Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)

Аз 18 майи соли 2025 меъёрҳои нави андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин бора дар огоҳиномаи расмии Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ сухан меравад, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад. Акнун зимни гузаштан аз муоинаи давлатии техникӣ соҳибони автомашина, мотосикл, автобус, мошинҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёт аз рӯи ҷадвали ҳисоби […]

Asia-Plus

Аз 18 майи соли 2025 меъёрҳои нави андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин бора дар огоҳиномаи расмии Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ сухан меравад, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад.

Акнун зимни гузаштан аз муоинаи давлатии техникӣ соҳибони автомашина, мотосикл, автобус, мошинҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёт аз рӯи ҷадвали ҳисоби навшуда андоз пардохт мекунанд.

Тағйирот ба ислоҳот ба моддаи 360-и Кодекси андози Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагон аз 2 апрели соли 2025 қабул ва 11 апрели соли 2025 тасдиқ шудааст, асос ёфтааст. Мувофиқи таҳрири нав, меъёри андоз аз воситаҳои нақлиёт бо фоизҳо аз нишондиҳанда барои ҳисоб барои ҳамаи категорияҳои воситаҳои нақлиёт ба таври назаррас зиёд карда шуданд.

 

Меъёрҳо то чӣ андоза зиёд шуданд?

Тибқи меъёрҳои нав, моликони мошинҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон то 250 қувваи асп (қ.а.) акнун барои ҳар як қувваи асп 9 сомонӣ, аз 250 то 350 қувваи асп – 11,25 сомонӣ, 350 ва зиёдтар аз он қувваи асп – 15 сомонӣ пардохт мекунанд.

Ҳамчунин меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт барои моликони автобус ва мошинҳои боркаш низ ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуданд.

Меъёрҳо барои микроавтобусҳо (бо 12 ҷойи нишаст) нисбатан зиёдтар – ду баробар боло рафтанд. Моликони автобусҳои дорои 13-30 ҷойи нишаст акнун қариб 77% ва автобусҳои дорои зиёда аз 30 ҷойи нишаст – қариб 58% зиёдтар пардохт мекунанд.

Барои мошинҳои боркаши вазнашон то 20 тонна меъёр 37%, аз 20 то 40 тонна – 11,1% ва зиёда аз 40 тонна – қариб 38% зиёд шудааст.

Аз электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) низ андоз ситонида мешавад, лекин бо меъёри пастшуда – 50% аз меъёри оддӣ барои ҳар як 1 кВт иқтидор. Масалан, агар андоз 9 сомонӣ барои 1 қувваи аспро ташкил диҳад, пас барои электромобил он барои 1 кВт – 4,5 сомонӣ мешавад.

 

Муоинаи техникӣ гарон мешавад

Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз муоинаи технии ҳатмии ҳамасола ситонида шуда, ба иқтидори муҳаррик (двигател)-и мошин вобаста аст.

Масалан, барои автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz C-класс бо ҳаҷми муҳаррики 1,8 литр ва иқтидори 156 қувваи асп, андоз тибқи меъёрҳои нав (9 сомонӣ барои ҳар як қувваи асп) 1 404 сомониро ташкил медиҳад. То тағйирот маблағи андоз ба 878 сомонӣ (5,63 сомонӣ барои ҳар як қувваи асп) баробар буд.

Ҳамчунин ба муоинаи техникӣ хароҷоти ҳатмии зерин низ дохил мешаванд:  

– Ташхис (диагностика)-и ҳолати техникӣ – 360 сомонӣ.

– Санҷиши таҷҳизооти газӣ (агар насб шуда бошад) – 85 сомонӣ.

– Таҳлили газҳои партобшуда – 60 сомонӣ.

– Полиси суғурта – тахминан 290 сомонӣ.

– Маълумотнома (справка) барои ронанда – 65 сомонӣ.

Соли 2025 маблағи аз муоинаи техникӣ гузаштани автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz C-класс тақрибан 2264 сомониро ташкил медиҳад. То тағйирот маблағи умумӣ ба 1738 сомонӣ баробар буд.

Ба ин тариқ, афзудани хароҷот барои муоинаи техникӣ бо назардошти зиёд шудани андозҳо зиёда аз 500 сомониро ташкил медиҳад.

 

Калкулятори андоз аз воситаҳои нақлиёт

Барои ба моликони воситаҳои нақлиёт осон шудани фаҳмидани он, ки қаблан чӣ қадар андоз пардохт мекарданду ҳозир бояд чӣ қадар бошад, мо калкулятори қулай таҳия кардем. Танҳо интихоби категорияи воситаи нақлиёт ва зикри иқтидори муҳаррик бо қувваи асп кофист. Калкулятор инчунин арзиши тақрибии муоинаи техникиро ҳисоб мекунад.

 

 

Имтиёздорон

Мувофиқи Кодекси андоз, воситаҳои нақлиёти зерин аз андозбандӣ озод мешаванд:

– тракторҳо, комбайнҳои ғалладарав, пахтачин ва махсус бо муҳаррикҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд;

– автобус ва троллейбусҳое, ки аз ҷониби корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ҷамъиятӣ) барои мусофиркашонӣ истифода мешаванд;

– воситаҳои нақлиёти махсуси тиббӣ;

– воситаҳои нақлиёти махсуси ҳарбие, ки ба қайд гузошта шудаанд ва техникаи махсуси ҳарбӣ;

– як автомашинаи сабукрав, ки ба маъюби гурӯҳи I ё II тааллуқ дорад;

– нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо);

–  воситаҳои нақлиёти субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон;

– як автомашинаи сабукрав сарфи назар аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон”, ордени “Зарринтоҷ”, ордени “Исмоили Сомонӣ”, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчии дигар амалиёти ҳарбӣ оид ба ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), ҷанговари интернатсионалист, иштиркочии рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи атомии барқии Чернобил мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.