Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад. Бар асоси фармони президент, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) дар ин мавсим ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.

Тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ё пеш аз муҳлат ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд. Соли гузашта, “Азия-Плюс” бо Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи сарбозон дифоъ мекунад, суҳбат ва ба саволҳои муҳим дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кард, ки онро дубора бознашр мекунад.

 

Чӣ гуна метавон худро ба рӯйхати шахсони дорои квота ба хидмати пулакӣ номнавис кард ва ҳозир он чӣ қадар нарх дорад?

– Барои ба ин рӯйхат дохил шудан, ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат бодя кард. Дар он ҷо ба шумо дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тарзи қабули ариза маълумот медиҳанд. Маъмулан шиноснома, шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мақоми шуморо муайян мекунанд, талаб карда мешавад.

Арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад. Як нишондиҳанда барои ҳсиобҳо дар соли равон 78 сомонӣ аст ва тибқи он аризиши хидмати ҳарбии имсола 58 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

То замони нашри мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар бораи шумори квотаҳои ҷудошуда маълумот гирад.

 

Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, метавонанд ба артиш даъват шаванд?

– Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, барои ба таъхир гузоштани хидмат ҳақ надоранд. Барои ба таъхир гузоштани хидмат танҳо ба донишҷӯёни риштаҳои рӯзона ҳуқуқ дода мешавад. Аз ин рӯ, агар шумо фосилавӣ таҳсил дошта бошед, шуморо метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд.

 

Муаллимони деҳот ҳам ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд?

– Соли 2025 барои ҳифзи мақоми омӯзгор қонуни нав қабул шуд ва дертар дар асоси он ба қонуни хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии бархе омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони деҳот имтиёз дода шуд. Акнун танҳо он омӯзгороне, ки ду шарти зеринро доранд, аз хидмати ҳарбӣ дар давраи фаъолият озод мешаванд:

– якум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо) кор мекунанд;

– дуввум, дар равияи омӯзгорӣ таҳсил кардаанд.

Дигар категорияҳо, аз ҷумла омӯзгорони коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, ки бо дипломҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон ё дигар соҳаҳо дар мактабҳо кор мекунанд, ҳатто агар солҳо тадрис кунанд ҳам, ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб карда мешаванд.

Мард ду зан дошт, зани якумаш вафот кард. Аз зани якум якум писар ва аз зани дуюм 2 писар монданд. Писаре, ки модараш вафот кард, писари ягона шуморида мешавад? Ӯро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд?

– Не, ин писар ягона писари падараш шуморида намешавад, зеро ӯ аз зани дуюмаш боз ду фарзанд дорад. Ӯ метавонист барои модараш писари ягона ҳисобида шавад, агар пас аз ҷудошавӣ дигар фарзанд намедошт, вале чун ӯ вафот кард, наметавонад барои ҳеҷ кас ягона дониста шавад.

Ба ин тариқ, барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ ба ин писар ҳеҷ асосе нест.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Агар писар ба ҷойи хидмат ҳозир нашуда бошад, комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад, ки волидони ӯро ба ҳабс гирад?

– Комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, ки волидонро барои ба хидмат ҳозир нашудани фарзандшон ба ҳабс гирад ё ба ҷавобгарӣ кашад. Қонун талаб мекунад, ки волидон даъватномаро гирифта, бояд ба писарашон диҳанд. Агар ӯ дар хориҷи кишвар бошад, онҳо бояд ӯро дар бораи даъватнома огоҳ кунанд, масалан сурати онро фиристанд ё скан карда, онро ирсол намоянд.

Қобили зикр аст, ки маҷбур кардани волидон ё истифодаи таҳдид бо мақсади ба бозгашт маҷбур кардани писарашон ғайриқонунӣ буда, метавонад ҷиноят шуморида шавад. Волидон барои амалҳои фарзандони баркамол ҷавобгар нестанд.

 

Ман бемории сил дошта, дар Русия қарор дорам. Агар барои табобат ба Тоҷикистон равам, маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

– Ин ба вазъи солимӣ ва навъи бемории сил вобаста аст. Агар шакли кушодаи бемории сил бошад, дар ин ҳолат шуморо ба хидмат даъват намекунанд, зеро чунин беморӣ барои атрофиён хатарнок буда, муолиҷаро талаб мекунад.

Дар шакли пӯшидаи бемории сил даъват карданашон имкон дорад, вале ба вазъи солимӣ вобаста аст. Агар беморӣ муътадил шудаву душвориҳои ҷиддӣ надорад, шуморо метавонанд даъват кунанд. Аммо агар аломатҳои раванди фаъол ё бад шудани вазъ ба мушоҳида расад, ба гумони ғолиб, шумо аз хидмат озод карда мешавед.

 

Мо дар оила 2 писарем. Падарам маъюби гурӯҳи 1-ум ва бародарам маъюби гурӯҳи 2-юм мебошад. Маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

– Муайян кардан лозим аст, ки бародаратон маҳз чӣ гуна маъюбӣ дорад ва то чӣ андоза коршоям аст. Ба назар гирифтан муҳим аст, ки оё боз дигар аъзои оила ҳастанд, ки ёрӣ расонида тавонанд.

Агар дар оила модари солим бошад, даъватшаванда бо сабаби нигоҳубини аъзои оила наметавонад барои хидмат таъхир гирад ё аз хидмат озод карда шавад. Даъватшаванда дар ҳолате таъхир гирифта метавонад, ки агар аъзои оиларо, ки худро нигоҳубин карда наметавонад ё таҳти сарпрастии давлат қарор дорад (масалан, дар хонаи маъюбон ё пиронсолон), зери нигоҳуюину ғамхорӣ дошта бошад.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Ман дар артиши Русия хидмати ҳарбӣ адо кардам, оё дар Тоҷикистон низ бояд хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунам?

– Агар шумо дар артиши Русия хидмат карда бошеду душаҳрвандӣ (Тоҷикистону Русия) доред, шуморо лозим нест, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунед. Дар қонун дар бораи душаҳрвандӣ байни ду кишвар муқаррар шудааст, ки шаҳрвандоне, ки хидмати ҳатмии ҳарбӣ ё алтернативиро дар як аз кишварҳо адо карда бошанд, аз хидмат дар кишвари дигар озод карда мешаванд.

Барои ин шуморо лозим аст, ки шаҳодатномаи ҳарбиатонро ба комиссариати ҳарбӣ дар маҳалли зистатон дар Тоҷикистон пешниҳод намоед.

 

Ятимони кулл низ бояд хидмат кунанд?

Ятимони кулл ҳам мисли ҳамаи шаҳрвандон бо асосҳои умумӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Ҳатто агар онҳо писарони ягона бошанд ҳам, мақоми ятим онҳоро аз даъват озод намекунад.

Барои писари ягона ҳисоб шудан, яке аз волидон бояд зинда бошад ва фарзанди дигар надошта бошад.

 

Барои хидмат дар артиш қади мард бояд чӣ қадар бошад? Дар ин ҷо ягон маҳдудият ҳаст?

– Ин ҷо дарозии қад начандон ба назар гирифта шуда, балки таносуби он бо вазн муҳимтар мебошад. Масалан, агар қади мард дарозу лекин вазнаш хеле сабук бошад, ин метавонад барои корношоям ҳисобидани ӯ ба хидмат асос шавад.

Дар ҳамин ҳол, агар қади мард паст бошаду, лекин вазниш ба меъёр мувофиқ ва вазъи солимиаш хуб бошад, ӯ метавонад ба хидмат коршоям дониста шавад.

Лекин барои баҳодиҳии дақиқии вазъи солимӣ ва мувофиқат ба меъёрҳо беҳтараш аз мутахассиси тиббӣ машварат гирифтан лозим аст.

 

Ман 17-солаам, метавонам ихтиёрӣ ба хидмат равам?

– Дар 17-солагӣ шумо ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта наметавонед, зеро аз 18-солагӣ дар артиш хидмат кардан имкон дорад. Дар қонунгузорӣ имкони хидмат то расидан ба ин синнусол пешбинӣ нашудааст. Ғайр аз ин, муҳим аст, ки ба хидмат шумо бояд натанҳо аз лиҳози ҷисмонӣ, балки аз нуқтаи назари маънавӣ ва рӯҳӣ омода бошед.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Дар рӯзи 27-солагиам маро ба артиш даъват карда метавонанд?

– Не, дар рӯзи ба 27-солагӣ расидан, шуморо ба ҳайати захиравӣ шомил мекунанд ва шумо даъват намешавед.

Ман маълумоти олӣ дорам, бояд чӣ қадар вақт хидмат кунам?

– Муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ надоранд, 24 моҳ ва шахсони дорои маълумоти олӣ 12 моҳро ташкил медиҳад. Аммо қобили зикр аст, ки ба имкони гирифтани таъхир ё озодӣ аз хидмат омилҳои гуногун, аз қабили вазъи оилавӣ ва вазъи солимии даъватшаванда таъсир расонида метавонанд.

Сарфи назар аз асосҳо барои таъхир ё хоҳиши хидмат, талаботи тиббӣ ва вазъи солимии ҳар як даъватшавандаро ба инобат гирифтан зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.