Даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. КДАМ аз “нобуд кардани чор террорист” хабар дод

Дар пайи як амалиёти мақомоти амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон, “чор террорист”, ки сарҳади давлатиро шикаста, аз самти Афғонистон ворид шудаанд, нобуд карда шудаанд. Дар ин бора изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шудааст. “18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти […]

Asia-Plus

Дар пайи як амалиёти мақомоти амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон, “чор террорист”, ки сарҳади давлатиро шикаста, аз самти Афғонистон ворид шудаанд, нобуд карда шудаанд.

Дар ин бора изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шудааст.

“18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Хирманҷо”, Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд”, – навиштааст ин ниҳод.

Таъкид шудааст, ки дар пайи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян шуда, баъди ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накардан ва муқовимати мусаллаҳона нишон додан, “чор террорист нобуд карда шудааст”.

Аз ҷои ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тирҳои АК ва таппонча, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия, 1 қаиқ мусодира карда шудааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст, ки ҳоло вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат буда, “барои  таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба  сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод”.

Ҷониби Афғонистон дар робита ба ин даргирӣ то ҳол изҳори назар накардааст.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки дар соли 2026 расонаӣ мешавад.

Аммо соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.