Собиқ мудири маорифи Хуросон, ки барои ба маркази дилхушӣ рафтан аз вазифа озод шуд, 22,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Исроил Қурбонзода, собиқ мудири маорифи ноҳияи Хуросонро, ки пас аз нашри аксу навораш дар маркази дилхушӣ (дискотека) аз вазифа барканор шуда буд, 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудааст. Худи ӯ ин хабарро рад карда мегӯяд, ки “ҷарима нашудаам ва аз оғоз шудани парванда нисбатам огоҳ нестам”. Суҳроби Акмал, мутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар шаҳри Бохтар ба […]

Сайраҳмон Назриев, Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Исроил Қурбонзода, собиқ мудири маорифи ноҳияи Хуросонро, ки пас аз нашри аксу навораш дар маркази дилхушӣ (дискотека) аз вазифа барканор шуда буд, 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудааст. Худи ӯ ин хабарро рад карда мегӯяд, ки “ҷарима нашудаам ва аз оғоз шудани парванда нисбатам огоҳ нестам”.

Суҳроби Акмал, мутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати Исроил Қурбонзода аввали моҳи ноябри соли 2025 дар додгоҳи шаҳри Бохтар оғоз шуд.

“Додгоҳи шаҳри Бохтар ӯро (Исроил Қурбонзода- аз идора) ба вайрон кардани муқаррароти моддаи 10 (зодрӯз)-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ” гунаҳкор ва барои риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим (моддаи 481 – и КҲМ) дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда баробар ба 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима муайян кард”,-гуфт Суҳроби Акмал.

Дар ҳамин ҳол, Исроил Қурбонзода зимни суҳбат аз баргузории мурофиаи додгоҳ ва аз нисбаташ татбиқ шудани ҷарима ибрози бехабарӣ кард.

“Дар бораи боз шудани парванда ва ҷарима хабар надорам. Ягон кас ба ман занг ҳам назадаасту чизе ҳам нагуфтааст. Баъди онки ариза супорида аз кор рафтам, аз мақомот бо ман тамос нагирифтаанд”,-гуфт Қурбонзода.

Ёдрас мешавем, ки аксу навори ҳузури мудири маорифи ноҳияи Хуросон, дар маркази дилхушӣ (дискотека) моҳи октябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъди нашри ин навор ва вокуниши корбарон, номбурда гуфта буд, ки бо хоҳиши худаш ариза навишта аз вазифа рафт.

Он замон худи Исроил Қурбонзода тасдиқ карда буд, ки ба маркази дилхушӣ рафтааст, аммо даъво дошт, ки бо даъвати дӯсташ ба ин макон рафта, вале фиреб хӯрдааст. Ӯ баҳонаи рафтан ба маркази дилхуширо нагуфт, аммо таҷлили зодрӯзашро дар ин макон рад карда буд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон солҳои пеш баъзе мудирони маориф дар шаҳру ноҳияҳо бо иттиҳоми порахӯрӣ ё камбуд дар кор аз вазифа озод ва муҷозот шуда буданд, аммо ин бори аввал аст, ки мудири маорифи як ноҳия барои ҳузур дар маркази дилхушӣ аз вазифа барканор ва ҷарима мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.