Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

asia+

Имрӯзи аз оғози ҳамлаи бедалели Амрико ва Исроил ба Эрон расо як моҳ сипарӣ шуд. Дар ин муддат, Амрико ва Исроил, ки бо ваъдаи суқут додани низоми давлатдорӣ дар Эрон ва маҳви барномаи ҳастаии он ҷангро оғоз карда буданд, натавонистанд ба ҳеҷ як ҳадафи худ ноил шаванд.

Ин ҷанги бедалел ва ғайриқонунӣ на танҳо Эронро, балки минтақа ва ҷаҳонро ба мушкил печонидааст: тамоми Ховари Миёна ба гирдоби ин ҷанг ғӯтидааст, кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки барои Амрико пойгоҳҳои низомӣ додаанд, мушакборон мешаванд, гардиши маводи сӯхт маҳдуд шуда, нархи он афзоиш меёбад.

Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки Амрикову Исроил аҳдофи қаблан эъломкардаро канор монда, барои ҳалли мушкили дигари эҷодкардаи худ овораанд. Амрико тамоми талошашро барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки Эрон барои киштиҳои боркаши “кишварҳои душман” бастааст, равона карда, барои ин аз кишварҳои дигар ёрӣ мехоҳад. Ва бо тамоми қудрат аз “музокирот”-е, ки ба қавли мақомоти Эрон аслан вуҷуд надорад, сухан мегӯяд.

Исроил аз зарбаи мушаку рокетҳои Эрон ба Созмони миллали муттаҳид шикоят бурда, эътироф мекунад, ки суқути низом дар Эрон кори осон нест.


Ин ҳама зери ҳамлаҳо ба Эрон ва посух ба он ҷараён дорад.

Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил

Амрикову Исроил дар охирин рӯзи зимистони соли 2026, яъне 28-уми феврал бидуни ҳеҷ як далел ва қатъномаи СММ ба Эрон ҳуҷум карданд. Ҳамла замоне сурат гирифт, ки миёни ҳайатҳои ду кишвар – Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии Уммон музокирот ҷараён дошт. Ин такрори ҳаводиси тобистони соли 2025 буд. Он замон ҳам дар ҷараёни музокироти Теҳрону Вашингтон Исроил ба Эрон ҳамла кард ва ба ин ҷанг Амрико пайваст шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Натаняҳу, сарвазири барои ҷиноятҳои зиддибашарӣ зери пайгарди Додгоҳи ҷиноӣ қарордоштаи Исроил, вақти оғози ҷанг “суқути низом дар Эрон” ва “маҳви барномаи ҳастаиву қатъи сарпарастии гурӯҳҳои муқовимат дар Ховари Миёна аз сӯйи Теҳрон”-ро ҳадафи аслӣ муаррифӣ карданд. Он замон ва баъдан борҳо Трамп ва Натаняҳу аз мардуми Эрон хостанд ба кӯчаҳо резанд ва қудратро дар кишвари худ ба даст гиранд. Аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон хостанд таслим шаванд, вагарна кушта мешаванд.

Дар аввалин рӯзи ҷанг тавонистанд раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ, вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро кушанд. Баъдтар боз чанд фармондеҳи радаи аввалро нобуд карданд. Баъди ин боз аз мардуми Эрон хостанд ба кӯчаҳо резанд ва қудратро ба даст гиранд.


Аммо низом дар Эрон пойбарҷо монд ва тавонист ба ҳар ҳамлаи Амрикову Исроил посух гӯяд. Эрон чанд соат пас аз оғози ҷанг, ба Исроил зарбаҳои мушакӣ зад ва ҳамон тавре, ки огоҳ карда буд, пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабии Халиҷи Форсро мушакборон кард.

Баъдтар, зери таҳдидҳои пайвастаи Амрикову Исроил тавонист раҳбари нав интихоб кунад: Муҷтабо Хоманаӣ ба ҷойи падари кушташудааш, раҳбари олии Эрон шуд. Ва ҳамин тавр, ба ҷойи фармондеҳони дигар кушташуда ҳам нафарони дигар таъин шуданд.

Сарфи назар аз даъватҳо ва таҳдидҳо, сипоҳ ҳам силоҳро ба замин нагузошт ва таслим нашуд.

Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон “умед”-и Исроил ва Амрикоро бо як мусоҳибаи худ барбод дод. Ӯ гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ низоми қавӣ ва ташаккулёфтае дорад, ки бо куштани чанд фармондеҳ ё раҳбари олӣ, суқут нахоҳад кард ва бегазанд хоҳад монд. Кори онҳоро нафарони дигар ва шоиста идома медиҳанд.

Ин нуктаро аксари коршиносон ҳам таъкид мекунанд ва чунин ба назар мерасад, ки роҳбурди “куштори роҳбарон, таслими сипоҳ ва қиёми муътаризону ғасби қудрат дар Эрон” аз  сӯйи Амрикову Исроил шикастхӯрда аст.

Низом дар Эрон ҳоло мустаҳкам боқӣ мондааст ва бино ба хабарҳои охирин дар бораи басиҷи миллион сарбоз, ба як ҷанги давомдор омода мешавад.

Ҷинояти ҷангӣ, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп бошад

Амрико дар аввалин рӯзи ҷанг мактаберо мушакборон кард, ки дар он кӯдакон таҳсил мекарданд. Ин зарбаҳои мушакӣ чанд бор такрор шуд ва дар пайи он қариб 170 кӯдак кушта шуд.

Дар оғоз Трамп ва вазири ҷангаш бо тамоми ҳастӣ талош карданд ҷинояти худро ба зиммаи Эрон вогузор кунанд, аммо баъдтар, мақомоти таҳқиқотӣ ва иктишофии ИМА эътироф карданд, ки ин кори дасти нерӯҳои Амрико аст.


Ҳамакнун, Кунгураи ИМА ҳам ба ин таваҷҷуҳ карда, санҷишро оғоз кардааст. Нерӯҳои мухолифи Трамп ва маъмурияти ӯ, расонаҳои рӯ ба демократхоҳон ҳам ҳарчӣ бештар ба куштори кӯдакон дар мактаби шаҳри Минор ишора мекунанд. Ва дақиқ аст, ки дар оянда, дар маъракаҳои интихоботӣ ин ҷиноят доғе барои Трамп ва тимаш хоҳад буд ва эҳтимол дорад, дар ниҳоят, поёни кори ӯ бошад.

Аввалин истеъфо

Ҳаждаҳ рӯз пас аз оғози ҷанг, Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ каме бештар аз як сол дар ин мақом кор кард.

Ӯ дар саҳифаи Х навишт, “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.

“Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем”-  навиш Кент.

Баъдтар Кент ба Такер Карлсон, рӯзноманигори замоне тарафтори ғояҳои Трамп, аммо мунтақиди Натаняҳу ва ҷиноятҳои артиши Исроил дар Ғазза, мусоҳиба дод ва бори дигар ҷанг дар Эронро “хостаи Исроил” гуфт. Такер Карлсон, ки дар ҷомеаи Амрико аз ҷонибдории зиёд бархӯрдор аст ва рӯзноманигор афкорсоз дониста мешавад, аз ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон ошкор интиқод мекунад.

Бо назардошти руҳияи зиддиҷангии афзоянда дар ИМА эҳтимол аст, ин охирин истеъфо дар маъмурияти Трамп набошад.

Тангаи Ҳурмуз

Тангаи Ҳурмуз, ки ҳудуди як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад ва аз масирҳои баҳрии муҳим дар низоми иқтисоди ҷаҳон ба шумор меравад, то оғози ҷанг боз буд ва киштиҳои боркаш бидуни маҳдудият ҳаракат доштанд. Баъди оғоҳи ҷанг, Эрон онро ба рӯйи “киштиҳои душман” баст. Ва ин боиси қатъи гардиши киштиҳо шуд ва нархи нафтро якбора боло бурд.

Ҳоло сокинон Амрико шикоят доранд, ки нахи сӯзишворӣ боло рафтааст. Дар аврупо ҳам шикоятҳо аз гаронии нархи маводи сӯхт ва газ афзоиш меёбад. Дар кишварҳои алоҳида, мисли Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Бангладеш якбора маводи сӯхт камчин шуд.

Дар пайи афзоиши нархи нафт, Доналд Трамп аз кишварҳои ҳампаймонаш хост, дар бозгушоии ин танга кӯмак кунанд, аммо посухи рад гирифт.


Баъд ба Эрон таҳдид кард, ки “агар дар 48 соати оянда тангаи Ҳурмузро ба таври комил ва бидуни ҳеч таҳдиде боз накунад, Иёлоти Муттаҳида нерӯгоҳҳои мухталифашро ҳадаф қарор дода ва нобуд хоҳад кард”.

Мақомоти Ҷумҳури Исломӣ ҳам ба ин таҳдиди Трамп бо таҳдид посух доданд ва гуфтанд агар ба зерсохтори сӯзишворӣ ва энерҷии Эрон ҳамла шавад, “тамоми зерсохтҳои энерҷӣ, фановарии иттилоотӣ ва обширинкуни мутааллиқ ба Амрико ва режим (Исроил) ҳадаф қарор хоҳанд гирифт”.

Пас аз чанд соати ин зарбулаҷал, Трамп поёни онро интизор нашуда, аз “музокироти хуб” бо мақомоти Эрон ва то 5 рӯз таъхир дар зарба ба пойгоҳҳои энерҷии Ҷумҳурии Исломӣ хабар дод. Баъдтар поёни ин панҷ рӯзро ҳам интизор нашуд ва онро то ба 10 рӯз тамдид кард. Аммо тангаи Ҳурмуз ҳанӯз барои киштиҳои “кишварҳои душман” баста боқӣ мемонад. Ва ҳамакнун, Эрон аз қоидаҳои нави убур аз ин танга ва пардохти хироҷ сухан мекунад.

Бозгашт ба охирин рӯзи зимистони соли 2026?

Доналд Трамп, ки бо хабарнигорон дар Палм Бичи Флорида суҳбат дошт, гуфт, “мехостем бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии онҳоро (Эронро) бо як зарба аз байн барем. Онҳо бояд фурӯ мерафтанд. Барои ҳамин онҳо (мақомҳои эронӣ) занг заданд. Ман занг назадам. Онҳо занг заданд ва мехоҳанд созиш кунанд”.

Мақомоти Эрон дар зудтарин фурсат ин иддаои Трампро рад карданд ва гуфтанд, “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад” ва ин изҳороти раисҷумҳури Амрико “талош барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомӣ аст”.

Дар идома суҳбати худ Трамп гуфт, Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна бо як мақоми баландпояи Эрон сӯҳбат кардааст, аммо аз ифшои номи он мақоми эронӣ худдорӣ карда, зикр кард, ки “ин мақом раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ Муҷтабо Хоманаӣ нест”.

Ӯ танҳо зикр кард, ки “… мо бо касе рӯбарӯ ҳастем, ки ба андешаи ман, аз ҳама мӯътабартарин ва раҳбари асосӣ аст”.

Трамп гуфт, музокирот рӯзи якшанбе оғоз шуд, ду тараф дар бораи “нуктаҳои асосӣ” ба мувофиқа расиданд, он идома хоҳад ёфт ва агар самаранок гузарад, мо ба зудӣ ба созиш мерасем.


Ба қавли ӯ, Стив Уиткофф ва домодаш Ҷаред Кушнер музокира мекунанд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон ба ин суханҳои Доналд Трамп зуд вокуниш кард ва дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки “ҳеҷ гуна музокирот ба Амрико нест” ва Трамп “хабарҳои ҷаълӣ” паҳн карда, талош дорад ба нархи нафт таъсир расонад.

Аббос Ароқчӣ ҳам таъкид кард, ки “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад”. Аммо эътироф кард, ки паёмҳое аз кишвари сеюм (бештар аз ҳама номи Покистон гирифта мешавад) гирифтаву ба он паёмҳо посух додаанд. Аммо он паём чӣ буд ва ба он чӣ посух дода шуд, маълум нест.

Дар ин миён, расонаҳои ҷаҳон аз рӯйхати талаби ду кишвар хабарҳо нашр мекунанд. Бино ба он рӯйхат, ки расонаҳо бо такя ба манобеи гуногун иттилоъ медиҳанд, Амрико аз Эрон ҳамоно маҳви комили барномаи ҳастаӣ, танзими барномаи мушакӣ ва даст кашидан аз сарпарастии нерӯҳои муқовиматгар дар Ховари Миёнаро талаб дорад. Эрон бошад, баръакс, эътирофи барномаи ҳастаии сулҳомез, пардохти ҷуброн, ҷорисозии қоидаҳои нави убури тангаи Ҳурмуз, кафолати амниятиро талаб кардааст.

Мақомоти расмии ҳеҷ яке аз ин кишварҳо ин талабҳоро шарҳ надодаанд.  Аммо пас аз як моҳи ҷанг, Доналд Трамп ҳарчи бештар аз музокирот ҳарф мезанад ва чунин ба назар мерасад, ки кор ба он нуктае, ки охири зимистони сои 2026 қатъ шуда буд, яъне музокира мерасад.

Талафот

Дар ин миён, Исроил ба зарбаҳои ҳавоии худ идома медиҳад ва аз он шикоят дорад, ки Эрон бо мушахҳои қавӣ ва манъшуда ба қаламраваш зарба мезанад. Аммо паёмадҳои ин зарбаҳо ва талафоти онро ошкор намекунад.

Амрико мегӯяд, қариб даҳ ҳазор ҳадафро дар Эрон мушакборон кардааст. Аммо эътироф мекунад, ки чанд сарбозаш кушта шудаву чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, чанд тайёрааш ҳам зада шудааст.


Эрон мегӯяд, дар пайи ин ҷанг, дар баробари раҳбари олӣ ва чанд фармондеҳ, сокинони осоишта низ кушта шудаанд. Теъдоди ҷонбохтагон ба 4 ҳазор наздик мешавад.

Аммо ҷанг ҳамоно идома дорад ва ҳаводису изҳороти охир гувоҳи онанд, ки он дар зудтарин фурсад ва ба содагӣ анҷом намеёбад. Шарту шароити поёни ҷанг ҳам дигар он гуна нест, ки дар оғози он тахмин зада мешуд. Амрико бо ирсоли нерӯи иловагии пиёдагард ба Ховари Миёна, талош дорад қаламравҳое дар Эрон (ба эҳтимоли зиёд ҷазираи аз нигоҳи роҳбурдӣ муҳими Хорк)-ро таҳти назорат гирад. Эрон барои ин ҳамлаи заминӣ омода мешавад ба бар замми Нерӯҳои мусаллаҳи доимӣ, миллион басиҷиро мусаллаҳ кардааст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бахши махсуси “АзияПлюс” огоҳ шаведҲамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...