Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Душанбе, минбаъд ба таври худкор мавҷудияти суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии нақлиёт тариқи дурбин ва суръатсанҷ санҷида мешавад. Дар сурати набудани он, ба ронанда барои ҳалли камбудӣ 10-рӯз фурсат медиҳанд ва дар ҳолати иҷро накардан, ҷарима мекунанд. Пулиси Душанбе рӯзи 27-уми феврал дар ин хусус иттилоъ дода, гуфт, низоми мазкур аз 5-уми марти соли […]

Дар Душанбе, минбаъд ба таври худкор мавҷудияти суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии нақлиёт тариқи дурбин ва суръатсанҷ санҷида мешавад. Дар сурати набудани он, ба ронанда барои ҳалли камбудӣ 10-рӯз фурсат медиҳанд ва дар ҳолати иҷро накардан, ҷарима мекунанд.

Пулиси Душанбе рӯзи 27-уми феврал дар ин хусус иттилоъ дода, гуфт, низоми мазкур аз 5-уми марти соли ҷорӣ, фаъол мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳолати набудани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии нақлиёт нахуст паёми огоҳӣ ирсол шуда, барои ҳалли камбудӣ 10 шабонарӯз муҳлат дода мешавад.

Дар сурати бартараф накардани камбудиҳо дар ин муддат, нисбати ронанда барои муоинаи ҳатмии техникӣ накардани воситаи нақлиёт 234-сомонӣ ва барои идораи мошин бе доштани суғуртаи ҳатмӣ, 78-сомонӣ ҷарима (моддаи 315, қисми 1 ва 2-и КҲМ) татбиқ мешавад.

Пулиси Душанбе аз ронандагон хостааст, то ҳуҷҷатҳои суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии нақлиётро саривақт гиранд то ҷарима нашаванд.

Барои маълумоти бештар метавонед бо рақамҳои 39-39– дар хусуси низоми суғуртаи электронӣ ва 300-20-30-40 – дар бораи муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, тамос гиред. 

Тибқи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ, тамоми воситаҳои нақлиёт дар кишвар бояд аз муоинаи техникӣ гузаронида шаванд. Дар асоси он мошинҳое, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техникӣ нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешавад.

 

То роҳандозии низоми ягона, нозирони БДА ронандаро огоҳ мекарданд, ӯро барои муоинаи техникии маҷбурӣ мефиристоданд, парванда тартиб медоданд, ба ӯ ҷарима менавиштанд ва рақамҳои давлатии бақайдгирии автомобилро мегирифтанд.

Дар Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2025 меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба таври назаррас гарон шуданд.

Ҳангоми аз муоинаи ҳамасолаи ҳатмии техникӣ гузаштан андоз ситонида мешавад, ки ба иқтидори муҳаррики автомобил вобаста аст.

Масалан, барои автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz C-класс бо ҳаҷми муҳаррики 1,8 литр ва иқтидори 156 қувваи асп, андоз тибқи меъёрҳои нав (9 сомонӣ барои ҳар як қувваи асп) 1 ҳазору 404 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин пайванд то чӣ андоза афзудани меъёрҳои андоз ва арзиши муоинаи техникиро аз рӯи иқтидори мошин бубинед.

Ҳамчунин ба муоинаи техникӣ хароҷоти ҳатмии зерин низ дохил мешаванд:  

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муоинаи техникии нақлиёт дар Тоҷикистон гарон шуд. Чӣ қадар?

– Ташхис (диагностика)-и ҳолати техникӣ – 360 сомонӣ.

– Санҷиши таҷҳизооти газӣ (агар насб шуда бошад) – 85 сомонӣ.

– Таҳлили газҳои партобшуда – 60 сомонӣ.

– Полиси суғурта – тахминан 290 сомонӣ.

– Маълумотнома (справка) барои ронанда – 65 сомонӣ.

“Азия-Плюс” барои осонии кори ронандагон, ки барои тамғаи воситаи нақлиёташон бояд чӣ қадар андоз пардохт кунанд, ҳисобкунак (алкулятор)-и қулай таҳия кард.

Дар Тоҷикистон соли 2021-ум суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ гардид, ки  арзиши он дар ҳаҷми аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, муоинаи техникӣ дар марказҳо ва устохонаҳои хидматрасонии ваколатдор, ки барои ин кор иҷозатнома доранд, гузаронида мешавад. Ин  марказу устохонаҳо бо таҷҳизоти махсус ва асбобҳои зарурӣ барои санҷиши дақиқи  воситаҳои нақлиёт мувофиқат ба меъёрҳои муқарраршуда, муҷаҳҳаз карда шудаанд. Баъди муоинаи техникӣ БДА ба соҳиби автомобил ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад.

Тибқи маълумоти БДА дар кишвар 62 нуқтаи санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт амал мекунанд, ки 13 адади онҳо нуқтаҳои сайёр (ҳаракаткунанда) мебошанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.