Як парасторзан аз Тоҷикистон дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳи ношинос дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора дасти кам ду расонаи Афғонистон – рӯзномаи “Ҳашти субҳ” ва сомонаи телевизиони “Ому” хабар додаанд.
Замони дақиқи ин воқеа маълум нест. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” рӯзи 15-уми март навиштааст, ки ҳодиса се рӯз пеш рух дод. Вале “Ому” мегӯяд, тирпаронӣ рӯзи шанбе сурат гирифтааст.
Аз зани кушташуда Адолат Ҳамидӣ ном бурда мешавад. Ба навиштаи “Ҳашти субҳ”, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, беш аз 15 сол ҳамчун духтур дар ноҳияи Имом Соҳиб кор мекард. Ин расона илова кардааст, ки ӯ бо як сокини ин ноҳия издивоҷ карда, як духтар ҳам доштааст.
Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки ҷасади зан ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
“Бону Адолат солҳои зиёд ба занони рустоӣ (деҳотӣ) ва камбизоат хидматрасонии тиббӣ ва муроқибатҳои зоймонӣ (таваллуд) пешниҳод мекард ва дар миёни мардуми маҳаллӣ аз маҳбубияти вижа бархӯрдор буд”, – навиштааст сомонаи шабакаи “Ому”.
Ҷузъиёти дигари воқеа маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон дар ин маврид то кунун изҳори назар накардаанд.
Дар Афғонистон ҳаводисе бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан кам иттифоқ меафтад ва дар расонаҳо ҳам дар ин бора маълумоти муфассал нест.
Бояд гуфт, ки дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд нестанд. Махсусан, пас аз ба сари қудрат омадани Толибон ва барои як муддат баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, сафарҳои тоҷикистониён ҳам ба ин кишвар коҳиш ёфт.
Аммо дар Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон зиёданд. Теъдоде солҳо инҷо зиндагӣ ва тиҷорат доранд. Теъдоде ҳам мақоми паноҳандагӣ доранд. Ва ҳар сари чанд вақт дар робита ба боздошту ихроҷи онҳо хабарҳо нашр мешавад.
Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон ҳам ҳар замон дар робита ба убури ғайриқонунии марз ё қочоқи маводи мухаддир аз боздошту куштори шаҳрванди Афғонистон дар сарҳади Тоҷикистон хаар медиҳанд.
Ва ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки расонаҳои Афғонистон аз куштори як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд.





