Ширкатҳои барқрасони кишвар мегӯянд, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд. Дар ин бора Ҷомӣ Умарзода, намояндаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар пайи қабули ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ “камбуди зиёд дар кори кормандони барқрасонӣ ошкор шудааст”.
“Дар соли 2025 нисбат ба 125 корманд аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, онҳо аз кор озод шуданд. Ҳамчунин, баъзе парвандаҳо дар тафтишот буда, баъди анҷоми тафтишот маълумот пешниҳод мекунанд”, – гуфт Умарзода.
Зимнан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 4-уми феврал ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки соли гузашта 406 корманди идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ин 406 нафар 375 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, 12 корманди “Шабакаҳои интиқоли барқ”, 9 корманди ширкати “Барқи Тоҷик” ва 10 корманди “Помир Энерҷӣ” ҳастанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо бар асоси моддаҳои 394 ва 397-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, "риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ ва қоидаҳои истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқиву гармидиҳанда" ҷарима шудаанд.
Аммо аз Оҷонсӣ ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашударо нагуфтанд.
Пештар аз ин, намояндаи Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар соли 2025 аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар умум 321 млн 464 ҳазор кВт соат нерӯи барқ изофанависӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 106 млн 393 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст.
Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки ин изофанависӣ аз сӯи чанд корманди шабакаҳои барқ содир шуда, чанд нафар барои ин кирдор ҷазо гирифтаанд.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” хабар дода буд Аз ҷумла, моҳи январи имсол аз ду ҳолати “дуздӣ”-и барқ бо роҳи пинҳонӣ кашидани хатти барқ аз зеристгоҳ то хонаи истиқоматӣ аз сӯи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ хабар дода буданд. Оҷонсӣ гуфта буд, ки барои ин кирдор, ҳардуи онҳоро дар ҳаҷми 2 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.


