Дар Хуҷанд аз болои дарёи Сир як пули нав месозанд

Дар болои дарёи Сир байни шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд пули нав сохта мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфтааст, "бо дарназардошти сол ба сол зиёд гардидани мошинҳо зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст". Манбаъ навиштааст, ки дарозии пули нав 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар болои дарёи Сир байни шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд пули нав сохта мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфтааст, "бо дарназардошти сол ба сол зиёд гардидани мошинҳо зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст".

Манбаъ навиштааст, ки дарозии пули нав 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори он барои пиёдагардон роҳравҳои махсус бунёд гардида, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он дар назар аст.

Ҳукумати вилоят навиштааст, ки "татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани тамбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули куҳна мусоидат хоҳад кард".

То кай бунёд шудани пули нав маълум нест. Вале хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд навиштааст, ки "корҳои сохтмонӣ ва навсозии ин ду иншооти муҳим дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз, 19-уми январ Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо лоиҳаи пули нав, аз ҷониби ширкати “Роҳи Ваҳдат” таҳия гардидааст, шинос шуд.

Ҳоло дар Хуҷанд бар фарози дарёи Сир ду пул мавҷуд аст.

Ҳамчунин, тибқи иттилои расмӣ, дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили Хуҷанд, пули куҳнаи ин шаҳр низ бозсозӣ мешавад. Тибқи нақша, паҳноии пули куҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи мошингард фарохтар карда мешавад. Барои ин, дар назар аст роҳи мошинггард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то истгоҳи фурӯшгоҳи бузург, ки 818 метр масофа дорад, васеъ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.