Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:30 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии Афзалшоҳ Шодиев бо унвони “Дар домани баҳор” баргузор мешавад. Арзиши билет аз 60 то 150 сомонӣ буда, дар сомонаи ticketon дастрас аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯз ба оғози расмии пахши барномаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар Тоҷикистон пахши мунтазами барномаҳои радиоӣ 10-уми апрели соли 1930 оғоз ёфтааст. Радио дар он замон ягона василаи муҳими иттилоотрасонӣ, тарғибу ташвиқ, омӯзиш ва фароғати мардум ба ҳисоб мерафт.

Соли 1919 – Дар Самарқанд шумораи аввалини маҷаллаи тоҷикии “Шуълаи инқилоб” нашр шуд.

Соли 1993 – Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳамасола, 10-уми апрел дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои дохилии ВКД таҷлил мешавад.

Соли 2020 – Мақомоти Тоҷикистон барои вуруд ва хуруҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1938 – Зодрӯзи Карим Қосимов, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1938 – Мавлуди Марворид Қосимова, ҳунарпешаи тоҷик, коргардони филм, филмноманавис.

Марворид Қосимова соли 1962 Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, қариб 30 сол дар “Тоҷикфилм” ба сифати коргардон кор кардааст. Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Беларус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.

Дар “Тоҷикфилм” ҳам маҳсули кораш зиёд аст. Филмҳои бадеиаш – “Тобистони соли 43-юм”, “Ҷӯра-Саркор”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Чор нафар аз Чорсанг” (2 қисм), “Бофандадухтар”, “Буд-набуд, дар синфи якум буд”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Ишқ баъди сад сол” дар синамои тоҷик ҷои хос доранд.

Ӯ 4 июни соли 2024 дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Зодрӯзи Бозгул Додхудоева, омӯзгор ва сиёсатмадори тоҷик, собиқ вазири маориф ва муовини сарвазири Тоҷикистон.

Бозгул Додхудоева баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим, баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст.

Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор кард.

Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000-ум муовини сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.  

Аз ҷумлаи бонувони фаъол дар талоши сулҳ буд ва ягона зани узви Комиссияи оштии Миллӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Соли 1950 – Мавлуди Муҳтарам Ҳотам, шоир ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон.

Муҳтарам Ҳотам яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, дар нашриёти “Ирфон” ва “Адиб” ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба фаъолият карда, минбаъд дар вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаи матбуот, аз ҷумла сардабири ҳафтавори “Роҳи умед”, муовини сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” ва корманди фаъоли нашрияҳои ҷумҳуриявӣ буд. Солҳои 1983-1985 дар ҷанги Афғонистон ба ҳайси тарҷумон хидмат кардааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеъру публитсистика ва як қатор таҳқиқот аст. Аз ҷумла китобҳои “Камароб”, “Дилафшон”, “Сапеда”, “Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт”, “Чашморӯ”-ро таълиф кардааст.

Ҳамзамон, Муҳтарам Ҳотам дар таҳқиқи масъалаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Китобҳои ӯ чун “Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…”, “Канобад ва Райбат дар “Шоҳнома”, ва “Фасли пайванди вижаҳо” намунаҳои барҷастаи тадқиқоти илмии миллӣ ба шумор мераванд.

Соли 1956- Зодрӯзи  Мираҳмади Амиршоҳ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 1969 – Зодрӯзи Зикруллоҳ Ҳакимов, овозхон тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зикриоллоҳ Ҳакимов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияташро дар ансамбли халқии “Субҳи Данғара” ба сифати роҳбари бадеӣ оғоз намудааст. Баъдан ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст.

“Ватан”, “Ватандорӣ”, “Ҷигарам хун шудаву дар талаби дармон аст”, “Бозичаи қудрати Худоем ҳама”, “Чашм ба роҳат”, “Дардест дар ин дил”, “Аҳдат нашканӣ”, “Видоъ”, “Ёрам лаби бом” аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд.

Соли 1983 – Тӯрақул Зеҳнӣ, адабиётшинос, забоншинос, маорифпарвар ва шоири тоҷик дар 91-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1994 – Миратулло Атоев, оҳангсози маъруфи тоҷик дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.

Миратулло Атоев дар кӯдакӣ ятим монда, дар хонаи бачагони Кангурт ва Душанбе тарбия гирифтааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошканд буда, фаъолияти худро дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Баъдан дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко ба кор омада, соли 1971 директори мактаби миёнаи махсуси мусиқӣ, соли 1981 директори Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1985 роҳбари бадеии оркестри эстрадии “Гулшан” таъин гардид.

Солҳои баъдӣ дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дарс гуфтааст.

Миратуло Атоев дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ асарҳо офарида, муаллифи беш аз 70 мусиқӣ, чун “Таронаи рӯд”, “Тоҷикистон”, “Модарони интизор”, “Шаҳидони абадзинда”, “Навои дил” аст.

Инчунин барои бачаҳо беш аз 20 оҳанг, 21 пйесаи бачагона барои фортепиано эҷод карда, достони симфонии “Ба хотираи қаҳра­монони Сталинград”, сюитаи симфонии “Муш ва гурба”, кантатаҳои “Дар оғӯши Ватан”, “Кишвари азиз”, “Мо бачагони хушбахтем”, “Субҳи кишвари ман”-ро иҷро намудааст.

Миратулло Атоев соли 1994 дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Соли 2007 – Талабхӯҷа Сатторов, оҳангсози тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва раиси нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.

Талабхӯҷа Сатторов, бастакори машҳури тоҷик хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский буда, фаъолияти эҷодияшро аз муҳарририи шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанг оғоз кардааст. Дар вазифаҳои муҳими илмӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла ҳамчун декан, ректор ва раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то поёни умр ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.

Сатторов дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ – симфонӣ, кантата, баллада, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнавӣ асарҳои мондагор офаридааст. Операи “Рустам ва Суҳроб”, кантатаҳои “Арсаи ваҳдат”, “Ҷаҳони тоҷикон” ва сурудҳои “Таронаи Ватан”, “Ҷавонӣ” ва “Мо олами меҳрем” аз асарҳои намоёни ӯянд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 10 апрел Рӯзи байналмилалии ҳаракати муқовимат таҷлил мешавад ва ба хотири ҳамаи онҳое бахшида шудааст, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1939–1945) дар қаламравҳои зери ишғоли Рейхи Сеюм бар зидди фашистон муқовимат карданд.

10 апрел дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзи хоҳару бародарон таҷлил мегардад. Ин рӯз ҳадаф дорад анъанаи нек ва пуршарафи эҳтиром ба робитаҳои хешутабориро идома дода, муносибатҳои наздики байни хоҳару бародаронро таҳким бахшад.

Ташаббускори ин ид Клаудия Эварт буд. Вай дар синни ҷавонӣ бародару хоҳарашро аз даст дод. Ба хотири онҳо, Клаудия тасмим гирифт, ки ин идро роҳандозӣ кунад ва барои баргузории он санаи 10 апрел – рӯзи таваллуди хоҳарашро интихоб кард.

10 апрел соли 1710 дар Британияи Кабир “Ойинномаи малика Анна” – аввалин қонуни расмӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба иҷро даромад. Тибқи ин санад, муаллиф ҳақ дошт, ҳуқуқи истифодаи дастнависи худро барои муҳлати 14 сол ба фурӯш гузорад. Пас аз анҷоми ин муҳлат, ин ҳуқуқ ба муаллиф бармегашт ва ӯ метавонист онро боз барои ҳамин муҳлат дубора фурӯшад.

Ин қонун ба рушди босуръати нашри китоб мусоидат кард. Аммо таъсири муҳимтарини он ба матбуоти даврӣ буд. Қонун як қатор меъёрҳои асосии ҳимояи ҳуқуқи истисноии муаллифро муқаррар намуд, ки баъдан ба қонунгузории дигар кишварҳои буржуазӣ низ роҳ ёфтанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони суст борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони суст борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар доманакӯҳҳо  рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.