Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва то 27 март дар ҷумҳурӣ обуҳавои абрноку баъзан боронӣ ва дар кӯҳҳо гоҳ-гоҳ ҳатто боридани барф дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои аз ҳама гармтар дар пойтахти Тоҷикистон ва вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.
То охири моҳи март обуҳавои тағйирёбанда, дар аксари минтақаҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – борону барф пешгӯӣ шудааст. Суръати шамол муддати тамоми ин давра ба ҳисоби миёна 5-10 м/с ва баъзан 10-15 м/сонияро ташкил медиҳад.
Обуҳаво дар минтақаҳо
Душанбе
Дар пойтахт аввали ин давра ҳавои боронӣ мешавад. Аз 20 то 25 март ҳаво хушку гарм шуда, рӯзона то 19-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар охири давра, рӯзҳои 26-27 март борон борида, ҳарорат то 17-19 дараҷа гарм поин меравад. Суръати вазидани шамол – 5-10 м/сония.
Ноҳияҳои тобеи марказ
Дар ин ноҳияҳо обуҳаво ба шаҳри Душанбе монанд мешавад. Аввали ҳафта боридани борон дар назар буда, сипас аксаран ҳавои хушк бо тадриҷан болоравии ҳарорат пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво каме хунуктар шуда, боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат рӯзона аз 5 то 22 дараҷа гарм мешавад. Шабона метавонад то 3 дараҷа хунук шавад. Суръати вазиши шамол – 5-10 м/сония.
Вилояти Хатлон
Рӯзи 19 март дар ноҳияҳои ҷудогона боридани борон дар назар аст. Аз 20 то 25 март боришот қариб дар назар набуда, ҳавои гарму муосид пешбинӣ шудааст. Охири давра (26-27 март) боронҳои кӯтоҳмуддат имкон дорад. Ҳарорат рӯзона аз 7 то 20 дараҷа гарм мешавад. Суръати вазиши шамол – 5-10 м/сония.
Вилояти Суғд
Аввали давра дар водиҳо аксаран ҳавои бебориш, вале дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ шудааст. Аз 20 март ҳавои хушк барқарор мешавад. Рӯзи 27 март дар баъзе ноҳияҳо боришоти кӯтоҳмуддат дар назар аст. Суръати вазидани шамол бештар 5-10 м/сония ва дар рӯзҳои ҷудогона – пурзӯршавӣ то 10-15 м/сония пешбинӣ мешавад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аввали давра дар қаламрави ВМКБ боришот, аксаран барф бахусус дар қисмати шарқии минтақа, инчунин ҳавои хунук дар назар аст. Аз 20 то 25 март ҳаво нисбатан устувор ва аксаран бидуни боришот мешавад. Охири давра боз боришот аз эҳтимол дур нест. Бахусус дар ноҳияҳои баландкӯҳ ҳарорати паст пешбинӣ мешавад.
Дар водиҳо шабона 3-11 ва рӯзона – 10-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат ба таври назарраси паст пешбинӣ мешавад: шабона эҳтимоли то 20 дараҷа хунук ва пасттар аз он, рӯзона аз 7 дараҷа хунук то 12 дараҷа гарм.
Ҳамчунин Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 19 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ, бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб фаромадани тармаҳо пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби боришоти зиёд, дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ҳодисаҳои селфароӣ аз эҳтимол дур нест.



