ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ЯНВАР
Соли 2003 – Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои мубориза бо бемории сил таъсис дода шуд.
Соли 2010 – Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки мувофиқи он ҳуқуқи амалӣ фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" дар баробари БДА “Амонатбонк” ба дигар бонкҳои кишвар низ дода шуд.
Соли 2010 – Дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.
Соли 2012 – Тоҷикистон бо Давлати Урдун муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Соли 2016 – Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар даъват кард, ки аз муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ худдорӣ кунанд.
Соли 2021 – Ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тибқи он ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла "Google", ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод мекунад, вазифадор гардид 18% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро пардохт кунанд. Ин тағйирот бо номи "андози "Google" маъруф аст.
Соли 2022 – Нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД аз Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд.
Дар моҳи январи соли 2022, пас аз нооромиҳо дар Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳи СААД, аз ҷумла низомиёни Тоҷикистон, бо дархости Қосимҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристода шуданд. Вазифаи онҳо таъмини амният ва субот буд. Пас аз иҷрои вазифаҳо 13-уми январ хуруҷи нерӯҳо оғоз шуда, 19 январ пурра анҷом ёфт. Ин аввалин истифодаи нерӯҳои сулҳхоҳи СААД дар таърихи созмон буд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1951 – Зодрӯзи Азимҷон Аминҷонов, доктори илми химия, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ.
Соли 1965 – Мавлуди Ҷамшед Усмонов, коргардон ва филмноманависи тоҷик.
Ҷамшед Усмонов яке аз чеҳраҳои синамои муосири тоҷик буда, як қатор филмҳо офаридааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ сазовори чандин ҷоизаҳо гардидаанд. Ӯ солҳо дар студияи “Тоҷикфилм” фаъолият дошт ва айни замон дар Фаронса истиқомат мекунад.
Филмҳои “Мард”, “Чоҳ”, “Парвози занбӯр”, “Фариштаи китфи рост”, “Биҳишт фақат барои мурдагон” бо коргардонии ӯ рӯйи саҳна омада, дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Италия, Юнон, Олмон, Суис, Русия, Испания ва дигар кишварҳо соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
Ӯ хатмкардаи факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва курсҳои сенаристон ва режиссёриии Маскав аст. Ҷамшед Усмонов аз соли 1988 ба ҳайси ассистент ва коргардон дар киностудияи “Тоҷикфилм” кор кардааст ва ҳоло дар Фаронса истиқомат мекунад.
Соли 1999 – Зодрӯзи Давлат, Болтаев, муштзани тоҷик ва яке аз ҷоизадорони Олимпиадаи Порис – 2024.
Ӯ дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2024 дар Порис баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ба ӯ, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хонаи истиҷоматии якҳуҷрадор ва кумитаи кор бо ҷааонон ва варзиш 10 ҳазор доллар тақдим карданд. Ӯ яке аз даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 буд.
Давлат Болтаев соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин медали тилло ба даст оварда буд.
Ҳамчунин, соли 2022 дар шаҳри Тошканд қаҳрамони Осиё миёни ҷавонони то 22-сола шуд. Дар солҳои 2022–2023 Болтаев дар чандин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ ширкат варзид. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд то марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар Бозиҳои осиёии соли 2023 дар Ҳанчжоуи Чин ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва ҳамзамон роҳхати иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024-ро соҳиб шуд. Дар мусобиқот ӯ ба дарёфти медали биринҷӣ сазовор гардид.
Соли 1997 – Мӯсо Раҷабов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Соли 2004 – Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, адиби ҳаҷву зарофатнавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар синни 49-солагӣ даргузашт.
САНАИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар Русия Иди кормандони матбуоти даврӣ таҷлил мешавад.
Ин сана ба нашри аввалин рӯзномаи чопии Русия алоқаманд аст. 13 январи соли 1703 бо фармони Петри I шумораи нахустини рӯзномаи русии “Ведомости” ба нашр расида буд.
Инчунин дар ҳамин рӯзи соли 1830 шумораи нахустини “Литературная газета” – яке аз қадимтарин нашрияҳои даврии Русия, ки ҳафтавор нашр мешуд, нашр гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 11+16º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард то 12-17º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 55-57º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 9-11º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


