“Минбаъд танҳо онлайн”. Тартиби нав барои дастрас кардани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин

Дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Дар ин бора аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – "ekhizmat.tj" метавонанд ба даст оранд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷорӣ шудани ин хидматрасонӣ дар шакли электронӣ ба […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Дар ин бора аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – "ekhizmat.tj" метавонанд ба даст оранд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷорӣ шудани ин хидматрасонӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба мақомоти дахлдор наомада, дар муҳлати то 1 дақиқа ҳуҷҷатро дарёфт кунанд. Масъулин ҳадаф аз ин иқдомро, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, шаффофият ва самароварии хидматрасониҳои давлатӣ мегӯянд.

Барои ин, шаҳрванд бояд дар Пойгоҳи "ekhizmat.tj" сабтином кунад ва аз шиносоии ҳувият (идентификатсия) гузарад. Сипас, хидматрасониро дар пойгоҳ пайдо карда, маълумоти лозимаро ворид ва арзиши онро пардохт кунад. Нархи иҷозатнома вобаста ба соли барориши мошинҳо муайян карда мешавад. Раванди шиносоии ҳувият дар ин навори мо нишон дода шудааст.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2010 сиёҳ кардани шишаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро “ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ” марбут медонистанд.

Аммо баъдан, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, сиёҳ кардани шишаи мошин иҷоза шуд, аммо муқаррар шуд, ки пули аз ин ҳисоб воридшуда, барои сохтмони НБО “Роғун” равона шавад.

Ҳамакнун, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 барои соли 2026 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазору 70 сомонӣ пардохт мекунанд.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 6 ҳазору 552 сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.