Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

asia+, бо истифода аз маводи расонаҳо

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он ки Алии Лориҷонӣ, дабири пешини Шӯрои миллии амнияти Эрон ва яке аз чеҳраҳои матраҳи ин кишвар кушта шуд, садои Қолибоф пуриқтидортар шунида мешавад. Бархе расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки Амрико маҳз Муҳаммадбоқир Қолибофро ҳамчун номзад барои музокирот интихоб кардааст. Худи Қолибоф ин иддаоро рад кард ва эълом кард, ки “ҳеҷ музокирае ҷараён надорад”. Аммо гуфтугузорҳо атрофи номи ӯ то ҳол идома дорад.

Қолибоф кист ва дар низоми сиёсии Эрон чӣ нақш дорад ва то куҷо гуфтугузорҳо атрофи номи ӯ воқеӣ аст? Кӯшиш кардем ба ин саволҳо посух дарёфт кунем.

Чад рӯз пеш, CNN, Politico, Fox News бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки Амрико Муҳаммадбоқир Қолибофи 64-соларо ҳамчун як тарафи музокирот медонад. Кохи сафед расман дар ин бора хабар надодааст. Ваде худи Қолибоф дар саҳифаи “Х” худаш ин сару садоҳоро рад кард ва навишт, ки “ҳеч музокира бо Амрико анҷом нашуда, ин иддао хабари дурӯғ барои таъсиргузорӣ рӯйи бозорҳои молӣ ва нафт аст”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф
Акс аз маннбаъҳои боз

Дар маҷмуъ, хабарҳои зиддунақиз дар бораи оғози музокирот ва ҳатто пешниҳоди рӯйхати талаби тарафҳо барои оғози он расонаӣ шудааст. Ҳарду тараф расман дар ин бора чизе нагуфтаанд. Вале гуфтугузорҳо атрофи номи Қолибоф бештар мешавад.

Аз фармондеҳи Сипоҳи посдорону шаҳрдори Теҳрон то раиси Маҷлис

Муҳаммадбоқир Қалибоф, сиёсатмадори муҳофизакор ва яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар Эрон аст, ки таҷрибаи васеъ дар соҳаҳои низомӣ ва шаҳрвандӣ дорад ва беш аз 40 сол дар вазифаҳои сиёсӣ ва амниятӣ кор кардааст. Вай солҳо бо раҳбари олии Эрон ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ пайванди наздик дошту дорад. Ӯро яке аз ёрони Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон медонанд.

Ӯ, ки соли 1961 дар Турқабаи Машҳад таваллуд шудааст, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар давраи ҷанг бо Ироқ буд ва дар тӯли фаъолияти худ бисёре аз ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро роҳбарӣ кардааст.

Қолибоф вақте ки ӯ 22-сола буд, фармондеҳи қушун шуд.
Акс аз GHALIBAF.IR

Вақте ки ӯ ба Сипоҳи посдорон пайваст, синнаш камтар аз 20 буд ва дере нагузашта, фармондеҳи дастаи “Имом Ризо”, яке аз қӯшунҳои асосии Хуросон шуд.

Чанде пас, дар синни 22-солагӣ, ӯ ҷавонтарин фармондеҳи дивизияи навтаъсиси “Наср”, ки аз якчанд дастаҳои ҷангии Хуросон иборат буд, таъйин гардид.

Ӯ ин мақомро то охири ҷанг қариб ишғол кард ва пас аз ҷанг, фармондеҳи дивизияи 25-уми Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар Карбало шуд. Вақте ки пас аз ҷанг ба Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рутбаи муодили артиш дода шуд, ба фармондеҳони қушунҳо рутбаи генерал дода шуд ва Қолибоф, ки ҳанӯз 30-сола набуд, яке аз ҷавонтарин генерал шуд. Ӯ инчунин муддате пас аз ҷанг ба ҳайси муовини фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Басиҷ кор кардааст.

Қолибоф соли 1994 фармондеҳии пойгоҳи бозсозии “Ҳотам-ул-Анбиё”-ро ба ӯҳда гирифт, вақте ки он яке аз шохаҳои иқтисодии Сипоҳи посдорон буд. Се сол пас (1997), фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ шуд. Дар ин давра ӯ инчунин идораи ҳавопаймоҳои мусофирбарро омӯхта, дар Фаронса курси идораи ҳавопаймоҳои Airbus-ро хатм карда, халабони ширкати ҳавопаймоии Эрон шуд.

Соли 1999 дар қатори фармондеҳони дигари Сипоҳи посдорон, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ дар номае ба раисҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммад Хотамӣ эътирози донишҷӯён дар он солро таҳдид ба амнияти миллӣ дониста, дахолати мустақилонаи Сипоҳро дар хомӯш кардани он зарурӣ номид. Ӯ як сол пас, соли 2000-ум фармондеҳи пулис шуд ва то соли 2004 дар ин мақом кор кард.

Қолибоф аз соли 1990 то 2005 фармондеҳи нерӯҳои пулис буд.
Акс аз GHALIBAF.IR

Пас аз ин, бо фармони Муҳаммад Хотамӣ, раисҷумҳури вақти Эрон, сардори Ситоди мубориза бо қочоқи мол ва асъор шуд ва як сол дар ин мақом кор кард. Баъди шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005, шаҳрдори Теҳрон шуд ва то соли 2017 дарозумртарин шаҳрдори пойтахти Эрон буд. 

Ӯ ҳадафи асосии худро дар шаҳрдорӣ табдил додани он аз як муассисаи хидматрасонӣ ба як муассисаи иҷтимоӣ ва кӯтоҳ кардани масофа байни ҷануб ва шимоли Теҳрон медонист. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ба Аҳмадинажод-не, ба Қолибоф-ҳа. Танҳо 6 номзад ба интихоботи президентии Эрон роҳ ёфтанд

Шикаст дар чаҳор интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Қалибоф бо таърихи фармондеҳии Сипоҳи посдорони Эрон, нерӯҳои пулис ва 12 сол шаҳрдори Теҳрон, ба як шахсияти маъруф табдил ёфт ва соли 2020 раиси парлумон шуд. Ӯ чаҳор маротиба номзад ба мақоми раисҷумҳури Эрон буд ва дар марҳалаҳои гуногун ноком шуд.

Аз ҷумла, ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005 бо 13,8 фоизи овозҳо дар ҷои чорум қарор гирифт. Дар он вақт, ӯ аз дастгирии васеъ дар байни ҷавонон бархӯрдор буд. Дар корзори пешазинтихоботиаш бо сабки муосир пайдо мешуд: аксбардорӣ бо костюми сафед, либоси халабон бо айнаки офтобӣ ва нишастан дар кабинаи ҳавопаймои Airbus. 

Аммо ин усул дар ниҳоят баръакс натиҷа дод ва дар ниҳоят боиси шикасти ӯ дар интихобот аз ҷониби номзади муҳофизакортар Маҳмуд Аҳмадинажод гардид. Муҷтабо Хоманеӣ, ки он вақт рӯҳонии ҷавон ва ҳоло раҳбари нави олии Эрон аст, аз Аҳмадинажод дастгирӣ кард.

Дар интихоботи соли 2013 бо 16,6 фоизи овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт ва аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Ҳасани Рӯҳонӣ
Акс аз манбаъҳои боз

Ин интихоботро, ки дар таърихи Эрон ёздаҳум буд, яке аз пуртазодтарин интихоботҳо дар Ҷумҳурии Исломӣ меноманд. Панҷ номзади муҳофизакор бо ду номзади ислоҳотхоҳ ва мӯътадил байни ҳам рақобат карданд.

Пеш аз оғози бақайдгирӣ, шумораи номзадҳои муҳофизакор ба қадри кофӣ зиёд буд, ки якчанд эътилоф ташкил диҳанд. Яке аз муҳимтарин эътилофҳо, ки бо номи 2+1 маъруф аст, аз ҷониби Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил, Алиакбар Вилоятӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф ташкил карда шуд. Нақша буд, ки яке аз ин се нафар дар ниҳоят интихоб шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Аммо ихтилофот боис шуд, ки ҳар се нафар дар баҳс рӯ ба рӯ шаванд. Дар яке аз баҳсҳои пешазинтихоботӣ, ки Қолибоф, Вилоятӣ ва Ҳаддоди Одил ширкат доштанд, якдигарро чунон танқид карданд, ки Муҳсин Ризоӣ, номзади дигаре, ки дар баҳс ҳузур дошт, аз ин се нафар пурсид, ки чӣ гуна онҳо бо чунин ихтилофоти асосӣ эътилоф ташкил кардаанд.

Ҳаддод Одил пеш аз раъйдиҳӣ аз номзадии худ даст кашид ва чаҳор номзади дигари муҳофизакор раъйҳои ҷонибдорони ин ҷиноҳро байни худ тақсим карданд.

Аммо, раъйи умумии ҳамаи муҳофизакорон дар он давра ба 50% нарасид ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар марҳилаи аввал рақибони худро мағлуб кард ва президент шуд.

Муртазо Талъаӣ, раҳбари маъракаи интихоботии ҷаноби Қолибоф, шикасти худро ба тағйири ногаҳонии афкори умум дар рӯзҳои охир рабт дод, вақте ки онҳо ногаҳон масъалаҳои ҳастаӣ, таҳримҳо ва сиёсати хориҷиро авлавият доданд. Ба андешаи ӯ, Ҳасан Рӯҳонӣ барномаҳои наздиктаринро ба ин масъалаҳо дошт.

Қолибоф дар интихоботи соли 2017, ба фоидаи Иброҳим Раисӣ номзадиашро бозпас гирифт ва пас аз марги Раисӣ, дар интихоботи пешазмуҳлати соли 2024, ки бо пирӯзии Масъуд Пезишкиён, номзаде, ки аз ҷониби ислоҳотгароён дастгирӣ мешуд, ба анҷом расид, дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Баъди шикаст дар интихоботи соли 2017, бо бештарин раъй ҳамчун аввалин номзад аз Теҳрон ба парлумон ворид шуд ва бо фармони Алии Хоманаӣ, роҳбари олии вақти Эрон узви комилҳуқуқи он таъйин шуд. Баъди 3 сол раиси парлумон ё Маҷлиси Эрон интихоб шуд.

Сиёсатмадори хашин ва ходими низом

Аз ӯ як сиёсатмадори муҳофизакор ва дар айни ҳол хашин ёд мекунанд. Ӯ дар пароканда кардани эътирозҳо, аз ҷумла нооромиҳои донишҷӯён дар соли 1999 нақш бозидааст ва дар айни замон кӯшиш кардааст, ки худро ҳамчун як маъмури қодир барои рафъи мушкилоти иқтисодии Эрон муаррифӣ кунад.

Мухолифонаш Муҳаммадбоқир Қалибофро солҳо боз ба фасод муттаҳам мекунанд, аммо ин иттиҳомот ҳеҷ гоҳ дар додгоҳ таҳқиқ нашудаанд. Дар соли 2012 хабарҳо дар бораи “сафари хариди боҳашамат”-и оилаи ӯ ба Истанбул, дар замоне, ки эрониҳо зери фишори таҳримҳо ва таваррум қарор доштанд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хашмгин карданд.

Дар бӯҳрони кунунӣ, ӯ ҳамчун миёнҷигаре дида мешавад, ки метавонад табақаи сиёсӣ, сохтори рӯҳонӣ ва дастгоҳи амниятиро бо ҳам пайваст кунад. Ба назар мерасад, ки ӯ пас аз кушта шудани шахсиятҳои калидӣ дар Эрон, махсусан баъди қатли Алии Лориҷонӣ, нақши ҳамоҳангсозро дар маркази қабули қарорҳо ба ӯҳда гирифтааст.

Алии Хоманаӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф
Акс аз leader.ir

Бо вуҷуди тахминҳо дар бораи нақши эҳтимолии ӯ ҳамчун музокиракунанда дар хориҷа, бисёриҳо бар он ақидаанд, ки танҳо ӯ салоҳияти низомӣ ё диниро надорад, ки тамоми сохтори қудратро дар Эрон тасаллӣ диҳад. Ӯ дар ниҳоят дар дохили шабакаи васеътари қудрат, ки аз ҷониби мақомоти амниятӣ ва фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ташкил шудааст, фаъолият мекунад ва одатан нисбат ба масъалаҳои роҳбурдӣ равиши нисбатан ҳамоҳанг дорад.

Бо назардошти ин нукта, наметавон гуфт, ки Қолибоф он нафаре аст, ки дар шароити кунунӣ бидуни мувофиқа бо нерӯҳои аслии мудир бар низом дар Эрон, тасмими ниҳоӣ бигирад. Ӯ як ходими низом аст ва ҳар тасмиму ҳарфи худро дар доираи сиёсати муайянкардаи он ва ба нафъи он хоҳад гирифт ва гуфт. Низоме, ки Амрикову Исроил аз оғози ҷанг талош доранд суқут диҳанд, аммо ноком шудаанд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бахши махсуси “Азия-Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...