Мақомот як масъули шабакаҳои барқи Исфараро барои бе иҷозатнома насб кардани трансформатор ҷарима кардаанд

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Исфараро ба “истифода аз ваколати хизматӣ” ва “худсарона насб намудани трансфарматор” гумонбар дониста, бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз кардааст Дар ин бора Оҷонсӣ рӯзи 28-уми декабр хабар дода, аз ин масъул Ҳайдар Болтаев ном бурдааст. Тибқи иттилои манбаъ, гумонбар “дар пайи зиёд будани талабот ба […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Исфараро ба “истифода аз ваколати хизматӣ” ва “худсарона насб намудани трансфарматор” гумонбар дониста, бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз кардааст

Дар ин бора Оҷонсӣ рӯзи 28-уми декабр хабар дода, аз ин масъул Ҳайдар Болтаев ном бурдааст.

Тибқи иттилои манбаъ, гумонбар “дар пайи зиёд будани талабот ба нерӯи барқ дар фасли зимистон ва маҳдудияти мувақатӣ худсарона ва бе иҷозати раёсати ин оҷонсӣ дар минтақаи Суғд дар ду бинои баландошёнаи шаҳри Исфара трансфарматори тавоноияш 400 кВт насб кардааст".

Оҷонсӣ зикр кардааст, ки алайҳи Болтаев барои “риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ” (моддаи 394 қисми 3 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ аз 375 то 525 сомонӣ ( аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони мансабдор аз 1 ҳазору 875 то 2 ҳазору 625 сомонӣ (аз 25 то 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима муқаррар кардааст.

Назари худи Ҳайдар Болтаев дар ин маврид маълум нест.

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ҳафтаи гузашта низ хабар дода буд, ки нисбати як корманди зеристгоҳи брақии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик) бо гумони дуздии барқ парвандаи маъмурӣ боз гардидааст.

Ошкор шудани дуздии барқ аз сӯи кормандони шабакаҳои барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.

Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд".

Ӯ афзуд, ки маблағҳоро “пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва маблағро истифода карда” аҳолиро қарздор мекарданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 3 миллиард кВт соатро ташкил додааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.