Home Blog Page 2

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон

0

Моҳи мубораки Рамазон – моҳи рӯза, ибодат ва хайру садақа аст. Яке аз воҷиботи муҳими ин моҳ садақаи фитр мебошад, ки ҳар мусулмони соҳибнисоб бояд онро адо кунад. Дар ин матлаб, ки тибқи посухҳои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳия шуд, ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза, садақаи ҷория ва фазилати дигар садақаҳо дар Рамазон ҷавоб медиҳем.

 

Фитри рӯза чист ва ба кӣ воҷиб аст?

– Садақаи фитр чист ва чаро Худованд онро воҷиб гардонидааст?

– Садақаи фитр (закоти фитр) пардохти муайяне аст, ки дар охири моҳи Рамазон пеш аз намози ид адо карда мешавад. Паёмбари гиромии Ислом (с) фармудаанд: “Худованд закоти фитрро барои пок гардонидани рӯзадор аз беҳудагӯӣ ва бадсуханӣ ва барои фароҳам гардонидани ғизои муносиб барои ниёзмандон воҷиб гардонидааст” (ривояти Абӯдовуд). Яъне, ин садақа ҳам рӯзаи моро аз нуқсонҳо тоза мекунад ва ҳам камбағалонро дар рӯзи ид хурсанд мегардонад.

– Ба кӣ садақаи фитр воҷиб аст?

– Тибқи китоби “Мухтасари Қудурӣ” садақаи фитр ба касе воҷиб аст, ки се шарт дошта бошад:

1) мусулмон бошад;

2) озод бошад;

3) соҳиби нисоб бошад.

Миқдори нисоб дар соли 2026-ум 64 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ба ашхоси камбизоат ва қарздор садақаи фитр воҷиб нест.

– Имсол фитри рӯза чӣ қадар аст?

Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 меъёри садақаи фитр барои ҳар як кас 7 сомонӣ муайян шудааст. Ин маблағ барои тамоми моҳи Рамазон ҳисоб мешавад, на барои як рӯз.

– Шайхи фонӣ – касоне, ки бо узр рӯза гирифта наметавонанд, чӣ гуна садақаи фитр медиҳанд?

Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст.

– Агар имкон бошад, садақаи фитрро бо қимати дигар маҳсулот диҳанд – мешавад?

Бале. Барои ҳар як аъзои оила камтарин меъёр 7 сомонӣ (бо ҳисоби гандум) аст. Аммо агар имконияти молӣ дошта бошад, метавон бо қимати мавиз — 48 сомонӣ барои ҳар нафар пардохт кард, ки савоби бештар дорад. Масалан, оилаи чаҳор каса бо қимати гандум 28 сомонӣ ва бо қимати мавиз 192 сомонӣ фитри рӯза медиҳад.

 

Кай ва чӣ гуна фитри рӯзаро додан лозим?

– Кай фитри рӯза дода мешавад?

Додани садақаи фитр пас аз даромадани моҳи Рамазон ҷоиз аст. Беҳтарин вақт – пеш аз баргузоршавии намози иди фитр аст, то ки ниёзмандон рӯзи ид хурсанд бошанд. Ба таъхир андохтани фитр аз вақти намози ид макрӯҳ аст, магар узре бошад.

– Оё шахсе, ки рӯза намедорад, фитр медиҳад?

Бале, ҷоиз аст. Шарти фитри рӯза рӯза доштан нест, балки соҳиби нисоб будан аст.

– Агар солҳои гузашта фитри рӯзаро надода бошем, чӣ кор кунем?

Бояд қазои фитри рӯзаи солҳои гузаштаро адо намоед. Қазо бо ҳисоби 1 кг 600 грамм гандум ё 3 кг 200 грамм ҷав – ё қиммати онҳо -барои ҳар соли гузашта пардохт мешавад.

– Оё барои кӯдаке, ки дар батни модар аст, фитр дода мешавад?

Барои кӯдаке, ки дар батни модар аст, фитр воҷиб нест. Фитр танҳо он вақт воҷиб мешавад, ки кӯдак то субҳи рӯзи ид таваллуд шавад.

 

Ба кӣ фитр дода намешавад?

– Ба кадом касон фитри рӯза дода мешавад?

Садақаи фитр ба касоне дода мешавад, ки соҳиби нисоби закот набошанд – яъне фақирон, мискинон, қарздорон ва дигар ниёзмандон. Беҳтар он аст, ки ба шахсони ниёзманди маҳалла дода шавад.

– Фитри рӯзаро ба киҳо додан мумкин нест?

– Фитри рӯзаро ба инҳо додан мумкин нест:

      – Соҳиби нисоб: яъне ба шахсе, ки худаш дороии ба нисоб расида дорад;

    – Падару модар, фарзандон ва ҳамсар: зеро нафақаи онҳо бар зиммаи садақадиҳанда аст (ин ҳукми умумии закот ва садақаи фитр дар мазҳаби ҳанафӣ аст).

– Ба бародару додар, апаву хоҳар фитри рӯза додан дуруст аст?

Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) додани садақаи фитр ба бародару додар ва апаву хоҳар дуруст аст, ба шарте ки фақиру бенаво бошанд.

– Ба падарандар ва модарандар фитр додан мумкин аст?

– Бале, мумкин аст. Зеро байни садақадиҳанда ва падарандар ё модарандар нисбати вилодат вуҷуд надорад. Шарт он аст, ки моли онҳо ба нисоб нарасида бошад (“Фатҳи боби иноя”, ҷ.2, 135).

– Ба ҷӯгӣ ё лӯлӣ садақа додан равост?

– Садақаи фитр ва дигар намудҳои садақа бояд ба шахси мискину фақир дода шавад, новобаста аз он ки ӯ аз кадом қишри ҷомеа аст. Муҳим он аст, ки мусулмон бошад. Бинобар ин, додани ҳар гуна садақа ба онҳо ҳам раво ва дуруст аст.

– Оё фитрро барои ободонии мактаб сарф кардан ҷоиз аст?

– Бале, дуруст ва боиси аҷру савоб аст.

– Оё ба ноболиғ фитр ва закот додан дуруст аст?

– Бале, додани закот, садақаи фитр ва фидя ба ноболиғ дуруст аст, ба шарте ки падараш соҳиби нисоб набошад.

 

Садақаи ҷория -хайри мондагор​​​​​​​

– Садақаи ҷория чист?

– Садақаи ҷория чизест, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тӯлонӣ, ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад”.

– Чӣ чизҳо садақаи ҷория ба шумор мераванд?

– Дар аҳодиси Паёмбар (с) чизҳои гуногуне садақаи ҷория зикр шудааст: бунёди мактаб, масҷид, мадраса, роҳ, пул, чоҳи об, боғ, ятимхона, хонаи пиронсолон, бунгоҳи тиббӣ, нашри китобҳои муфид ва дигар корҳои нек. Ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум зиёдтар ва дарозмуддаттар бошад, садақаи ҷорияи хубтар аст.

– Оё садақаи ҷория молу сарватро кам мекунад?

– Дар зоҳир чунин ба назар мерасад, вале дар ҳақиқат не. Худованд дар Қуръони карим фармудааст: “Ҳар касе як эҳсон намояд, барои ӯ даҳ баробар подош хоҳад буд” (Сураи Анъом, ояти 160). Ва боз мефармояд: “Худованд моли садақадодашударо афзоиш ва баракат медиҳад” (Сураи Бақара, ояти 276).

 

Фазилати садақа дар моҳи Рамазон​​​​​​​

– Садақа додан дар моҳи Рамазон чӣ савоб дорад?

– Моҳи Рамазон моҳи пурфайз аст. Паёмбар (с) фармудаанд: агар инсони рӯзадор як амали фарзро дар ин моҳ анҷом диҳад, савобаш баробари савоби 70 фарз дар ғайри ин моҳ аст. Аммо агар амали мустаҳаб анҷом диҳад, савобаш баробари як фарз дар ғайри Рамазон мешавад. Инчунин, Паёмбар (с) фармудаанд: “Садақа додан дар ин моҳ ғазаби Парвардигорро фурӯ менишонад, ҳамчуноне ки об оташро фурӯ менишонад”.

– Чаро Ислом инсонро ба хайр ва садақа ташвиқ мекунад?

– Дини мубини Ислом моро аз исрофкорӣ бозмедорад ва ба хайру эҳсон даъват мекунад. Худованд дар Қуръон исрофкоронро “бародари шайтон” номидааст: “…Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон нисбати Парвардигораш носипос буд” (Сураи Исро, ояти 27).

Дар ҳадисе аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Ҳар субҳе, ки бандагон оғоз мекунанд, ду фаришта фуруд меоянд, яке аз онҳо мегӯяд: Худоё, ба хайркунанда ивази онро ато фармо. Дигаре мегӯяд: Худоё, моли мумсик ва бахилро талаф деҳ” (Ривояти Бухорӣ).

ЭЗОҲ: Ин мавод бо истифода аз мақолаҳо ва посухҳои расмии Шӯрои уламо таҳия шуда, ҳамзамон, бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҳамоҳанг гардидааст.

Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст

0

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёт барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад. Ин барнома яке аз ҳуҷҷатҳои калидии стратегӣ маҳсуб ёфта, ба табдил додани кишвар ба ҳалқаи мукаммали нақлиётӣ равона шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба барнома ҳудуди 19,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 2 млрд доллар)-ро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, сарбории асосӣ ба дӯши шарикон ва бахши хусусӣ вогузор мегардад.

Пул аз куҷост?

Мувофиқи ҳуҷҷат сарчашмаҳои маблағгузорӣ тариқи зайл тақсим шудаанд:

– Буҷети давлатӣ — 189,5 млн сомонӣ;

– Шарикони рушд (сармоягузорони байнулмилалӣ) — 16,51 млрд сомонӣ;

– Бахши хусусӣ — 2,48 млрд сомонӣ.

Ба ин тариқ, давлат ҳамагӣ ҳиссаи начандон зиёди маблағгузориро ба дӯш гирифта, ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва рушди шарикии давлатӣ-хусусӣ такя мекунад.

Дар ҳамин ҳол, қисмате аз иштироки буҷет дар шакли имтиёзҳо аз пардохти андоз ва гумрук амалӣ мешавад.

Маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?

Дар Барнома таъмиру навсозии бузургмиқёси зерсохтори нақлиёти кишвар пешбинӣ шудааст. Дар он самтҳои калидии зерин пешбинӣ шудааст:

– сохтмон ва таъмиру навсозии то 700 км роҳҳо;

– рушди шабакаи роҳҳои оҳан;

– бунёди марказҳои муосири логистикӣ;

– ҷорисозии роҳу воситаҳои ҳалли рақамӣ.

Мушкилоти асосӣ

Муаллифони барнома зикр мекунанд, ки сарфи назар аз пешрафти ноилгардида, соҳаи нақлиёт ба як қатор хавфу чолишҳои доимӣ дучор аст:

– рушди сусти шабакаи роҳҳои оҳан бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон;

– норасоии марказҳои муосири логистикӣ;

– сатҳи пасти рақамисозии расмиёти гумрукӣ;

– норасоии иншооти зерсохтор дар нуқтаҳои марзӣ;

– фарсудагии ҳайати қатораҳо ва рӯйпӯши роҳҳо;

– арзиши баланди ҳамлу нақл;

– камбуди мутахассисон дар соҳаи IT (технологияҳои иттилоотӣ) ва рақамисозӣ;

– рушди сусти нақлиёти ҷамъиятӣ ва барқӣ.

Натиҷаҳои интизоридошта

То соли 2030 мақомот расидан ба рушди назарраси нишондиҳандаҳои зеринро дар назар доранд:

– ҳамлу нақли молу маҳсулот (боркашонӣ) — афзоиш то 126,8%;

– гардиши молу маҳсулот — то 128,5%;

– ҳамлу нақли мусофирон — то 128,5%;

– рушди нақлиёти барқӣ — афзоиш то 124,7%.

Ғайр аз ин, аз поинравии арзиши ҳамлу нақл, беҳбуди сифати хидматрасониҳо ва рақамисозии соҳа бо шумули табодули электронии маълумоти гумрукӣ бо шарикони тиҷоратӣ интизорӣ меравад.

Рушди зерсохтори нақлиёт ҳамчун омили калидии раҳоии Тоҷикистон аз “бунбасти иртиботӣ (коммуникатсионӣ)” ва ба пули транзитӣ табдил ёфтани кишвар байни минтақаҳо баррасӣ мешавад.

Рақамисозӣ ҳамчун таркиби калидӣ

Дар барнома ба тағйирёбии рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Зикр мегардад, ки аллакай платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётӣ, инчунин низомҳои GPS-мониторинги нақлиёт ҷорӣ мешавад.

Дар назар аст, ки рақамисозии минбаъда ба анҷоми чунин амалҳо имкон диҳад:

– баланд бардоштани шаффофияти хидматрасониҳо;

– кам кардани иқтисоди пасипардагӣ;

– суръат бахшидан ба равандҳои логистикӣ;

– коҳиши хавфҳои коррупсионӣ.

Ба хавфҳои асосии марбут ба маблағгузорӣ муаллифони барнома масоли зеринро мансуб медонанд:

– таъхир дар ҷудо шудани маблағҳо метавонад муҳалти амалисозии барномаро дароз кунад;

– саривақт иҷро нашудани чорабиниҳо ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои ҳадафнок таъсир мерасонад.

Ба сурати умум, ин санад ба таъмиру навсозии сохтории соҳаи нақлиёт равона шудааст, ки ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба бозингари муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ имкон медиҳад. Аммо муваффақ шудани он аксаран ба қобилияти ҷалби сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба рақамисозӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи зерсохтор вобаста аст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ то соли 2025 инҷониб  2407,8 км роҳҳо, 274 пул, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 чорраҳаи дусатҳа ва 7 нақби нақлиётӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 58 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 млрд доллар амалӣ шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки 22 июни соли 2003 барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ раъйпурсӣ гузаронида шавад.

Соли 2009 – Ба сохтмони хатти роҳи оҳани “Ваҳдат – Ёвон” оғоз бахшида шуд.

Соли 2013 – Президенти кишвар Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”-ро имзо кард.

Соли 2013 – Ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе санги асос гузошта шуд.

Соли 2014 – Дар шаҳри Душанбе боғи “Наврӯзгоҳ”, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн намудааст, ба истифода дода шуд.

Соли 2018 – Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар ҳудуди якдигар тасдиқ кард.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе маҷмааи фарҳангиву фароғатии “Дунёи афсона” барои кӯдакон ба фаъолият оғоз кард. Ин маҷмаа дар ҳудуди “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” воқеъ буда, дорои 11 намуди майдонча ва таҷҳизоти дилхушӣ мебошад, ки асосан барои кӯдакони то 12-сола пешбинӣ шудаанд.

Соли 2019 – Дар Душанбе фаъолияти расмии корхонаи муштараки тоҷикиву туркии “AKIA AVESTO” барои истеҳсоли автобусҳо оғоз ёфт.

Соли 2020 – Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар эълом кард, ки барои истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ба Душанбе бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо музокирот идома дорад.

Соли 2021 – Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хуруҷи бемории полиомиелити кӯдаконро дар Тоҷикистон эълом карда, вазъияти фавқулода эълон намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1947 – Зодрӯзи Шодибек Сатторӣ, шоири тоҷик.

Соли 1947 – Мавлуди Заррина Миршакар, оҳангсози тоҷик, духтари Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон.

Заррина Миршакар, оҳангсози нозукбаён ва пайвандгари мероси мусиқии помирӣ дар оилаи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ба дунё омада, аз кӯдакӣ дар муҳити адабиёт ва мусиқӣ тарбия ёфтааст.

Ӯ дар ҷустуҷӯи асолати худ ба мероси мусиқии Помир таваҷҷуҳи махсус дошт. Солҳои дароз лаҳнҳои халқии помириро сабт ва таҳлил кард, ки ин тамоюл дар асари ӯ – сюитаи симфонии “Ду манзараи помирӣ” ба таври равшан таҷассум ёфтааст.

Аз осори барҷастаи ӯ метавон “Симфониетта”, “Рангҳои Помири офтобӣ” ва “Respiro- ро ном бурд. Ӯ бо ҳисси нозуки бадеӣ ва дарки амиқи мусиқии мардумӣ тавонист асарҳое эҷод кунад, ки ҳам ба анъанаҳои миллӣ содиқ буда, ҳам ба талаботи мусиқии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Соли 1948 – Зодрӯзи Изатулло Ғаниев, кимиёшинос, доктори илми химия.

Изатулло Ғаниев яке аз олимони шинохтаи тоҷик дар соҳаи кимиё ва маводшиносӣ мебшад.

 Фаъолияти касбии ӯ дар Корхонаи кӯҳӣ-маъдании “Анзоб” оғоз гардид. Ӯ муаллифи зиёда аз 100 ихтироъ буда, бисёре аз онҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Русия мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Таҳқиқоти ӯ дар соҳаи синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикавӣ-химиявии хӯлаҳои алюминий, таҳияи маводҳои ба коррозия устувор ва коркарди технологияи нав дар саноат аҳамияти бузург доранд.

Соли 2018 – Норинисо Алимуҳаммадова, шоири тоҷик дар 68-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии муштарӣ аст. Ҳадафи ин рӯз ҷалби муштариёни нав ва қадрдонии муштариёни доимии ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

19 марти соли 1474 Дар Венетсия барои аввалин бор дар ҷаҳон қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ба ихтироот қабул шуд. Ин қонун ҳуқуқи маънавӣ ва ҳаққи истисноии муаллифро барои истифодаи ихтирооти худ дар муддати муайян эътироф мекард.

Ҷолибин аст, ки маҳз дар ҳамин давра Леонардо да Винчи дар Венетсия зиндагӣ мекард, ки ҷаҳонро бо намунаҳои танк, скафандр, чархбол ва парашют шинос кард, аммо ӯ натавонист аз имтиёзҳои ин қонун баҳра гирад.

19 марти соли 1899 дар Санкт-Петербург аввалин истгоҳи ёрии таъҷилӣ кушода шуд. Ин ташаббус бо кӯшиши ҷарроҳи маъруф Николай Велямининов амалӣ гардид.

19 марти 1918 дар ИМА Қонуни “Вақти стандартӣ” қабул гардид, ки низоми тақсими вақтро дар минтақаҳо расмӣ гардонд. Ин қонун бесарусомонии вобаста ба истифодаи вақти офтобии маҳаллиро бартараф кард.

19 марти 1922 дар Маскав бурҷи пахши радиои “Шаболовка” ба истифода дода шуд. Ин бурҷро муҳандиси рус Владимир Шухов тарроҳӣ кардааст.

Ҷолиб он аст, ки пас аз ҳодисаи садама ҳангоми сохтмон, Шухов ба қатл маҳкум шуд, аммо иҷрои ҳукм то анҷоми сохтмон ба таъхир андохта шуд. Вақте ки бурҷ ба истифода дода шуд, ӯ афв гардид.

Пахши таҷрибавии барномаҳои аввалини телевизионӣ аз бурҷи Шухов дар солҳои 1930-ум оғоз гардид. Айни замон ин бурҷ ҳамчун ёдгории меъморӣ ва муҳандисӣ эътироф шуда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.  

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0+2º гарм.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

“Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ

0

“Тафтишот ва ҳукм ношаффофу ғайриқонунӣ ва беинсофона аст”, “Иттиҳом алайҳи онҳо барои ҷомеа маълум ва исбот карда нашуд”, “Намедонем ба куҷо муроҷиат кунем”, “Ба ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”… Ин хулосаи вокуниши пайвандони Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фариддуни Шамсиддин, 4 маҳкумшудаи асосии парвандаи ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ аст, ки чанд рӯз пеш содир шуд. Ҳамаи онҳо барои як умр равонаи зиндон шуданд. Якҷо бо онҳо 11 каси дигар барои ҳамеша зиндонӣ шуданд ва чаҳор нафари дигар аз 19 то 22 сол ба ҳабс маҳкум шуданд.

Мақомоти расмӣ ҳукмро шарҳ надоданд. Ҷониби ҷабрдидагон аз ҳукм қаноатмандӣ кард. Ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи маданӣ дар берун аз Русия ба суолҳои зиёди худ дар робита ба рафти тафтишот ва судури ҳукм посух меҷӯянд.

Баъди эълони ҳукми додгоҳ, “Азия-Плюс” ба хонаи чаҳор маҳкумшудаи аслӣ рафт ва бо наздикони онҳо дар бораи адами иштирокашон дар мурофиаҳои додгоҳӣ, ҳукми содиршуда ва тасмими баъдиашон пурсид.

 

Бояд гуфт, мо соли 2024, чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бо наздикон ва ҳамсояву омӯзгорони Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин суҳбат карда будем. Ва соли гузашта, дар солгарди ин ҳаводис ҳам ба хонаи онҳо рафта, бо наздиконаш суҳбат кардем. Он замон пайвандони муттаҳамон намедонистанд, ки онҳо дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванду бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не. Аммо ба бегуноҳии пайвандони худ таъкид мекарданд ва ба Худо умед баста буданд.

Бо гузашти ду сол аз ин ҳодиса ва эълони ҳукми абад, аксари пайвандони маҳкумшудагон мотамзадаанд, ба иттиҳоми мақомоти Русия бовар надоранд, аз тақдири пайвандашон огоҳ нестанд, вакили дифоъ надоранд, ба кӯмаки мақомоти Тоҷикистон ҳам эътимод надоранд ва ҳамоно танҳо ба Худо умед бастаанд.

 

“Сангин, шубҳанок ва беадолатӣ”

Волидайни Фариддуни Шамсиддин то ҳол намехоҳанд дар бораи ин қазия бо расонаҳо сӯҳбат кунанд. Фаридун ҳамонест, ки як рӯз баъд аз ҳодиса боздошт ва дар мурофиаи аввал бо сару рӯи кафида пайдо шуд. Ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, ҳоло ҳамсараш ҳамроҳи кӯдакаш дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад.

Маҳбубаи Шамсиддин (Заргарова), хоҳари Фаридун ва келини хонаводаи Исломовҳо (падару ду писари ин хонавода ҳам дар доираи ин парванда аз 19 то 22 сол ҳабс шуданд)-ро дар мактаб пайдо кардем. Дар аввалин рӯзҳои ҳодиса гуфта мешуд, ки Маҳбуба бедарак шудааст, вале 9 моҳ пас дар Тоҷикистон пайдо шуд.

 

Ӯ гуфт, дар бораи бародараш ва ҳукми содиршуда танҳо тавассути расонаҳо иттилоъ дарёфт карданд, чун дар ин муддат боре бо ӯ тамос надоштаанд.

“Ҳукми додгоҳ, албатта, сангин ва шубҳанок аст. Аслан он беадолатӣ аст, чун ҷониби гумонбарон аз асли қазия огоҳ нестанд ва ба мурофиа роҳ наёфтанд, вакили дифоъ надоранд, далелҳои тафтишот чӣ асту бо чӣ собит шуд, касе намедонад”, – гуфт ӯ.

Маҳбубаи Шамсиддин гуфт, вақте дар Русия буд, чанд бор талош кард ба дидори бародараш равад, вале “кормандони амният”-и  ин кишвар ба ӯ суроғаи макони боздошти бародарашро надодаанд.

 

Вакили дифои давлатӣ ва мактуб аз боздоштгоҳ

Маҳбуба ҳамзамон келини хонаводаи Исломовҳо, падару ду писаре мебошад, ки дар пайванд ба ин қазия боздошт ва аз 19 то 22 соли зиндон маҳкум шуданд. Ӯ аз ҳукми онҳо  ҳам шикоят дорад.

“Шаби ҳодиса онҳо дар хона буданд ва ҳеҷ кор накардаанд. Вақте бародарам ба Русия рафт, ба ӯ пул лозим шуд ва шавҳарам ба ӯ қарз дод. Додарам кор карда, он қарзро баргардонд. Аммо баъди ҳодиса онҳоро аз хона боздошт карда, бурданд”, – гуфт Маҳбуба.

Маҳбуба гуфт, ҳамсар ва падару бародари шавҳараш бо вакили дифоъ таъминанд ва ба хонавода мактуб ҳам менависанд. Ӯ гуфт, вақте дар Русия буд, барои шавҳараш хӯрок мебурд ва наздикони шавҳараш ҳам ба дидорбинии ӯ мерафтанд.

Ӯ гуфт, “умеде ба раҳоии бародар, ҳамсар ва додару падари шавҳараш надорем”, чун бовар дорад, ки аз болои ҳукм шикоят ҳам кунанд, мақомоти Русия ба он таваҷҷуҳ нахоҳанд кард.

“Дар ватани худат шояд ягон илоҷ кунӣ, аммо дар Русия ҳадди ақал барои дидорбинӣ иҷозат намедиҳанд. Ҳамаашро ба Худо месупорем”, – гуфт Маҳбубаи Шамсиддин.

 

“Ақаллан бо телефон садои писарамро нашунидам”

Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев баробари дидани мо гирист ва баъди каме ором шудан, гуфт, ҳукми писарашро аз як рӯзноманигор фаҳмид ва “он замон дунё ба назарам торик шуд”.

Ин зан ҳамроҳи шавҳари бемор, 4 кӯдаки Далерҷон ва як писари хурдиву духтараш, ки ҳамроҳи фарзандонаш аз оила ҷудо шудааст, дар кулбаи фақиронае зиндагӣ мекунанд. Барот Мирзоев, падари бемори Далерҷон ягона ноновари хона барои ин оила аст.

 

Далерҷон онест, ки кормандони мақомоти амнияти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин оварда, ба дастонаш завлона заданд.

“Ягон бор аққалан бо телефон садои писарамро нашунидам, дар додгоҳ ҳам иҷозаи ширкат карданро надоданд. Дар ин ду сол Далерҷон дар зиндон ҳол дошт, хабар надорем. Ҳеҷ далели исботшудае нашунидем ва бовар ҳам надорем”, – гуфт Мирзоева.

Ӯ нигарон аст, ки чор фарзанди Далерҷонро минбаъд чӣ тавр парасторӣ мекунад.

“Аз 4 кӯдаки Далерҷон сетояш мактабхонанд, соли дигар хурдиаш ҳам ба синни мактабӣ мерасад. Имшаб духтари Далерҷон мегӯяд, бибӣ падарамро дар хоб дидам, ӯ намеояд? Кӯдаконро фиреб карда гаштам, ки падаратон бармегардад”, – ашкрезон мегӯяд Мирзоева.

 

“Вақте ҳукми абад медиҳанд, ҳадди ақал бояд гӯянд, ки чаро”

Зокирҷон Файзов, падари Муҳаммадсобир Файзов, ҷавонтарин маҳкумшудаи ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз ҳукм розӣ нест, он як зарбаи ҷонкоҳ барои оилааш буд. Зокирҷон Файзов замони ҳодиса дар Русия буд ва боздошту 17 рӯз бозпурсӣ ва баъд раҳо шуд.

Муҳаммадсобир сартарошест, ки ба толори додгоҳ бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд.

“Ин хабар аз ҳама ҷиҳат ба мо таъсир кард, ҳам руҳӣ, ҳам маънавӣ. Чӣ кор мекунем дигар? Сабр мекунем. Ягона чизе, ки мехоҳем, ҳукумати худамон намояндагон, адвокатҳояшро равон кунад, ки барои мо аниқу аён шавад. То ба кай мо аз ҳамин шабакаҳо мефаҳмем?”, – гуфт Зокирҷон Файзов.

 

Ӯ ҳам аз рафти тафтишот, ҷараёни мурофиа ва ҳукми содиршуда шикоят кард. Ӯ гуфт, ба мурофиа даъват накарданд ва ҳоло намедонад, ки аз ҳукм ба куҷо шикоят баранд.

“Вақте ҳукми абад доданд, ҳадди ақал наздиконаш бояд донанд, ки барои чӣ? Агар ки барои ом махфӣ бошад, ҳадди ақал бояд ба наздиконаш гӯянд, ки барои чӣ, ҳадди ақал далелу исботе, ки фарзанди шумо ба ин кор пайванд асту айбдор аст, ба мо нишон медоданд. Иҷоза ва имкон бошад, кори инҳоро судӣ конститутсионӣ бинад”, – гуфт Зокирҷон Файзов.

Вақте мо бо падари Муҳаммадсобир суҳбат мекардем, модараш дар даст акси даврони мактабхонии фарзандаш рӯйи ҳавлӣ мегирист ва мегуфт, “туро ба Худо месупорам, писарам”.

Бояд гуфт, фарзанди дигари ин хонавода – Муҳаммадраҳим Файзов ҳам дар пайванд ба ин қазия, якҷо бо чор нафари дигар дар боздоштгоҳе дар Туркия аст. Қаблан, расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки додситонӣ барои онҳо то 15 соли зиндон талаб карда буд.

Ба қавли пайвандонаш, ҳукми додгоҳ нисбати Муҳаммадраҳим содир шуд, вале ду додгоҳи марҳалаи болоии ин кишвар ҳукмро бекор ва ӯро сафед кардаанд ва ҳоло ӯ мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ аст.

 

Дурӯғе барои ҳамеша

Модари Саидакрам Раҷабализода, маҳкумшудаи чаҳоррум то ҳол намедонад, ки писараш ба чӣ ғавғое печидааст. Пайвандонаш ӯро бовар кунонидаанд, ки “Саидакрам барои таҳсил ба дигар кишвар рафтааст ва пас аз чанд сол бармегардад”.

Саидакрам нафарест, ки кормандони мақомоти амнияти Русия вақти боздошт гӯшашро бурида, ба даҳонаш мегузоранд.

 

Пайвандонаш нигаронанд, ки қалби бемори модар мусибати ба сари фарзандаш омадаро намебардорад ва маҷбуранд ҳукми абади писарашро барои ҳамеша аз ӯ пинҳон кунанд.

Насриддин Раҷабов, бародари Саидакрам, гуфт “ҳукми содиршуда албатта одилона нест” ва бори дигар такрор кард, ки “бовар надорам, ки Саидакрам дар ин қазия даст дошта бошад”.

Онҳо ҳам мисли пайвандони дигар маҳкумшудагон, аз лаҳзаи боздошт то ҳол бо Саидакрам тамосе надоштаанд ва ҳеҷ иттилое дар борааш надоранд.

 

Умед ба Худову аммо шикоят ва додхоҳӣ аз ҳеҷ куҷо?

Пайвандони аксари маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, онро собитнашуда, бидуни далел ва беадолатӣ меҳисобанд. Мехоҳанд он бозбинӣ шавад, адолат тантана кунад, аммо дар ин роҳ, ягона умедашон ба Худо аст: “Ба ҷуз Худо, дигар умеде надорем”.

Аммо ҳеҷ кадоми онҳо талоше барои иштирок дар мурофиаҳои додгоҳӣ, таъмини пайванди худ бо вакили дифоъ, дифоъ аз ҳуқуқи онҳо накардаанд.

Ҳеҷ кадоми онҳо ба Русия нарафтаанд, то дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунанд, ҳеҷ кадоме аз онҳо аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон напурсидаанд, ки мурофиа дар кадом марҳила аст ва пайвандони онҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. Ва ҳеҷ касе ҳам аз мақомоти масъули кишвар ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон талаби дифоъ аз ҳуқуқи пайвандонашон накардаанд.

Аксари онҳо, пас аз содир шудани ҳукми абад барои пайвандонаш ҳам, хоҳиши зиёди сухан гуфтан бо расонаҳоро надоранд.

 

Кӯтоҳ дар бораи ҳамла

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои ахир аз 146 то 149 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Масъулияти ҳамларо созмони террористии “Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон”* ба уҳда гирифт, аммо мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина дароз карданд. Киев инро рад кард.

Шубҳаи асосӣ дар ин қазия иқрори зери шиканҷа буд. Дар вақти боздошт як гӯши Саидакрам Раҷабализодаро буриданд. Шамсидини Фаридунро бо гузоштани барқ дар олоти мардиаш шиканҷа карданд. Муҳаммадсобир Файзовро дар ҳоле ба додгоҳ оварда буданд, ки беҳуш ва дар аробаи маъюбӣ буд. Далерҷон Мирзоев бо осори латукӯб ва селофан дар гардан дар додгоҳ намудор шуд.

Пас аз ин ҳамла, сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия ба авҷи худ расид. Дар рӯзҳои аввали ҳодиса, тоҷиконро ба Русия роҳ намедоданд ва бо ҳар баҳонае аз фурудгоҳ бармегардониданд.

Дар ин миён ВКХ-и Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки аз рафтан ба Русия даст кашанд. Дар пайи ин, ба сафири Русия дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид. Чанде аз дигар мансабдорони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар Русия нигаронӣ карданд.

Тамоми ин муддат тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ пӯшида гузашт ва ҷомеа аз далели аслии ҷиноят огоҳ нашуд ва ҳамин тавр, ба суолҳои зиёди худ посух нагирифт, ки ин ҳама боадолатона содир шудани ҳукми додгоҳро зери шубҳа мебарад.

Исроил мегӯяд, Исмоил Хатибро ҳам куштааст. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна

0

Дар рӯзи 19-уми ҷанг алайҳи Эрон ва таниш дар Ховари Миёна, ки бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ шуруъ шуд, Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумак фиристод. Имрӯз, ҳамчунин, дар ҳоле, ки мардуми Эрон бо Алии Лориҷонӣ, яке аз чеҳраҳои матраҳи Эрон видоъ мегуфтанд, Вазорати дифои Исроил гуфт, Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот)-и Эронро ҳам куштааст. Вале мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Охирин таҳаввулоти Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.

Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошин рӯзи 18-уми март ба Эрон раҳсипор шуд ва он аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба куштори Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, ки будан ва ё набудани як фард дар сохтори сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ таъсир надорад.

Ӯ 18-уми март ба шабакаи “Ал-Ҷазира” гуфтааст, “мо фарди муҳимтар аз роҳбар надоштем ва ҳатто замоне, ки роҳбар ба шаҳодат расид, низом ба кори худаш идома дод ва билофосила ҷойгузин таъйин шуд”.

Ароқчӣ дар ин суҳбат, ҳатто бо ишора эҳтимоли кушта шудани худ зикр кардааст, ки агар рӯзе кушта шавад “дар ниҳояд фарди дигаре ҷойи ӯро хоҳад гирифт”.

Дар ҳамин ҳол, Амир Хотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Эрон гуфтааст, ки дар пайи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дар ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил “дар замон ва макони муносиб посухи қотеъ, боздоранда ва пушаймонкунанда” дода мешавад.

Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?

 

Аз хабари тасдиқнашудаи куштори Исмоил Хатиб то идомаи ҳамлаи тарафҳо

Замоне, ки дар Эрон бо Алии Лориҷонӣ ва чанде аз қурбониёни дигари ин ҷанг хайрбод мекарданд, Исроил Катс, вазири дифои Исроил, ки қаблан дар бораи куштори Лориҷонӣ аввалин шуда хабар дод, аз кушта шудани Исмоил Хатиб, яке аз дигар чеҳраҳои матраҳи Эрон дар пайи як ҳамлаи Исроил хабар дод.

Мақомоти Эрон то ҳол ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд.

Вале дар пайи кушта шудани Лориҷонӣ, Сипоҳи посдорони Эрон хабар дод, ки ба самти Исроил мушакҳо партоб кардааст. Яке аз ин ҳамлаҳо боиси марги ду нафар шуда, ҳамлаҳои дигар боиси сӯхтор ва хисороти густурда шудаанд.

Гузориши расонаҳои нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон хисороти чашмрасе ба биноҳои Телавив ва Ҳайфо ворид кардааст.

Дар умум, теъдоди кушташудҳо дар Исроил аз оғози ҷанг ба 14 нафар расидааст. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Исроил 192 захмӣ ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд ва теъдоди умумии маҷрӯҳон аз оғози даргириҳо ба 3 ҳазору 727 нафар расидааст.

Дар посух ба ин, Амрикову Исроил шаби гузашта чанд ҳамла ба Эрон анҷом додаанд. Аз ҷумла, дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр таркиш рух додааст. Созмони нерӯи ҳастаии Эрон гуфтааст, ки ҳамла ба ин нерӯгоҳ шоми сешанбеи 17-уми март рух дода, дар пайи он ҳеҷ зараре ба ин нерӯгоҳ нарасида ва касе аз кормандони он осеб надидааст.

Ҳамчунин, дар ҳамла ба як минтақаи маскунии вилояти Луристон 4 кас кушта ва 8 нафар захмӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, нисфирӯзии 18-уми март расонаҳои давлатии Эрон  аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба таъсисоти нафтии Порси Ҷанубӣ ва Асалӯя хабар доданд. Ҷузъиёти ин ҳамла ҳоло маълум нест.

 

Таҳдиди Трамп ба кишварҳои узви НАТО

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз омодаи поён додани ҳамла ба Эрон нест, аммо “дар ояндаи бисёр наздик амалан аз он хориҷ хоҳем шуд”.

Ӯ ин суханҳоро 17-уми март ба хабарнигорон гуфт, вале санаи мушаххасеро зикр накард.

Дар идома, Трамп аз кишварҳои НАТО, ки ба дархости ӯ барои ташкили эътилофи бозкушоии тангаи Ҳурмуз ҷавоби рад доданд, танқид кардааст ва тасмими онҳоро “иштибоҳи бисёр аҳмақона” хондааст.

Раисҷумҳури Амрико афзудааст, “мо аз онҳо муҳофизат мекунем, аммо онҳо дар муқобил, ба вижа дар замони ниёз коре барои мо анҷом намедиҳанд”.

Баъд аз ин, Доналд Трамп дар саҳифааш дар “Truth Social” кишварҳои НАТО-ро тундтар интиқод карда, навиштааст, ки “дигар ниёзи кумаки кишварҳои НАТО-ро надорем ва ҳато тамоюл ҳам ба он надорем, аслан ҳеҷвақт ҳам надоштем. Ҳамчунин ба кумаки Ҷопон, Австралия ва Куриёи Ҷанубӣ ҳам ниёз надорем”.

 

Истеъфои як мансабдори баландпояи Амрико дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Истодагарии Трамп дар ҷанг алайҳи Эрон дар ҳолест, ки рузи гузашта, Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги ин кишвар алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ моҳи феврали соли 2025 ба ин вазифа таъин шуда буд.

Кент 17-уми март, дар саҳифаи “Х”-аш навишт, ки “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.

"Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем", – илова кардааст ӯ.

Дар вокуниш ба истеъфои ӯ Доналд Трамп гуфт, "ман ӯро хуб намешинохтам, аммо вақте баёнияашро хондам, фаҳмидам, хуб шуд, ки рафт, чун гуфта буд, Эрон таҳдид нест".

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Бо идомаи ҷанг дар Эрон, таниш дар дигар кишварҳои Ховари Миёна ҳам идома дорад. Аз ҷумла,  шабонарӯзи гузашта, ҳамлаҳо миёни Исроилу “Ҳизбуллоҳ” ва зарбаҳои Эрон ба зерсохтҳои Амрико дар ин минтақа идома дошт.

Танҳо дар пайи ду ҳамлаи Исроил ба маркази Бейрут дастикам 6 кас кушта шуда, 24 нафар захмӣ шудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Лубнон дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар беш аз 900 тан кушта шудааст.

Субҳи 18-уми март сафорати Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ низ мавриди ҳамлаҳои шадид қарор гирифтааст. Хабаргузории “AFP” навиштааст, ки дар “Минтақаи сабз”-и Бағдод, ки макони муҳофизашаванда ва мақари сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ, аст, садои чанд таркиш шунида шудааст. Аз оғози ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон ин аллакай бори чандум аст, ки сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод мавриди ҳамла қарор мегирад.

Ҳамчунин, шаби гузаштаи 17 ба 18-уми март Арабистони Саудӣ ва Кувайт аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ хабар доданд. Арабистон мегӯяд, 6 паҳподро дар шарқи кишвар раҳгирӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз нуздаҳумин рӯзи ҷанг дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна аст. Даргирие, ки бо ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил ба Эрон шуруъ шуд, ки бо ҷавоби Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳоу зерсохтҳои  Амрико дар Ховари Миёна идома дорад ва ҳанӯз поёни он маълум нест…

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?

0

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то чаҳор рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ҷумла, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 25-уми март ба кор оғоз мекунанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, чун 20-уми март рӯзи Иди Фитр аст, ҳамаи бозорҳо дар ин рӯз кор намекунанд. Чанде аз бозорҳои калони пойтахт аз ҷумла, бозорҳои “Деҳқон”, “Саховат” ва “Сафариён” дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз кор хоҳанд кард.

Рӯйхати ин бозорҳоро дар баргаҳои мо бубинед:

Бояд гуфт, сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон аз 20 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ аз 30-юми март рӯзи корӣ эълон шудааст.

Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”, соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мегардад? Дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Имсол ҷашни асосии “Наврӯз” дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?

0

Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”, рӯзи 21-уми март соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, вале иштирок кардани раисҷумҳур дар ин ҷашн маълум нест.  

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки аксаран ҳудуди як ҳафта идома мекунад, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки сокинон як қатор мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешаванд.

 

Дар пойтахт кай ва чӣ чорабиниҳо таҷлил мешавад?

Аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳи рӯзи 21-уми март аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз мешавад.

Дар ин соат, аз чаҳор гӯшаи шаҳри Душанбе корвони Наврӯзӣ вориди пойтахт гардида, дар назди муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ гирдиҳам меоянд.

Имсол ҷашни Наврӯз дар пойтахт аз 19-ум то 28-уми март бо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳар рӯз дар 4 ноҳияи шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Замону макони баргузории чорабиниҳои наврӯзиро дар баргаҳои мо бубинед:

 

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз “Ҷашнвораи Наврӯзи Душанбе” (“Dushanbe Navruz Fest) баргузор мешавад. Он рӯзи 4-уми апрел соати 15:00 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то соати 22:00 идома меёбад.

Дар ҷашнвора ҳунармандони дохилӣ ва хориҷӣ ҳунарнамоӣ карда, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва шириниву нӯшиданиҳо дар назар аст.

Ба ғайр аз ин, барои меҳмонони ҷашнвора барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз ҷумла, бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, намоишҳои театрӣ, гӯшаи аспсаворӣ ва барои фароғати кӯдакон майдончаҳои махсус ташкил мешавад.

 

Дар Хатлон чӣ гуна чорабиниҳо ва кай мегузарад?

Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Бохтар, рӯзи 21-уми март, соати 9:00 барпо мегардад. Илова бар ин аз 22 то 25-уми март шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯзҳо дар шавҳру навоҳии вилоят чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:

– 22 март дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав;

– 23 март дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Муъминобод, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон ва Дӯстӣ;

– 24 март ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Абдураҳмони Ҷомӣ;

– 25 март ноҳияҳои Вахш ва Восеъ .

 

Дар Суғд ва ВМКБ чӣ?

Дар Суғд чорабинии асосии Наврӯз рӯзи 21-уми март дар Қалъаи Хуҷанд барпо мешавад. 

Аз хадамоти матбуотии раиси вилоят гуфтанд, ҳамчунин, бахшида ба Наврӯз рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар варзишгоҳҳо ва қасрҳои фарҳангӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд. Ба ғайр аз ин, мусобиқоти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла камонварӣ, пойга ва бузкашӣ низ баргузор мегардад.

Ҷашни асосии Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Соати баргузории ин чорабинӣ ҳоло маълум нест.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад.

Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Соли 2010 СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ тавр то имрӯз миёни мардум зинда мондааст, дар ин маводи мо бинед: Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?

“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”

0

Отахон Латифӣ, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва яке аз ташаббускорони раванди сулҳи тоҷикон, агар 22-юми сентябри соли 1998 дар маркази Душанбе мармузона кушта намешуд, имрӯз 90-солагиашро таҷлил мекард.

Ба ин муносибат рӯзноманигори “Азия-Плюс” бо профессор Иброҳим Усмонов, яке аз шахсиятҳои калидии раванди сулҳи тоҷикон ва узви Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), ки бо Латифӣ ҳамкасб буд, дар ду сангар қарор дошт ва дар ниҳоят дар як бино ва барои як маром кор кард, перомуни мавқеъ ва нақши Латифӣ дар сулҳи тоҷикон мусоҳиба анҷом дод.

Профессор Усмонов дар музокирот аз ҷониби ҳукумат ширкат дошт ва Латифӣ – аз ҷониби мухолифат. Дар оғоз аз Иброҳим Усмонов пурсидем, ки чӣ омил ва заминаҳое буданд, ки Отахон Латифӣ ба сафи мухолифат пайваст?

 

Чаро Отахон Латифӣ ба мухолифон пайваст?

Барои оппозитсионӣ шудани Отахон Латифӣ ҳеҷ гуна замина ё ангезаи хоссе вуҷуд надошт. Ӯ рӯзноманигори сиёсӣ набуд, мухбири хоси “Правда” ва “Комсомольская правда” буд, ки рӯйдодҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва пешрафту камбудиҳои Тоҷикистонро барои Маскав инъикос мекард. Масоили сиёсӣ ба ҳавзаи кори мухбирони маҳаллӣ дохил намешуд.

Вале дар нимаи дуюми солҳои 80-ум, дар замони бозсозии Горбачёв, дар низоми давлатдории шӯравӣ тағйироти бунёдӣ ба вуҷуд омад. Онҳое, ки дар қудрат буданд – пеш аз ҳама коммунистҳо ва журналистоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд – ба ду лагери муқобил тақсим шуданд: лагери аввал-тарафдорони давраи рукуди брежневӣ буданд; ва лагери дуюм – нерӯҳои нав, ки бо шиорҳои демократия роҳи иҷтимоии нав меҷустанд. Отахон Латифӣ ба ҷараёни горбачёвӣ гароиш кард – тарафдори ислоҳот шуд, на тарафдори сиёсати пешина.

– Латифие, ки гароиши демократӣ дошт, дар замони Шӯравӣ пойбанди мансаби давлатӣ шуд: ӯ дар Шӯрои вазирон чӣ гуна гунҷид?

– Бале, шахсе, ки пеш аз ин бо сиёсат сару кор надошт, дар оғози солҳои навадум муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон шуд. Зеро тафаккури Отахон Латифӣ бо ҳамон тағйироте, ки Горбачёв мехост ба вуҷуд оварад, ҳамоҳанг буд. Ӯ мехост, ки камбудиҳои Ҳизби коммунист ислоҳ шаванд ва системаи давлатдорӣ такомул ёбад – бо ҳамин мақсад ба ҳукумат даромад ва бо ҳамин мақсад баъдтар дар сафи оппозитсия ҳам пайваст.

 

Мухолиф ҳукумату ҳукумат мухолиф шуд…

 Андешаҳои Латифӣ бо ҳукумати комунистии вақт мутобиқат мекард? Агар ин тавр буд, пас чаро баъдтар ба сафи мухолифат гузашт?

Андешаҳояш мутобиқ буд. Нуктаи муҳим ин аст, ки ҳукумати коммунистии аввали соли 1991 ҳанӯз ҳам давлати шӯравӣ буд, на чизи дигаре. Фақат бозсозӣ дошт. Бозсозие, ки Горбачёв шиорашро ба миён оварда буд: “Мо бояд бидуни шарм дар бораи камбудиҳои содиркардаамон гап занем, то онҳоро ислоҳ карда тавонем”. Отахон Латифӣ низ дар партави ҳамин шиор ба қудрат омад – ӯ мехост, ки ба беҳтар шудани Ҳизби коммунист ёрӣ расонад ва давлатдории ин ҳизбро такомул бахшад.

Вале дар моҳҳои август, сентябр, октябр ва ноябри соли 1991 ҳукумат якбора сарупо дигаргун шуд. Касоне, ки рӯзе душман буданд, ба ҳукумат табдил ёфтанд ва касоне, ки ҳукумат буданд, ба мавқеи муқобил гузаштанд.

Отахон Латифӣ дар лагере қарор гирифт, ки дигар манфиати коммунизми пешинаро ифода намекард, гарчи мутлақо зидди ҳукумати коммунистӣ ҳам набуд. Яке аз мақолаҳои охирини ӯ аз он рӯзҳо “Меравам, барои он ки бозгардам” ном дошт – ин худ баёнгари мавқеи Отахон Латифӣ дар он лаҳзаҳо буд.

– Кай Отахон Латифӣ пурра ба сафи мухолифат пайваст?

– Мавқеъгирии ниҳоии Отахон Латифӣ дар интихоботи президентии соли 1991 равшан шуд. Дар маҷмӯъ нӯҳ номзад буд. Аммо тамоми Тоҷикистон гирди ду номзад ҷамъ омад – Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров. Аксарияти зиёии кишвар тарафдори Давлат Худоназаров буданд ва Отахон Латифӣ ҳам ба ҳамин лагер пайваст. Вақте ки Набиев президент шуд, Латифӣ табиатан дар оппозитсия монд.

 

Латифӣ давлати исломӣ намехост, чаро бо исломихоҳон буд?

– Аслан, Латифӣ дар сафи нерӯҳои демократхоҳ буд ё нерӯҳои исломихоҳ?

– Давлат Худоназаровро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ, – АП) дастгирӣ мекард. Вале ин маъное надорад, ки Отахон Латифӣ ақидаи он ҳизбро пазируфта буд. Не! Латифӣ аз ҷиҳати ақидаи сиёсӣ то охири умр коммунист ва тарафдори давлати дунявӣ монд. Инро бо қатъият мегӯям.

Вале дар сатҳи ҳамкории сиёсии интихоботӣ, бо вуҷуди он ки Қозиёти Тоҷикистон Давлат Худоназаровро дастгирӣ мекард, вале ӯ пирӯзӣ ба даст наовард, амалан ба Латифӣ таъсир расонд ва ӯ дар ҳамон лагер боқӣ монд.

Пас аз ин Отахон Латифӣ ба Эрон рафт, вале дар Эрон монда натавонист. Зеро тарзи зиндагии он кишвар ба тарзи тафаккури ӯ мутобиқат намекард. Баргашт ба Маскав.

 Гуфтаниед, ки Отахон Латифӣ андешаҳои динӣ надошт?

– Отахон Латифӣ андешаҳои коммунистӣ дошт ва то охир коммунист боқӣ монд. Ҳам дар тафаккур ва ҳам дар тарзи зиндагиаш.

– Узвияти Ҳизби наҳзати исломиро дошт?

– Не, ҳатто узви Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам набуд.

 Пас Латифие, ки тафаккури динӣ надошт, ҳатто узви ин ҳизб набуд, чаро дар лагери онҳо қарор гирифт?

Барои дарки ин ман як мисол меоварам. Як вақт яке аз роҳбарони мухолифинро пурсидам – ӯ дар соли 1990 худашро демократ медонист ва ба ақидаи исломӣ ҳеҷ алоқае надошт – ки чаро якбора ба сафи ҳаракати исломӣ дохил шудӣ? Ӯ гуфт: “Агар мо ҳаракати исломиро дастгирӣ намекардем, ба мо силоҳ намерасид ва имконияти мубориза надоштем”.

Яъне, азбаски қувваи асосии мубориза дар солҳои 90-ум Ҳизби наҳзати исломӣ буд – пул, силоҳ ва захираҳо дар дасти онҳо буд – бисёр шахсиятҳои ғайридинӣ маҷбур буданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Латифӣ ҳам.

 

Ҳимматзода дигар ҳарф мезаду Тӯраҷонзода дигар чиз

– Отахон Латифӣ дар Маскав Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистонро таъсис дод: мароми ин марказ чӣ буд?

– Дар Маскав Отахон Латифӣ дид, ки қувваҳои аз Тоҷикистон баромада ба чанд гурӯҳ пароканда шудаанд – демократҳо, растохезҳо ва зиёиёне, ки иҷборан муҳоҷир шуда буданд. Барои ҳамин Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ-ро ташкил дод ва роҳбари он шуд. Мақсади ин марказ он буд, ки зиёии дар муҳоҷират буда талаф ва миллат пароканда нашавад. Дар он лаҳзаҳо ин муҳимтарин чиз буд.

– Латифӣ ва маркази ӯ ҷонибдори ташкили давлати исломӣ набуданд?

– Не, онҳо давлати исломӣ сохтанӣ набуданд ва чунин даъво ҳам надоштанд. Дар ҳеҷ мақолаи Отахон Латифӣ нест, ки ӯ ақидаи роҳбарони Ҳизби наҳзат дар бораи характери давлатдории Тоҷикистонро тасдиқ карда бошад.

Аслан, дар он солҳо дар худи оппозитсия ҳам якдилии комил дар масъалаи давлатдорӣ набуд. Домулло Ҳимматзода соли 1992 дар Ишкошим гуфта буд, ки мо дар Тоҷикистон давлати исломӣ месозем. Вале ҳамон сол домулло Тӯраҷонзода дар рӯзномаи “Известия” гуфта буд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ намесозем, барои давлати исломӣ ҳоло фурсати зиёде даркор аст. Яъне, мафкураи давлатсозии исломӣ дар худи мухолифин ҳам пухта нарасида буд.

Аз тарафи дигар, Латифӣ аз инкишофи нерӯҳои исломӣ ҳам метарсид. Ташкилшавӣ ва фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ӯро нигарон мекард.

 Пас дар лагери мухолифин ба Отахон Латифӣ ба унвони коммунисте, ки давлати исломӣ намехост, чӣ гуна муносибат мекарданд?

– Баъзан шӯхӣ мекарданд, баъзан сахт мерасониданд, латифаҳо ҳам мебофтанд. Медонистанд, ки Отахон Латифӣ дар мубориза ба муқобили ҳукумат ҳамроҳи онҳост, вале дар айни ҳол медонистанд, ки ӯ шароб менӯшад, сигор мекашад ва намоз намехонад. Ин чизҳо барои онҳо пӯшида набуд.

 

Чаро ҳукумат назди Латифӣ рафт?​​​​​​​

 Шояд сабаб маҳз ҳамин навъи тафаккур ва мавқеъгирии Латифӣ буд, ки соли 1993 ҳукумат аз байни садҳо мухолифаш маҳз ба суроғи Отахон Латифӣ рафт?

– Рӯзи 18-уми декабри соли 1993 изҳороти се нафар дар матбуот чоп шуд – яке аз ин се Отахон Латифӣ буд. Онҳо эълон карданд, ки омодаанд бо ҳукумат дар масъалаи сулҳ ҳамкорӣ кунанд. Гузашти айём ҳам нишон дод, ки онҳо ин суханро содиқона гуфтаанд.

Ва аз соли 1993 ҳукумат зарур донист, одамҳоеро ёбад, ки аз ҷиҳати ақидавӣ бо ҳукумат наздик бошанд. Ҳукумат ба ҳамон изҳорот такя карда, аз ҷумлаи аввалинҳо ба Маскав ба суроғи Латифӣ рафт. Андешаҳои Латифӣ ба ҳукумат наздик буд. Вай коммунист ва дунявигаро буд.

– Дар музокироти сулҳи тоҷикон Отахон Латифӣ аз номи кадом лагер намояндагӣ мекард?

– Вақте музокироти сулҳ расман оғоз шуд, ҳайати оппозитсия то муддате бо се имзои ҷудогона иштирок мекарданд: Оппозитсия, Фонди кумак ба гурезаҳо – “Умед” ва Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ – маркази зери роҳбарии Отахон Латифӣ. Дар чанд музокирот “Растохез” ҳам ҷудогона имзо мекард. Танҳо баъди соли 1996 номи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) пайдо шуд.

 

Латифӣ ҳайати мухолифинро роҳбарӣ мекард​​​​​​​

 Латифӣ дар ду давраи аввали музокирот роҳбари ҳайати нерӯҳои мухолифин буд, чаро дар давраҳои дигар ӯ муовин шуд?

– Аслан, Латифӣ дар музокирот ҷонишини раиси ҳайати мухолифин буд. Вале азбаски роҳбари расмии ҳайати мухолифин – ҷаноби Тӯраҷонзода дар ду даври аввали музокирот – апрел ва июни соли 1994 иштирок накарданд, амалан Отахон Латифӣ дар ин ду давра роҳбарӣ кард. Ғайр аз ин, Отахон Латифӣ дар мулоқоти моҳҳои октябр ва декабри соли 1996 ҳам роҳбари гурӯҳи кории мухолифин буд. Бисёр шудааст, ки ба сабаби принсипнокиаш ва сулҳхоҳиаш дар муқобили роҳбари ҳайъаташон қарор гирифтааст.

 

“Ба ҳам хандида гуфтугӯ кардан осон набуд…”​​​​​​​

– Дар воқеъ, ҳарфу ҳадисҳое ҳаст, ки дар музокироти аввали ҳукумат ва мухолифат самимият эҳсос намешуд. Аз ҷумла, “ҳолпурсии иҷборӣ”-и Шумо бо Латифӣ ҳам ба гӯши мо расидааст…

– Мо – ҳамамон, музокиракунандаҳои ду тараф, дар ибтидо нисбат ба рақибамон бардошти манфӣ доштем ва ин бесабаб набуд. То солҳои 1989, 1990, 1991 ва 1992 суханони тунд дар муқобили ҳамдигар гуфта мешуданд.

Масалан, дар арафаи интихоботи президентии соли 1991 дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” шеъре чоп шуд бо сарлавҳаи тақрибан “Хат назан бар номи Худо, хат назан”, ки дар он ба одамони бегуноҳ дашном дода мешуд ва гуфта мешуд, ки агар ба фалонӣ овоз диҳӣ, фалону фалонӣ ҳастӣ.

Мо ба ҳамин шакл ба муқобили ҳамдигар мубориза мебурдем ва ин уқдаҳо дар дил мемонданд. Шустан ва партофтани ҳамаи инҳо ва ба якдигар қариб шудан, даст ба даст кардан ва ба ҳам хандида гуфтугӯ кардан кори осон набуд.

Моҳи апрели соли 1994 дар Маскав, дар яке аз қасрҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳайатҳои ду тараф барои аввалин бор дар як ҷо нишастанд. Намояндаи Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Ливиу Бота мардумро бо нишондоди хос шинонд: дар паҳлӯи кӯлобии мухолиф – кӯлобии ҳукуматӣ, дар паҳлӯи зарафшонии мухолиф – зарафшонии ҳукуматӣ, то ки ақаллан дар бораи хешу ақрабо ва хонаю ҷойҳояшон ба ҳам гуфтугӯ карда тавонанд. Аммо он вақт ҳатто дасти ошноӣ дароз кардан ба ҳамдигар мушкил буд.

Ҳамон шаб ба хулоса омадам, ки пагоҳӣ ба мухолифин салом намекунам. Қарор буд, ки пагоҳ вохӯрӣ дар яке аз қасрҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия баргузор шавад. Ҳайати оппозитсия каме пештар ба ҷойи мулоқот расиданд ва дар даҳлези маҷлисгоҳ мунтазири мо истоданд. Пас аз фурсате мо – ҳайати ҳукуматӣ вориди бино шудем ва бе салому калом, бо нодида гирифтани ҳайати оппозитсия, рост ба сӯйи маҷлисгоҳ рафтем. Дар ҳамин лаҳза садои Отахон Латифӣ баланд шуд, ки бевосита ба ман мегуфт:

– Ҳой, Иброҳим, дигарон шояд маро нашиносанд, вале чаро ту салом надода гузашта меравӣ? О, ману ту якдигарро хуб мешиносем! Ҳамкасб ҳастем. Ман раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ту узви Раёсати он…

Ин суханҳо маро бетафовут нагузошт. Баргаштам. Ба Отахон Латифӣ ва аъзои дигари ҳайати ИНОТ салому алейк кардам.

 Аз ҷониби ҳукумат барои ин ҳолпурсӣ ба Шумо чизе нагуфтанд?

Ҷониби ҳукумат худам будам – дигар кӣ гап мезад?

 

Миллат барои​​​​​​​ Латифӣ муҳим буд

– Назари ӯ ба масоили миллӣ чӣ буд?

Латифӣ дар масъалаи миллӣ, масъалаи фарҳанги миллӣ ва муттаҳид кардани халқ бисёр фикр мекард ва бисёр менавишт. Дар давраи музокирот, хусусан пас аз моҳи январи соли 1996, мавқеи Отахон Латифӣ дар мавзӯи миллӣ ниҳоят қавӣ ва муассир шуд. Ӯ медонист, ки раванди музокирот метавонад ба ҳар сӯ кашида шавад ва тақозо мекард, ки ин раванд дар ҷараёни ҳифзи миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад. Имкон намедод, ки миллат хор ва пароканда шавад.

Ҳатто Латифӣ ҳамеша пойфишорӣ мекард, ки ҳамаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон пурра навишта шавад, то таърих донад, ки кӣ хайрхоҳи миллат буду кӣ хунхори миллат. Аммо он сарфи назар шуд…

 

Ҷойгоҳи Латифӣ дар Комиссияи оштии миллӣ​​​​​​​

 Латифӣ чӣ мавқеъ ва нақше дар Комиссияи оштии миллӣ дошт?

Комиссияи оштии миллӣ аз 13 намояндаи мухолифин ва 13 намояндаи ҳукумат иборат буд. Раиси КОМ аз мухолифин – ҷаноби Нурӣ ва ҷонишини раис аз ҳукумат – Абдумаҷид Достиев буданд. КОМ 4 зеркомиссия дошт, дар ҳар кадом 6 кас: 3 кас аз оппозитсия, 3 кас аз ҳукумат. Отахон Латифӣ раиси зеркомиссияи ҳуқуқ буданд. Ман раиси зеркомиссияи сиёсӣ будам.

Дар баҳсу мунозираҳо дар КОМ сухани Латифӣ эътибори баланд дошт ва дар тайёр кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва қабули қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ низ нақши он кас барҷаста буд. Инро бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки Отахон Латифӣ низ, мисли аъзои ҳайъати ҳукумат, тарафдори дар Конститутсия сабтшудани вожаи “давлати дунявӣ” буд.

Латифӣ одами ҷиддӣ буд – то наомӯзад ва факти зарурӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ сухан намегуфт. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои Отахон Латифӣ вазн доштанд. Мо ҳар пешниҳоди ӯро ҷиддӣ мегирифтем ва баррасӣ мекардем.

Як фактро мегӯям, дар хотир гиред: рӯйхати қариб 7 ҳазор нафаре, ки тибқи Қонуни авфи якуми августи соли 1997 бахшида шуданд, як ба як аз ҷониби Отахон Латифӣ пурра омӯхта шуда буданд. Ҳамин гап мавқеъ ва бовари ду ҷониб ба Отахон Латифиро равшан баён мекунад.

 Чаро Латифӣ аз ҷумлаи 30%-и мансабҳо барои худ ягон вазифаи давлатӣ нагирифт?

Ду сабаб дорад. Аввал – тибқи низомнома аъзои КОМ наметавонистанд мансаб гиранд, онҳо мансаб тақсим мекарданд. Гарчи ин пурра риоя нашуд, вале ин қоидаи асосӣ буд. Дуюм, Латифӣ соли 1998 кушта шуданд, вале раванди тақсимоти мансабҳои 30-фоиза аз соли 1999 оғоз шуд.

 

Аз инъикоси ҷангу сулҳ то дӯстии ду ҳамкасб​​​​​​​

– Дар зимн, Отахон Латифӣ ҳамчун рӯзноманигор ҳаводиси ҷангу сулҳи тоҷиконро дар матбуот чӣ гуна бозтоб дод?

– Дар рӯзномаи “Коммерсантъ” як мусоҳибаи ману Отахон Латифӣ дар бораи музокирот чоп шуда буд. Чанд мақолаи дигари он кас дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон дар “Независимая газета” чоп шудааст. Боз ҳам бояд бошад.

Бояд гӯям, ки публитсистикаи Отахон Латифӣ то ҳол мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст ва ин бисёр бад аст. Ӯ чеҳраи барҷастаи журналистика ва сиёсати замони бозсозиву ҷангу сулҳи тоҷикон аст ва арзиши пажӯҳиши комилро дорад. Агар муҳаққиқони мо аз таҳқиқи осори шахсиятҳои тасодуфиву камарзиш даст кашида, ба пажӯҳиши мероси Латифӣ ва латифиҳо рӯ оваранд, публитсистикаи мо соҳиби як мактаби ҳувиятсоз мегардад.

– Бо Отахон Латифӣ кай ба ҳам қарин шудед ва шаҳодати дӯстиатон чист?

– Ман бо Отахон Латифӣ пеш аз ҷангу сулҳи тоҷикон ҳам дӯст будам. Дар ҷашнҳои рӯзи матбуот борҳо ӯро ба Университети давлатӣ (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) даъват мекардам. Баъдан вақте муовини раиси Шӯрои вазирон шуд, бо ҳам иртибот доштем. Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон якҷо кор мекардем.

10-уми сентябри 1998 дар ресторани “Гулдаста” дар Душанбе 50-солагиамро таҷлил кардам. Отахон Латифӣ дар он ҷашн иштирок дошт ва суханронии самимӣ ҳам кард. Муҳтавои он суханронӣ дар мавзӯи дӯстии мо, сулҳ ва оромии Тоҷикистон буд, ки бо эҳтиром ва бо эҳсос ҳарф задаанд. Пас аз 12 рӯзи он Латифиро куштанд…

 

Латифиро касе кушт, ки…​​​​​​​

 Рӯзи қатли Отахон Латифиро дар ёд доред ва ҷасади варо дидед: агар “ҳа”, чанд тир ба кадом қисматҳои баданаш расида буд?

– Он як фоҷиавӣ буд. Сиёҳнависӣ тамоми таъзияҳое, ки расман аз номи КОМ чоп шудаанд, ман тайёр мекардам. Сиёҳнависи таъзияи Латифиро ҳам ман навиштам. Ҷасади Латифиро дидам. Дар назди хонааш митинги мотам баргузор шуд ва раиси шаҳри Душанбе ҳам иштирок карданд ва сухан гуфтанд. Ман дар он ҷо будам. Вале дар бораи чанд тир чизе намегӯям…

 Ангезаи қатл чӣ буд? Ва қотилони Отахон Латифӣ ҷазо гирифтанд?

Ман ҳуҷҷати расмии кифоя надорам – на “ҳа” гуфта метавонам, на “не”, зеро дар чунин масъалаҳои ҷиддӣ бар асоси гуфтаву шунида сухан ронданро одоб намедонам. Мақомоти қудратӣ таҳқиқ карданд, натиҷаро намедонам.

Аммо дар бораи ангеза – ин чизе буд, ки ҳама медонистанд. Комиссияи оштии миллӣ яке аз ҳадафҳои аввалини ҳар касе буд, ки сулҳу оромӣ дар Тоҷикистонро намехост. Ин нукта ҳамеша дар зеҳни тамоми аъзои КОМ буд ва мо омодаи ҳама чиз будем.