Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба наворе, ки дар он иддао мешавад, аз истеъмоли доруи кирми рӯда бо номи “Албендазол” вазъи саломатии чанд хонандаи мактаб бад шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд, вокуниш кардаааст.
Чанд рӯз пеш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане бо ишора ба як мактабхони афсурдаҳол мегӯяд, баъди истеъмоли доруи “Албендазол”, ки барои нест кардани кирм пешбинӣ шудаааст, вазъи саломатии як хонандаи мактаб дар ноҳияи Фархор бад шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар изҳороте, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, ин иддаоро рад карда, дар беморхона бистарӣ шудани кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, рад кардааст. Манбаъ навиштааст, баъди баррасии ин навор маълум гардид, ки навори мазкур дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сабт шуда, шахси дар наворбуда ноболиғи 10-сола будааст.
“Ташхиси табибон муайян кард, ки номбурда на дар натиҷаи истеъмоли доруи Албендазол дилбеҳузур ва якбора бемор шудааст, балки номбурда гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 будааст, ки омили асосии ин навъи диабети қанд ирсӣ мебошад”,-гуфтааст вазорат.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 6 то 11-уми апрел “бо мақсади паст кардани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ” дар байни кудакони аз 7 то 14 солаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ бо доруи “Албендазол 400мг”” идома дорад, вале “ягон ҳолати ногувор пас аз истеъмоли он дар байни хонандагон рух надодааст.”
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки “ба ҳар гуна овоза ва ҳангомаҳои беасос нисбат ба хизматрасонии тиббӣ бовар накунанд”.
Ин бори аввал нест, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита ба паҳн шудани овозаҳо дар бораи зарари дору вокуниш мекунад. Қаблан, ин ниҳодба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” вокуниш карда, фавти кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, беасос хонда буд. Ахиран ин ниҳод, овозаҳо дар мавриди хона ба хона гаштани “як гурӯҳ табибони ношинос”-ро рад карда, навишт, ки дар кишвар “ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад”.


