб меёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Обид Ҷебов ва Нуралӣ Эмомалӣ бо мураббиашон Фотеҳ Маҳмадбеков

Ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои баланд  

Соли гузашта табибони тоҷик низ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Моҳи октябр дар шуъбаи нейрохирургии беморхонаи “Истиқлол” бори нахуст ҷарроҳии мураккаб барои нобуд кардани омоси чуқур дар майнаи сар анҷом дода шуд.

Дар моҳи июн бори аввал боз ҷарроҳии мураккаб анҷом дода шуд. Онро мутахассисони тоҷик якҷо бо ҳамкасбон аз Эрон дар маркази тиббии «Шифобахш» гузарониданд. Тавре Субҳониддин Баҳодуров, нейрохирурги пешбари «Шифобахш» зикр карда буд, ин ҷарроҳӣ ба коҳиши назарраси хавфҳо барои ҳаёти бемор имкон дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи апрел дар кишвар бори аввал амалиёти нодири ҷарроҳӣ дар рагҳои майнаи сар бо истифода аз таҷҳизоти тиббӣ ва технологияҳо гузаронида шуд. Амалииёт аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нейрохирургии маркази “Шифобахш” сурат гирифт.

Ғайр аз ин, бо истифода аз таҷҳизоти наву муосир ва тарзу усулҳои замонавӣ боз якчанд ҷарроҳҳиҳои душвор анҷом дода шуданд.

Ваксинаи зидди папиллома ба тақвими эмкунӣ дохил мешавад

Моҳи октябр дар кишвар маъракаи эмкунии духтарони 10-14 сола бар зидди вируси папилломаи инсон оғоз шуд. Дар эмкунӣ ваксинаи амрикоии “Гардасил” истифода шуд, ки барои пешгирии вируси папилломаи навъҳои 6, 11, 16 ва 18 пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маъракаи эмкунӣ ҳоло идома дорад ва Вазорати тандурустӣ давоми соли оянда ният дорад, ки онро ба тақвими эмкунӣ дар кишвар дохил кунад.

Иншооти Тоҷикистон ба рӯйхати ЮНЕСКО шомил шуданд

Моҳи сентябр мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид гардид. Қарор дар иҷлосияи 37-ум дар Ханчжоу аз ҷониби  Шӯрои байнулмилалии ҳамоҳангсозии барномаи “Инсон ва биосфера” қабул шуд. Ин ҷиҳати дастрасӣ ба таҷрибаи мутахассисон дар саросари ҷаҳон: омӯзиш барои кормандон, таҳқиқоти муштарак ва кумак барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имкон медиҳад.

Барои сокинони маҳаллӣ бошад, ин як имконест барои дарёфти ҷойҳои кории нав – аз сайёҳии экологӣ то истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ бо тамғаи “сабз”.

Моҳи июл 11 ёдгории мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" воқеъ дар вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд, ки дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинг ҷойгиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қалъаи эҳёшудаи Ҳулбук

Соли 2025 барои сокинони шаҳри Панҷакент соли хос буд: Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21 октябр ба шаҳр расман мақоми “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ”-ро дод.

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Ин Шӯро ба шаҳрҳое, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ”-ро медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...