Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и “Азия-Нефт” бо зарби 20 корд

Раёсати ВКД дар Хатлон як сокини 35-солаи ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони куштори хазинадори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и “Азия-Нефт” боздошт кардааст. Ин ниҳод аз гумонбар Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов ном бурда, гуфтааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ Қандаҳор Ғиёсови 51-соларо корд задааст. Мақомот дар як гузориш гуфтаанд, ки гумонбар бо марҳум шинос ва аз вай 8 ҳазор сомонӣ қарздор […]

Asia-Plus

Раёсати ВКД дар Хатлон як сокини 35-солаи ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони куштори хазинадори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и “Азия-Нефт” боздошт кардааст. Ин ниҳод аз гумонбар Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов ном бурда, гуфтааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ Қандаҳор Ғиёсови 51-соларо корд задааст.

Мақомот дар як гузориш гуфтаанд, ки гумонбар бо марҳум шинос ва аз вай 8 ҳазор сомонӣ қарздор будаааст, ки маҳз ин додугирифт сабаби муноқишаи лафзӣ байни онҳо гардида, оқибат ба марги Ғиёсов анҷомидааст.

Манбаъ гуфтааст, ки Абдусаммадов рӯзи 12-уми феврал нахуст барқи НФС-ро хомӯш кардаааст. Баъдан, вориди ҳуҷраи хазина гардида, “ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида” беш аз 20 корд зада, аз сандуқ 22 ҳазору 605 сомониро гирифтаву фирор мекунад. Дар пайи зарбаҳои корд, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

“Кордчаро аз корхона гирифтам, барқро худам куштам, дарро худаш боз кард, чанд кордча задам, дар он ҳолат намедонам. Аз хизина пулҳоро гирифтам ва рафтам”,-нақл кардааст гумонбар. Навори иқрори ӯ таҳти чӣ шароит сабт шудааст, маълум нест.

Назари пайвандони марҳум дар робита ба ин қазия маълум нест.

Раёсати ВКД дар Хатлон гуфтааст, ки баъди як рӯзи ҳодиса гумонбарро дар ҳоле ки қасди фирор ба вилояти Суғдро доштааст, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кардаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд

Ҳоло алайҳи Муҳаммаднабӣ Абдусаммадов бо гумони “одамкушӣ” (моддаи 104, қисми 2-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор аз сӯйи наздикону хешовандон дар Тоҷикистон зуд-зуд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи январи имсол Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир кардани як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки ба куштори ҳаммаҳаллааш гумонбар мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2025 дар кишвар 23 ҳазору 448 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1 ҳазору 134 ҳолат бештар аст. Аз ҷумла ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар соли гузашта 74 (2024-75) ҳолат сабт шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.