“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Сайфиддин Қараев, asia+

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 1,44 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон омадаанд, ки мақсади сафари 950 ҳазор нафари онҳо дарёфти кор зикр шудааст. Дар ин бора нашрияи русиягии “Ведомости” бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия хабар медиҳад.

Ин тақрибан 15% камтар нисбат ба соли 2024 аст. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амнияти Русия он замон ҳудуди 1,7 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон (1,04 млн нафари онҳо муҳоҷирон) ба Русия ворид шуда буданд.

Русия ба тасдиқи созишномаи навшуда бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба кори муваққатӣ омодагӣ мегирад. Тағйирот аллакай аз ҷониби комиссияи ҳукумат тасдиқ шуда, барои тасдиқ пешниҳод мешаванд.

Санади мазкур ба рушди низоми ҷалби муташаккилона – механизме, ки дар он кормандони хориҷӣ ба кишвар назди корфармои мушаххас ба вазифа ва муҳлатии муайян меоянд, равона шудааст. Чунин тарзу равиш раванди муҳоҷиратро бояд бештар зери назорат қарор диҳад ва қонунӣ гардонад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, марҳилаҳои калидии омодагии кормандон дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ин ҷо кормандон метавонанд пешакӣ таҳсил кунанд, аз ҷумла забони русиро омӯхта, инчнуин аз забону таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Талаботи мазкурҷиҳати гирифтани патент барои кор зарур аст.

Ғайр аз ин, дар қаламрави ҷумҳурӣ номзадҳо, яъне хоҳишмандони кор санҷида мешаванд: ВКД Тоҷикистон ба санҷиши доғи судӣ доштан ва мавриди пайгард қарор доштани номзадҳо ва ҷониби Русия – ба ҷамъовоарии маълумоти биометрӣ, аз ҷумла изи ангуштон ва акс машғул мешавад.

Баргузории муоинаи тиббӣ, аз ҷумла гирифторӣ ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО ё худ ВИЧ) ҳамчунин пешакӣ тариқи муассисаҳои тиббии Русия ё намояндагии онҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти “Ведомости”, айни замон беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия машғули коранд. Гузаронидани қимате аз анҷоми расмиёт ба кишваре, ки аз он муҳоҷирон мераванд, тибқи арзёбии коршиносон, ба коҳиши сарборӣ ба хадамоти муҳоҷират ва кам шудани хавфҳои қонуншиканӣ зимни ба кор қабул шудан имкон медиҳад.

Санҷиши роҳандозии ҷалби муташаккилона аз соли 2027 дар бисёре аз минтақаҳои Русия (ба истинои шаҳр ва вилояти Маскав) ва давом додани он то соли 2029 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи он кормандони хориҷӣ ба кор кардан назди корфармои мушаххас ва бо шартҳои пешакӣ муқарраргардида уҳдадор мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.