Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1929 – Иттифоқи “Тоҷикматлубот” таъсис ёфт.

Соли 1936 – Иттифоқи меъморони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 1992 – Дар майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ”-и Душанбе гирдиҳамоиҳо оғоз шуд, ки ба мухолифатҳои моҳи май оварда расонид.

Соли 2007 – Боғи марказии фарҳанг ва истироҳати Душанбе ба “Боғи Рӯдакӣ” тағйири ном кард.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон бонки нави молиявии хурд “AccessBank Tajikistan” кушода шуд.

Соли 2012 – Литсейҳои донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфт.

Соли 2012 – Ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи “шиканҷа” илова гардид.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1959 – Зодрӯзи Мӯъмин Шокиров, коргардони синамо ва рӯзноманигори тоҷик.

Мӯъмин Шокиров

Ӯ фаъолияти худро дар соҳаи синамо оғоз намуда, солҳо дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Аввалин филми пурраи ӯ “Дар Бағдод ҳама ором аст” дар соли 1992 намоиш дода шуд, ки ин филм аввалин қадами бузурги Мӯъмин Шокиров дар коргардонӣ буд.

Аз соли 1994 Мӯъмин Шокиров ба рӯзноманигорӣ рӯ овард ва дар рӯзномаҳои “Литературная газета” ва “Новая газета” кор кард. Аз соли 1994 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошта, то соли 2012 хабарнигори вижаи он буд.

Мӯъмин Шокиров ҳамчун муаллифи як қатор филмҳо ва барномаҳо шӯҳрат пайдо кардааст. Филми мустанади ӯ “Ҳолокост – Оё ин часпони зардевор аст?” яке аз намунаҳои беҳтарини филми ӯст. Ӯ барномаҳои телевизионии “Экспресси Шарқӣ” ва “Формулаи синамо”-ро роҳандозӣ кардааст.

Ҳоло ин коргардон ва рӯзноманигор дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Соли 1961 – Мавлуди Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб ва вакили пешини парлумон.

Абдулғаффор Раҳмонзода

Абдуғаффор Раҳмонзода, иқтисодчӣ ва сиёсатмадори Донишгоҳи муҳандисии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм кардааст.

Ӯ солҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷӣ Кумитаи комсомолии Кӯлоб ва Вазорати иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҳамчунин муовини вазири иқтисод ва савдо, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Аз 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ буд. Аз соли 2020 як муддат муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд.

Соли 1993 – Сангак Сафаров, яке аз роҳбарони “Фронти халқии Тоҷикистон” дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар 65-солагӣ кушта шуд.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 29 марти соли 2010, дар ду истгоҳи метрои Маскав таркиш ба амал омад. Ин таркишҳо дар истгоҳҳои “Лубянка” ва “Боғи маданият” ҷони чанд нафарро гирифт, ки миёни онҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд.

Масъулияти ин ҳамларо роҳбари “Имороти Қафқоз” Доку Умаров ба дӯш гирифт ва онро “амали ҷавобӣ” ба амалиёти вижаи нерӯҳои федеролӣ дар деҳаҳои Аршти ва Датихи ноҳияи Сунженски Ингушистон, ки 11 феврали соли 2010 баргузор шуда буд, номид.

Соли 1696, дар ҳамин рӯз Исаак Нютон сармуҳосиби Корхонаи сикказании Лондон таъин шуд. Ӯ дар ҳамон даврон маоши фавқулода баланди 2000 фунт дар як сол мегирифт. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ пули Англия дар муддати кӯтоҳ аз нав сикка зада шуд, ки иқтисоди кишварро аз бӯҳрони коҳиши арзиши асъор наҷот дод.

Рӯзи 29-уми марти соли 1940 Бонки Англия аввалин пулҳои қоғазиро бо дараҷаи баланди дифоъ аз қалбакӣ сохтан ба муомилот баровард. Аз ҳамон вақт ба қоғази пулӣ риштаҳои тунуки металлии муҳофизатӣ илова гардиданд.

29-уми марти соли 1873 Лев Толстой ба навиштани романи “Анна Каренина” оғоз кард. Шоми он рӯз Толстой ба ҳамсараш саҳифаи дастнавис овард, ки дар он ҷумлаи маъруфи “Ҳама чиз дар хонадони Облонскиҳо омехта шуд” навишта шуда буд. Баъдтар, дар таҳрири ниҳоии роман, ин ҷумла ба ҷои дуюм гузашт. Толстой асарро моҳи апрели соли 1877 ба итмом расонд ва ҳамон сол он дар маҷаллаи “Русский вестник” ба нашр расид.

Соли 1886 як фармасевти амрикоӣ Ҷон Стит Пембертон барои дармони сардард шарбати махсусе ихтироъ кард, ки бо номи “Кока-Кола” маъруф шуд. Пас аз вафоти ӯ, соҳибкори дигар дорухати онро ба 2300 доллар харид ва дар тӯли даҳсолаҳои баъдӣ онро ба нӯшокии ҷаҳонӣ табдил дод.

Рӯзи 29-уми марти соли 1998 дар Лиссабон тӯлонитарин пули Аврупо, ки барои намоишгоҳи ҷаҳонии “ЭКСПО-98” сохта шуда буд, мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии умумии он 17 185 метр буда, қисми болои обаш 10 км-ро ташкил медиҳад. Баландии қисми марказии он 47 метрро ташкил медод, то киштиҳои бузург битавонанд аз зери он гузаранд.

ВАЗЪИ ҲАВО*


Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 21+23 гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 5+7º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 29 ба 30-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...