Home Blog

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

0

Наврӯз, ки ин шабу рӯзҳо ба унвони як ҷашни байналмилалӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз бузургтарин ҷашнҳоест, ки ниёгони мо дар таърихи куҳани башарӣ офаридаанд.

Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардумони мост, ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. 

Наврӯз воқеан ҷашни навшавии ҳаёти табиӣ аз рӯйи гардиши нуҷумӣ аст ва баёнгари он аст, ки ниёгони мо аз оғози таърих мардумони мутамаддин ва илмдоре буданд, ки илмитарин ҷашни дунёро асос гузоштанд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шумо мардуми шарифи кишвар, хонандагону ҳаводорони худ дар сар то сари оламро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик мегӯяд ва чун фалсафаи Наврӯз навшавии зиндагиву кору рӯзгор ва фикру мафкураву дидгоҳҳоро бароятон орзу мекунад.

Бо эътиром Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026

0

Имрӯз дар Тоҷикистон иди Рамазон таҷлил мешавад. Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Фитрро ба Шумо муборакбод мегӯянд

Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар пойтахт бинои нави маҷмааи “Vefa Center” кушода шуд.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман боз кард.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки ҳамасола 20-уми март Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта шавад.

Соли 2019 – Барқарорсозии НБО “Норак” оғоз ёфт.

Соли 2020 – Ба сокинони Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар пандемия, намозҳои дастаҷамъонаро дар масҷидҳо анҷом диҳанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Файзулло Ансорӣ, шоир ва драматурги тоҷик.

 

Файзулло Ансорӣ пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг фаъолият кардааст.

Ансорӣ бо шеър ва драмаҳои манзумаш шинохта шудааст. Китоби аввалини ӯ "Калхот ва кабӯтарон" ва маҷмӯаи "Гулдастаи дӯстӣ" мавқеи ӯро дар адабиёти муосири тоҷик устувор намуданд. Драмаҳои ӯ дар рушди театри тоҷик нақши муҳим доштанд.

Файзулло Ансорӣ 28 апрели соли 1980 дар Душанбе вафот кард. Ӯ ҳамчун шоири лирик ва драматург дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.

Соли 1932 – Зодрӯзи Асадулло Сӯфизода, олим ва фолклоршинос.

Соли 1940 – Мавлуди Ҷӯрахон Обидпур, навозанда ва оҳангсози суннатии тоҷик.

 

Ҷӯрахон  Обидпур соли 1960 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1965 факултаи созҳои халқии Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ дар рушди санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони созҳои миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай зиёда аз 100 суруд, аз ҷумла сурудҳои бачагона эҷод кардааст. Ҳамчунин, муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла "Дарси рубоб" мебошад.

Соли 1941 – Зодрӯзи Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик.

 

Убайдулло Раҷабов ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик буда, яке аз бунёдгузорони театри мазҳакавӣ ва ҳаҷвии муосир дар кишвар дониста мешавад.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ оғоз карда, бо нақшҳои ҷолиб ва таҳамтанаш дар саҳна ва синамо шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ театри мазҳакавии мустақили худ бо номи “Оина”-ро таъсис дод, ки дар рушди ҳаҷви иҷтимоӣ саҳми муҳим гузошт.

Раҷабов бо иҷрои нақшҳои хотирмон, ки ҳам мардумро механдонд ва ҳам ба андеша водор мекард, дар ду низоми сиёсӣ – шӯравӣ ва истиқлолият – маҳбубияти васеъ пайдо кард. Ӯ дар бораи ҷомеа ва мушкилоти он бо ҷасорат сухан мегуфт ва тавассути санъати худ паёмҳои муҳим мерасонд.

Ин ҳунарманди пуровоза 1-уми июли соли 2021 ба синни 80 расид ва чанде баъд бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақшҳо ва фаъолияти ӯ дар таърихи театру синамои тоҷик мероси арзанда боқӣ мемонад.

Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.

Соли 1942 – Мавлуди Парвонахон Ҷамшедов, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1953 – Зодрӯзи Эшони Нуриддинҷон, воъиз, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода.

Соли 1958 – Мавлуди Ҷумъа Қуддус, нависанда, драматург ва тарҷумони тоҷик.

 

Ӯ соли 1979 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла матбуот, телевизион ва театр фаъолият кардааст.

Муаллифи зиёда аз сад асари саҳнавӣ ва китобҳои гуногун, аз ҷумла "Кори нотамом" (1982), "Мардҳо намегирянд" (1991), "Воқеа, вақт, одамон" (1997), "Роҳи наҷот" (2003) мебошад. Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо Муҳаммадкарими Карим романҳои таърихии "Ҳасрати Зардушт" ва "Биҳишти гумшуда"-ро иншо кардааст.

Намоишномаҳояш борҳо дар озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоиза гардидаанд. Илова бар ин, силсилафилми машҳури "Ширин" ба қалами ӯ тааллуқ дошта, аз машҳуртарин филмҳои тоҷикии аввали солҳои 2000-ум маҳсуб мешавад.

Соли гузашта "Азия-Плюс" ба ифтихори 66-солагии Ҷумъа Қуддус оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ӯ мусоҳиба анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.

Соли 1958 – Зодрӯзи Зайд Саидов, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик.

 

Зайд Саидов соҳибкори маъруф ва сиёсатмадори тоҷик мебошад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1976 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ ва тахассуси банақшагирии саноат хатм намуд.

Дар давоми солҳои 1992–1997 Зайд Саидов дар фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва баъдан ба хизмати давлатӣ гузашт. Ӯ аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2013 эълон кард, ки ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" таъсис медиҳад, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ тамаркуз дошт. Пас аз ин, ӯ бо фишорҳо рӯбарӯ шуд ва дар моҳи майи ҳамон сол боздошт гардид.

Дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳомоти қаллобӣ, бисёрзанӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан, бо иловаи иттиҳомоти дигар, муҳлати зиндони ӯ ба 29 сол расид.

Соли 1989 – Мавлуди Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони шинохтаи тоҷик.

 

Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.

Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.

Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Дар бораи фаъолияти ин ҳунраманди ғурамарг, ки маргаш "ба мотами миллӣ бадал шуду тоҷикон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сӯги ӯ ба паҳнаи рухсор мегиристанд", дар ин мавод хонед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ин рӯзро соли 2012 бо мақсади эътирофи аҳамияти хушбахтӣ дар зиндагии ҳар як инсон ва дастгирии андешае, ки талош барои хушбахтӣ эҳсоси умумии тамоми мардуми сайёра аст, эълон кардааст.

 

Рӯзи 20-уми март бо ташаббуси СММ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Дар тақвими ҷашнҳои байналмилалӣ ду Рӯзи Замин мавҷуд аст: яке, ки бо Рӯзи баробаршавии баҳорӣ (эътидоли баҳорӣ) 20-уми март рост меояд ва дигаре 22-юми апрел. Аввалӣ хусусияти сулҳпарварӣ ва башардӯстона дорад, дувумӣ –хусуситяи экологӣ.

 

Аз соли 2010 инҷониб 20 март ҳамчун Рӯзи забони фаронсавӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо Рӯзи байналмилалии Франкофония рост меояд. Франкофония созмони байналмилалии ҳамкории кишварҳои фаронсавизабон буда, 88 узвро дар бар мегирад. Забони фаронсавӣ яке аз шаш забони расмии СММ мебошад ва онро тақрибан 320 миллион нафар дар саросари ҷаҳон истифода мебаранд.

 

Имрӯз инчунин Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт аст. Аз соли 1985 инҷониб дар бисёр кишварҳо 20 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мағозаҳо ва тарабхонаҳо аз фурӯши гӯшт худдорӣ мекунанд ва фаъолон тарзи ҳаёти гиёҳхӯриро тарғиб мекунанд.

 

Ҳар сол 20 март бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии стоматология (FDI) дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии саломатии даҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадафи ин рӯз ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҷаҳонии марбут ба саломатии даҳон, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ, муайянсозии барвақт ва табобати бемориҳои даҳон, инчунин омилҳои хавфноке мебошад, ки боиси рушди онҳо мегарданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи  кӯҳӣ  баъзан борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда рӯзонаи ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 1+3º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

0

Ҳамватанони гиромӣ, хонандагону корбарони гиромиву гаронмояи "Азия-Плюс"!

Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Рамазонро ба Шумо муборакбод мегӯянд

Моҳи Рамазон, ки як моҳи имтиҳону риёзати имону тақвои бандагон дар баробари Худованди боргоҳи саодат ва манбаи қудрат аст, бо хубиву хушӣ сипарӣ шуд. Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!

Мо барои якояки Шумо ва хонаводаҳои муҳтарами Шумо ин иди бузургро муборакбод мегӯем ва орзуи муваффақияту сарбаландии Шуморо дорем!

Бо эҳтиром Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон

0

Сокиноне, ки ин шабу рӯз аз Душанбе ба Кӯлобу Фархору Бохтар ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон сафар мекунанд, аз гарон шудани қимати роҳкиро дар арафи иди Рамазон шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 70-80 сомонӣ аз Душанбе ба Кӯлоб раванд, ҳоло роҳкиро дар ин масир то 130-150 сомонӣ расидааст.

Мусофирон ин афзоишро ба иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз рабт дода, мегӯянд, ронандаҳо ба таври сунъӣ нархро гарон мекунанд, вале ронандаҳо баҳона пеш меоранд, ки аз он тараф мусофир нест, ба ин хотир нархро баланд кардаанд.

Шаҳрвандон ба ин иддаои ронандагон бовар надоранд ва мегӯянд, он баҳонае беш нест ва ҳар сол дар арафаи иду ҷашнҳо ронандагон нархи роҳкироро гарон мекунанд. Онҳо мегӯянд, бояд мақомоти дахлдор ин масъаларо санҷида, назорат кунанд.

Мусофироне, ки ба ҷануби кишвар сафар доранд, мегӯянд ду рӯзи охир роҳкиро аз Душанбе ба Кӯлоб аз 150 то 200 сомонӣ, ба Фархор аз 130 то 150 сомонӣ, ба Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 120 то 150 сомонӣ, ба Восеъ то 150 сомонӣ, ба Бохтар то 80-90 сомонӣ гарон шудааст.

Гузориши моро дар инҷо тамошо кунед:

Роҳкиро ба ҳамаи минтақаҳо гарон шудааст. Сокинон ронандагонро ба беинсофӣ ва худсарона боло бурдани роҳкиро муттаҳам мекунанд. Ронандагон бошад, арзиши маводи сӯхту вазъи роҳ ва бидуни мусофир баргаштан аз дигар самтро баҳона мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бозор озод аст ва мақомот наметавонад роҳкироро танзим кунад.

Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот

0

Бо ворид шудан ба рӯзи 20-уми ҷанг дар Эрон, ин кишвар кушта шудани вазири иттилоот (истихборот)-и худро тасдиқ кард. Сипоҳи посдорон дар посух ба ҳамлаи Исроил ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, шаби гузашта чанд пойгоҳи нафту газ дар кишварҳои Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Мттаҳидаи Арабиро ҳадаф дод ва Амрикову Исроил бори аввал ба шимоли Эрон ҳамла кардаанд.

 

Ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва вокуниши Пизишкиёну Трамп

Шаби гузашта, пас аз ҳамла ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, Сипоҳи посдорони Эрон дар як баёнияи фаврӣ ба Қатар, Арабистон ва Иморот ҳушдор дод, ки сокинони наздик ба таъсисоти нафту гази худро тахлия кунанд.

Пеш аз ин, Сипоҳ гуфта буд, ки агар Амрикову Исроил ба таъсисоти нафтӣ, энержӣ ва иқтисодии Эрон ҳамла кунанд, “тамоми таъсисоти нафтӣ ва энержии минтақа, ки бо саҳмияи амрикоиҳо фаъолият мекунанд, ҳадафи онҳо хоҳад буд”.

 

Дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба таъсисоти нафтии ин кишварҳои Халиҷи Форс, Қатар эълон кард, ки корхонаи асосии гази ин кишвар – “Рас Лаффон” дар пайи ин ҳамлаҳо “хисороти густарда” дида, фаъолияти он қатъ шудааст.

Ҳукумати ин кишвар, ҳамла ба таъсисоти газашро маҳкум кардааст ва дар ҷавоб кормандони бахши низомӣ ва амниятии Сафорати Эрон дар Давҳаро аз кишвараш ихроҷ кардааст.

Эрон дар бораи ҳамлаи шаби гузаштааш ба таъсисоти нафтии Арабистон ва Иморот иттилоъе надодааст. Ин ду кишвар ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп пас аз ҳамлаи рӯзи гузашта ба таъсисоти нафтии Порси Ҷанубӣ ва Асалуя гуфтааст, ки “Амрико аз ин ҳамла хабар надошт” ва Қатар низ аз ин ҳодиса огоҳ набуд.

Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, дигар Исроил ба Порси Ҷанубӣ ҳамла нахоҳад кард, агар Эрон дигар ба таъсисоти гази Қатар ҳамла накунад.

Масъуд Пизишкиён ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва энержии Эронро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки ҳамла ба чунин зерсохтҳо “шароитро печидатар карда ва метавонад, паёмадҳои хориҷ аз идора ба дунбол дошта бошад, ки домаи он ҳамаи ҷаҳонро даргир мекунад”.

Сипоҳи посдорони Эрон низ ҳушдор додааст, ки агар дубора ба таъсисоти нафтии Эрон ҳамла шавад, нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ посухи аз ин сахтаре хоҳад дод.

Пас аз ин изҳоротҳо, рӯзи 19-уми март Қатар хабар дод, ки дубора таъсисоти гази “Рас Лаффон” мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст. Ин ҳамла боиси сухтор ва хисороти бузург шудааст.

Ба ҷуз ин, ба як ширкати нафти вобаста ба “Саудӣ Арамко”-и Арабистон ва як ширкати амрикоӣ дар соҳили Баҳри Сурх низ ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаҳо ҳоло маълум нест.

Дар пайи танишҳои ахир, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба 114 доллар барои як баррел афзоиш ёфт.

 

Эрон кушта шудани Исмоил Хатибро тасдиқ кард

Ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии ҷонибҳо дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон тасдиқ кард, ки Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот) дар пайи ҳамлаҳои шаби  17 ба 18-уми марти Исроил ба Теҳрон кушта шуд.

Исмоил Хатиб баландтарин мақоми амниятии Эрон буд ва дар роҳбарии сохторҳои иктишофӣ ва зиддиҷосусии ин кишвар нақши муҳим мебозид.

 

Ӯ пас аз Азиз Носирзода, вазири дифои Эрон дуввумин вазири Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки дар ҳамлаҳои ахири Амрикову Исроил кушта мешавад.

Исмоил Хатиб дар замони раёсатҷумҳурии Иброҳим Раисӣ моҳи августи соли 2021 ба мақоми вазири иттилооти Эрон интихоб шуд ва ин мақомро дар давраи раисҷумҳурии Масъуд Пизишкиён низ нигоҳ дошт. Номбурда 65 сол дошт.

Зимнан, Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон дар ду номаи ҷудогона кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони Басиҷро таслият гуфтааст.

 

Аввалин ҳамла ба шимоли Эрон

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ба чанд шаҳр ва як бандар дар вилояти Гелони Эрон ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест, вале ин аввалин ҳамлаи Амрикову Исроил ба шимоли Эрон аз оғози даргирӣ бо ин кишвар аст.

Ҳамчунин, хабаргузории “Форс” шаби гузашта навист, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба минтақаи маскуние дар Теҳрон як кӯдаки 3-моҳа кушта шудааст. Раиси низоми пизишкии Эрон гуфтааст, ки дар давоми ҳамлаҳо 20 беморхона осеб дида, беморхонаи “Гандӣ”-и Теҳрон пурра аз кор мондааст.

 

Сипоҳи посдорони Эрон низ, шаби гузашта ва субҳи 19-уми март аз ҳамлаҳои ҷадид ва муштарак бо “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил хабар додааст.

“BBC” гузориш медиҳад, ки мушакҳо ба як минтақае дар Тел-Авив осеб расондааст. Ҳамчунин, дар зарбаҳои рӯзи 18-уми марти Эрон ба фурудгоҳи Бен-Гуриони Тел-Авив се ҳавопаймо осеб дидааст.

 

“Пешниҳоди Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Амрико метавонист аз ҷанг пешгирӣ кунад”

Дар ҳоле, ки ҷанг дар Эрон ва таниш дар минтақаи Ховари Миёна авҷ мегирад, гуфтугузорҳо дар бораи пешгирии он зиёд мешавад. Аз ҷумла, рӯзномаи бритониёии “Гардиан” аз қавли мушовири амнияти миллии Бритониё менависад,  ки “пешниҳодҳои Эрон дар даври охири музокироти ҳастаӣ ба қадре қобили таваҷҷӯҳ буд, ки метавонист аз сар задани ҷанг пешгирӣ кунад”.

Ҷонатан Пауэлл, ки дар ду даври охири музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико дар Женева иштирок доштааст, изҳор доштааст, пешниҳодҳое, ки музокиракунандагони эронӣ рӯии миз гузошта буданд, барои ӯ ва ҳамроҳонаш “ғофилгиркунанда” буд.

Даври охири музокироти ҳастаии Эрон бо Амрико 26-уми феврал дар Женева баргузор шуд. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз поёни он гуфта буд, ки “пешрафтҳои хуб” ҳосил шуд. Пас аз ду рӯзи ин давр, 28-уми феврал Амрикову Исроил ба Эрон ҳамла карданд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзномаи "Вашингтон Пост" менависад, ки Вазорати ҷанги Амрико аз Кохи Сафед хостааст, ки барои маблағгузории ҷанги Эрон беш аз 200 миллиард доллар ҷудо кунад. Тибқи гузориш, ин рақам, аз хароҷоти кунунии маъмурияти Доналд Трамп барои ҷанг дар Эрон хеле бештар аст ва барои истеҳсоли фаврии силоҳҳое, ки дар ҷанг истифода шуд, масраф мешавад.

 

Дар вокуниш ба ин хабар, Аббос Ароқчӣ дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, "шаҳрвандони одии Амрико бояд Бинямин Натаняҳу ва ҳамроҳонаш дар Кунгураро ба хотири "молиёти исроилмеҳвар"-и трилион долларӣ, ки дар остонаи таҳмил ба иқтисоди Иёлоти Муттаҳида аст, масъул донанд".

 

Таниш дар Ховари Миёна

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил алаҳайи Эрон, вазъ дар Ховари Миёна низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, танҳо дар ду рӯзи ахири ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон 45 нафар кушта шудааст.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” навиштааст, ки то 18-уми март теъдоди қурбониён дар Лубнон ба 912 тан расида, беш аз 2,2 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ ва ҳамзамон беш аз як миллион сокини дигар овора шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ гуфтааст, ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдодро қатъ мекунад, агар Исроил зарба зада ба ҷануби Лубнон ва ҳадаф қарор додани минтақаҳои маскунӣ дар Ироқро хотима бахшад.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба як пойгоҳи низомии Ироқ як нафар кушта шуда, 2 тани дигар захмӣ гаштааст.

Арабистони Саудӣ иттилоъ додааст, ки дар пайи суқути мушак ва паҳподҳое, ки раҳгирӣ кардааст, 4 нафар захмӣ шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамла маълум нест.

Кувайт низ мегӯяд паҳпод ва мушакҳое, ки аз сӯи Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Зимнан, дар тангаи Ҳурмуз як нафткаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Аз куҷо ҳадаф қарор гирифтани ин нафткаш маълум нест.

Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ, нови ҳавопаймобари “Ҷералд Форд”, ки бузургтарин нови ҳавопаймобари ҷаҳон мебошад ва барои истифода дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар Ховари Миёна қарор дошт, барои таъмир аз минтақа берун ва ба як пойгоҳи дарёии Юнон бурда мешавад. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?

0

“Тоҷикфилм” пойгоҳи нави миллии синамоии “Тоҷикфилм ТВ” (tojikfilm.tv)-ро барои ҳаводорони синамо таъсис дод, ки аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Акнун дар ин пойгоҳ метавон филмҳои миллиро дар жанрҳои гуногун – бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ тамошо кард.

Аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин пойгоҳ моҳе қабл пешкаши корбарон шуд ва ҳоло дар марҳилаи санҷишӣ буда, тамошои филмҳо то охири моҳи март ройгон аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ин пойгоҳ беш аз 100 филми миллӣ барои тамошо ба таври ройгон дастрас аст.

“Дар марҳилаи санҷишӣ танҳо дар ҳаҷми 250 Гигабайт филмҳо ба пойгоҳ ворид карда шудаанд ва марҳила ба марҳила филмҳои дигар низ дар он ҷойгир карда мешаванд”, – афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки аз моҳи июл тамошои филмҳо дар tojikfilm.tv пулакӣ мешавад, вале аз “Тоҷикфилм” арзиши обунаро нагуфтанд. Зеро ба қавли манбаъ, ҳоло ин меъёр дақиқ нест. Танҳо гуфтанд, метавон дар ин пойгоҳ ҳам моҳона ва ҳам ҳаррӯза, яъне барои як рӯз обуна шуда, маблағи муайянро пардохт кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Ховар” аз қавли роҳбари “Тоҷикфилм” менависад, дар мувофиқа бо Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон арзиши истифодаи пойгоҳ дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз “Тоҷикфилм” ба мо гуфтанд, ҳоло танҳо филмҳои синамои миллӣ дар tojikfilm.tv ҷойгир буда, дар оянда ҳар филме, ки иҷозаи нашр дорад, аз ҷумла филмҳои хориҷӣ ба он ворид ва барои тамошо пешниҳод мешаванд.

Кадом филмҳоро метавон тамошо кард?

Мо ба ин пойгоҳ ворид шуда, бо филмҳое, ки ҳоло дастраси тамошо мебошанд, шинос шудем.

Дар tojikfilm.tv  дар бахшҳои гуногун беш аз 100 филм пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар бахши филмҳои классикӣ шуруъ аз “Қисмати шоир”, “Достони Сиёвуш”, “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Марги судхӯр” то “Ашк ва шамшер”, “Зумрад”, “Дарди ишқ”, “Ҷӯра-саркор”-ро метавон пайдо кард.

 

Дар бахши филмҳои муосир бошад, аз филми “Хоби сурх”, ки соле пеш сабт ва рӯнамоӣ шуд, то “Автобус”, “Роҳ”, “Муҷассамаи ишқ”, “Бачаи обӣ”, “Дар талоши ҳақиқат” ва дигар филмҳоеро, ки дар ҳзамони истиқлол офарида шудаанд, тамошо кард.

Дар бахши филмҳои мустанад аз ҳаёт ва рӯзгори шахсиятҳои намоёни кишвар, аз ҷумла Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикисон филмҳои ҳуҷҷатӣ мавҷуданд. Ҳамчунин дар ин бахш дар бораи баъзе ҷашну арзишҳои миллӣ ва маконҳои таърихиву сайёҳӣ  фимлҳои мустанад ҷойгир шудаанд.

Дар бахши филмҳои тасвирӣ теъдоди филмҳо зиёд нестанд, вале масъулин мегӯянд, марҳила ба марҳила филмҳо дар ҳамаи бахшҳо илова мешаванд.

Бояд гуфт, аксари ҳаводорони синамои миллӣ дар кишвар барои пайдо кардани филмҳо дар манбаъҳои озод бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Зеро аксари онҳо то имрӯз дастраси умум нестанд.

Баъзе саҳифаҳо “YouTube” як қатор филмҳоро нашр кардаанд, вале боз ҳам ниҳоӣ набуда, аксар филмҳоро пайдо кардан имкон надорад.

“Тоҷикфилм” бо роҳандозии пойгоҳи нави рақамии tojikfilm.tv талош дорад ин мушкилро бартараф созад.

Чаро филмҳои тоҷикӣ дастрасии умум нестанд ва аз куҷо метавон кинои тоҷикӣ тамошо кард? Чанде пеш мо дар ин бора матлаб омода карда будем, ки дар ин пайванд мутолиа кунед.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

0

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) пас аз бозгашт ба кишвараш фавран ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Бино ба иттилои манобеи расонаи қирғизистонии Kaktus.media, Тошиев имрӯз, 19-уми март, вориди Қирғизистон шуда, мустақиман ба Сарраёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон бурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамчун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ мавриди бозпурсӣ қарор мегирад. Ҷузъиёти ин парвандаҳо ҳанӯз ифшо нашудааст.

Интизор меравад, ки пас аз анҷоми бозпурсӣ дар бинои ВКД, Қамчибек Тошиев ба саволҳои сершумори хабарнигорон, ки дар назди бино ҷамъ омадаанд, посух диҳад.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки мошини шахсии ӯ дар ҳудуди Сарраёсати тафтишотии ВКД қарор дорад.

 

Камчибек Тошиев рӯзи 10-уми феврал, аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Ба ҷойи Тошиев генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков, раиси КДАМ-и Қирғизистон таъин шуд.

Якҷо бо Тошиев, муовинҳои ӯ ҳам ба истеъфо фиристода шуданд.

Тошиев он вақт ҳам дар хориҷи кишвар, ба гуфтаи расонаҳо, дар Олмон буд, вале рӯзи 13-уми феврал ба Қирғизистон баргашта, изҳор дошт, ки табобаташро нотамом гузошта омадааст, вале пас аз чор рӯз, яъне 17-уми феврал, дубора кишварро тарк кард. Ӯ то ин дам дар хориҷ қарор дошт.

Расонаҳои Қирғизистон аз будубоши ӯ дар Олмон ва эҳтимол Испания хабар медоданд.

Қамчибек Тошиев аз “дӯстонии наздиктарин” ва ҳамақидаву ҳамсангари Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон дониста мешавад. Ӯ якҷо бо Жапаров паси панҷараи додгоҳ рафтааст, дар озодии раисҷумҳури кунунӣ саҳми муассир доштааст ва аз рӯзи аввали сари қудрат омадани Жапаров дар паҳлӯи ӯ ва дар вазифаи раиси КДАМ будааст.

Чанде пештар дар филми “Раисҷумҳур”, ки ба давраи ҳукмронии Жапапов бахшида шуда буд, Тошиев аз корномаи раисҷумҳураш бо эҳсосот ва ифтихор нақл кардааст.

 

Чанеде пеш аз истеъфои Тошиев дар саҳифаҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он ҳамакнун раиси пешини КДАМ мегӯяд, “дӯстӣ бо қудрату пул набояд чен карда шавад”.

Чанд лаҳза баъди эълони истеъфои Тошиев, расонаҳо Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро шарҳ дод.

“Ман ин тасмимро пеш аз ҳама барои манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат, гирифтам”, – гуфт Жапаров.

Худи Тошиев то ҳол дар бораи истеъфоаш расман ва ошкор чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Ӯ аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт вачанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.

Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон. Ё чаро “бозӣ бо арбоб” ба поёни як давраи сиёсӣ анҷомид? Дар ин бора муфассал дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

0

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва то 27 март дар ҷумҳурӣ обуҳавои абрноку баъзан боронӣ ва дар кӯҳҳо гоҳ-гоҳ ҳатто боридани барф дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои аз ҳама гармтар дар пойтахти Тоҷикистон ва вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

То охири моҳи март обуҳавои тағйирёбанда, дар аксари минтақаҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – борону барф пешгӯӣ шудааст. Суръати шамол муддати тамоми ин давра ба ҳисоби миёна 5-10 м/с ва баъзан 10-15 м/сонияро ташкил медиҳад.

Обуҳаво дар минтақаҳо

Душанбе

Дар пойтахт аввали ин давра ҳавои боронӣ мешавад. Аз 20 то 25 март ҳаво хушку гарм шуда, рӯзона то 19-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар охири давра, рӯзҳои 26-27 март борон борида, ҳарорат то 17-19 дараҷа гарм поин меравад. Суръати вазидани шамол – 5-10 м/сония.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Дар ин ноҳияҳо обуҳаво ба шаҳри Душанбе монанд мешавад. Аввали ҳафта боридани борон дар назар буда, сипас аксаран ҳавои хушк бо тадриҷан болоравии ҳарорат пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво каме хунуктар шуда, боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат рӯзона аз 5 то 22 дараҷа гарм мешавад. Шабона метавонад то 3 дараҷа хунук шавад. Суръати вазиши шамол – 5-10 м/сония.

Вилояти Хатлон

Рӯзи 19 март дар ноҳияҳои ҷудогона боридани борон дар назар аст. Аз 20 то 25 март боришот қариб дар назар набуда, ҳавои гарму муосид пешбинӣ шудааст. Охири давра (26-27 март) боронҳои кӯтоҳмуддат имкон дорад. Ҳарорат рӯзона аз 7 то 20 дараҷа гарм мешавад. Суръати вазиши шамол – 5-10 м/сония.

Вилояти Суғд

Аввали давра дар водиҳо аксаран ҳавои бебориш, вале дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ шудааст. Аз 20 март ҳавои хушк барқарор мешавад. Рӯзи 27 март дар баъзе ноҳияҳо боришоти кӯтоҳмуддат дар назар аст. Суръати вазидани шамол бештар 5-10 м/сония ва дар рӯзҳои ҷудогона – пурзӯршавӣ то 10-15 м/сония пешбинӣ мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Аввали давра дар қаламрави ВМКБ боришот, аксаран барф бахусус дар қисмати шарқии минтақа, инчунин ҳавои хунук дар назар аст. Аз 20 то 25 март ҳаво нисбатан устувор ва аксаран бидуни боришот мешавад. Охири давра боз боришот аз эҳтимол дур нест. Бахусус дар ноҳияҳои баландкӯҳ ҳарорати паст пешбинӣ мешавад.

Дар водиҳо шабона 3-11 ва рӯзона – 10-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат ба таври назарраси паст пешбинӣ мешавад: шабона эҳтимоли то 20 дараҷа хунук ва пасттар аз он, рӯзона аз 7 дараҷа хунук то 12 дараҷа гарм.

Ҳамчунин Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 19 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ, бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб фаромадани тармаҳо пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби боришоти зиёд, дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ҳодисаҳои селфароӣ аз эҳтимол дур нест.

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

0

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон 10 рӯз пайи ҳам истироҳат аст, нархи чиптаи ҳавобаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд – Душанбе ба таври чашмрас боло рафтааст: ҳоло қимати як сафар аз 633 то 1677 сомонӣ аст. Ин ҷаҳиши нарх сокинони кишварро хеле нигарон кардааст.

“Дар охири феврал мо чиптаи Хуҷанд – Душанбе – Хуҷандро қариб ба 650 сомонӣ харидем. Аммо ҳафтаи гузашта чиптаи Душанбе – Хуҷанд барои рӯзи 21-уми март зиёда аз 700 сомонӣ шуд. Чиптаи Хуҷанд – Душанбе барои 24-25-уми март бошад, аллакай, аз 1000 сомонӣ болост”, – гуфт яке аз хонандагони “Азия-Плюс”.

Шаҳрвандони дигар низ аз гаронии чипта норозӣ ҳастанд, зеро ҳангоми банақшагирии сафар ба маблағи дигаре ҳисоб карда буданд.

“Мехостам ба Хуҷанд, пеши хешу ақрабоям равам. Одатан чиптаи яктарафа аз 400 сомонӣ гаронтар набуд, аммо дирӯз нархҳоро нигоҳ кардам – ҳоло аз 500 то 700 сомонӣ. Маҷбурам бештар аз он чи ки ният доштам, харҷ кунам”, – гуфт хонандаи дигари мо субҳи имрӯз.

 

Somon Air тавозуни нархи чиптаҳоро нигоҳ доштааст

Дар сомонаи Somon Air чиптаи яктарафаи Душанбе – Хуҷанд барои рӯзи 18-уми март аз 660 сомониву 95 дирам навишта шудааст. Барои апрел ҷадвали парвозҳо ҳанӯз нашр нашудааст, аммо барои охири март нархҳо бетағйир будааст.

Ба самти Хуҷанд – Душанбе ҳам нархҳо ҳамон қадар аст.

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе субҳи 18-уми март ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тарифе, ки барои 27-уми март пештар 467 сомонӣ буд, ҳоло 567 сомонӣ шудааст. Тарифи дигаре, ки пештар 600 сомонӣ буд, акнун 700 сомонӣ аст.

Тавзеҳ доданд, ки нархи тарифҳо аз рӯзи баста шудани бахшҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак баланд шудааст.

Дар айни замон, ширкати ҳавопаймоии Somon Air мегӯяд, ки дар семоҳаи охир тарифҳои асосӣ ба ин самт тағйир наёфтаанд.

“Нархҳо аз 422,90 сомонӣ то 700,90 сомонӣ мебошанд. Ҳар чи ба рӯзи парвоз наздик мешавем, нархҳо мутаносибан меафзоянд. Дар айни замон Somon Air кӯшиш мекунад, ки парвозҳои Душанбе – Хуҷандро ҳар рӯз, дар доираи имкон, гузорад”, – тавзеҳ доданд дар ширкат.

 

Дар Aviasales нарх аз 633 то 1 677 сомонӣ​​​​​​​

Барои муқоиса, мо ба сомонаи чиптаҳои арзон – Aviasales назар кардем, вале нарх дар ин ҷо ба таври назаррас фарқкунанда аст.

Мо нархи чиптаи яктарафаи самти Душанбе – Хуҷандро дар соати 16:40-и 18-уми март дидем: аз 18 то 31-уми март нарх аз 633 то 1 677 сомонӣ аст. Ин рақамҳо метавонад ҳар лаҳза иваз шавад.

Бояд гуфт, ки аз 20 то 30-юми март дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст. Рӯзи 20-уми март дар кишвар иди Рамазон таҷлил мешаваду ҳафтаи ҷориаш ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.

Дар ин рӯзҳо боз кадом чорабиниҳо баргузор мегардад? Дар ин пайванд мутолиа кунед.

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

0

Думаи давлатии Русия (парлумон) рӯзи 18 март ду лоиҳаи қонунро дар соҳаи муҳоҷирати корӣ дар қироати аввал қабул кард.

Мувофиқи ин меъёрҳо муқаррар карда мешавад, ки кӯдакони муҳоҷирон, ки ба синни 18-солагӣ мерасанд, уҳдадор мешаванд, ки дар муддати 30 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд ё барои хул патент ба расмият дароранд.

Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ бояд на танҳо барои худ мисли ҳозира, балки ба ҳамаи аъзои оила, ки дар Русия таҳти саробонии онҳо қарор доранд, дар шакли пешпардохти сабтшуда андоз супоранд.

Дар ҳолате, ки агар дар бораи даромади муҳоҷир маълумот мавҷуд набошад ё агар маблағи даромад аз маблағи зарбшуда ба коэффисиенти минтақавии маоши ҳадди ақалл бо ҳисоб нисбати ӯ ва ҳар кадоме аз узви оила кам бошад, патент ё иҷозатномаи кори ӯ бекор карда мешавад.

Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки шароит барои хориҷиёне, ки Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гирифтаанд шадидтар карда шавад. Агар фаъолияти корӣ дар муддати соли навбатӣ камтар аз 10 моҳ амалӣ шуда бошад, ин ҳуҷҷатҳоро намедиҳанд ё бекор мекунанд.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар ҷаласа хабар додааст, ки “ба ҷуз ду лоиҳаи баррасишуда дар соҳаи муҳоҷират, боз чортои дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд”.