Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои таҷлили зодрӯзаш “дар доираи берун аз оила” ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин бора пулиси Суғд иттилоъ дода, аз соҳибкор Амирҷон Холматов ном бурдааст. Ӯ 29 сол дошта, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.
Ба иттилои манбаъ, Холматов рӯзи 1-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 15:00 дар қаҳвахонаи шахсии худ маъракаи зодрӯз баргузор ва онро тавассути пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.
Мақомот гуфтаанд, ки “чунин намоишкорӣ метавонад боиси пайравӣ шавад”.
Додгоҳ соҳибкорро бар асоси моддаи 481 (қисми 8)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нақзи талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 500 нишондиҳанда) ҷарима бастааст.
Назари худи Холматов ба ҳукми додгоҳ ва дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бояд гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шуда буд. Аз Раёсати муқовимат бо фасоди Оҷонсии зиддифасод дар нишасти матбуотии ахир дар моҳи феврали имсол гуфта буданд, ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.
Ин ниҳод гуфта буд, соли гузашта дар умум 25 ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро ошкор кардааст.
Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли 2025 ниҳоди зери роҳбариаш 830 ҳолати нақзи қонуни танзимро ошкор кардааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2024-ум (1 ҳазору 106) 276 адад кам аст. Ӯ ин коҳишро нишонаи беҳбуди вазъ арзёбӣ карда буд.





