Home Blog Page 5088

Эмомалӣ Раҳмон: Сабаби хушкшавии баҳри Арал – истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб аст

0


Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронии худ дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал дар шаҳри Алмаато президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сабаби хушкшавии баҳри Арал – истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб аст.




Миёни сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии минтақа ва зарурати аз ташхиси (экспертиза) – и байналмилалӣ гузарондани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баҳсу мунозира сурат гирифт.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт, ки пас ҳамаи обанборҳои бузурги кишварҳои поёноб низ, ки ҳаҷми оби баъзеашон аз баҳри Арал кам нест, бояд аз чунин ташхиси босалоҳияти байналмилалӣ гузаранд.



Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштараки сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интишор гашт. Дар ин бора аз хдамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар Маскав вазири мудофиаи Тоҷикистон дар кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ ширкат варзид

0



           

Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзид.





           

Чӣ тавре ки аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар машварат масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, имрӯз вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ-ро президенти Русия Дмитрий Медведев ба ҳузур хоҳад пазируфт.




           

Ба ҳайати СҲШ кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Мексика ба воридоти нахи пахтаи Тоҷикистон омода аст

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзии ҶТ Раҳмоналӣ Амиров бо сафири Мексика дар Тоҷикистон Эрнандес Басаве масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоврзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Чӣ тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сохтмони корхонаҳои коркарди меваву сабзавот дар Тоҷикистон, воридоту содироти зироати ғалладона ва ҳамкорӣ дар соҳаи пахтакорӣ табодули факор намуданд.



Ба иттилои манбаъ, сафири Мексика изҳор доштааст, ки дар як қатор вилоятҳои Мексика корхонаҳои бузурги бофандагӣ амал мекунанд ва ашёи хом барои фаъолияти онҳо аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. «Аз ин рӯ, мо омодаем воридоти нахи пахта аз Тоҷикистонро низ ба роҳ монем», – гуфтааст ӯ.


Рашид Раҳимов аз вазифаи сармураббии тими футболи «Локомотив» барканор шуд

0


           Душанбе. 29-уми апрел – Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии тими футболи «Локомотив» (Маскав) барканор шуд.




Нати


ҷ


аҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими гузашта ва оғози мавсими имсола футболдорони «Локомотив»-ро водор карданд, то сармураббиро аз вазифа сабукдуш кунанд. Бохти охирини «Локомотив»-и Маскав дар Премйер-Лигаи Русия аз дастаи «Кубан» косаи сабри футболдорони дастаро лабрез кард. Торнамои «Футболи То


ҷ


икистон» аз субҳи имр


ӯ


з бо такя ба расонаҳои рус


ӣ


навишта буд, ки Рашид Раҳимов ба истеъфо фиристода хоҳад шуд. Ин хабар бегоҳи р


ӯ


зи 28-уми апрел расман тасдиқ шуд.



Ҳамакнун, и


ҷ


рокунандаи ин вазифа Владимир Маминов, бозигари маъруфи рус хоҳад буд. Ду дастпарвардаи дигари футболи то


ҷ


ик – Игор Черевченко ва Сергей Мандреко ба


ӯ


ёвар хоҳанд буд.



Рашид Раҳимов якуним соли қабл аз дастаи «Амкар»-и Перм ба «Локомотив» омада буд. «Амкар» таҳти раҳбарии Р. Раҳимов дар соли 2007 нахустин бор ба дастоварди назаррас ноил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни 16 даста


ҷ


ои 8-умро ба даст овард.



Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1963 таваллуд шудааст. Нахуст


ӯ


дар дастаи «Захираҳои меҳнат


ӣ


»-и Душанбе боз


ӣ


кардаааст. Аввалин мураббиаш шодравон Сиро


ҷ


Носиров мебошад. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамо


ӣ


кардааст. Р. Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи


Ҷ


оми Русия (1992) мебошад.



Рашид Раҳимов пас аз гирифтани му


ҷ


аввиз аз соли 2002 ба кори мураббиг


ӣ


пардохта, ба бошгоҳи «Адмира-Ваккер» (Австрия) раҳбар


ӣ


мекунад. Моҳи сентябри соли 2006 вай вазифаи сармураббии дастаи «Амкар»-и Пермро ба уҳда гирифт ва дар нати


ҷ


аи раҳбарии устодонаи худ ин дастаро аз хавфи хори


ҷ


шудан аз дивизиони олии футболи Русия на


ҷ


от дода буд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Ҳизби демократи Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мукофотҳо таъсис дод

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби демократи Тоҷикистон барои журналистони тоҷик мукофотҳои «Барои дифоъ аз манфиати миллӣ»-и ба номи Тоҳири Абдуҷаббор, «Барои ҷасорати журналистӣ»- ба номи Аслиддини Соҳибназар, «Барои журналистикаи муосир»-и ба номи Имомназари Холиқназар ва «Барои мавқеъи шаҳрвандӣ»-и ба номи Ҷумъабой Ниёзовро таъсис дод.




Тавре муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, иқдоми мазкур баҳри воқеъбинона арзёбӣ кардани саҳми шахситяҳои мазкур дар роҳандозии равандҳои демократӣ дар кишвар ва абабдӣ гардонидани хотираи онҳо амалӣ мегардад. «Шартҳои озмун чунинанд, ки аъзои комиссия аз ҳисоби Шӯрои сиёсии ҳизб мустақилона ғолибонро муайян мекунад, яъне журналистонро зарур нест, ки маводи худро пешниҳод намоянд», – гуфт ӯ.



Номбурда аз ифшои ҳаҷми маблағи пулии мукофот худдорӣ карда гуфт, он дар маросоми супурдани мукофотҳо, ки 3-уми май – Рӯзи байнулмилалии озодии сухан баргузор мешавад, маълум хоҳад шуд.


Баҳси Раҳмон ва Каримов дар Алмаато

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар муқобили суханронии раиси


ҷ


умҳури Узбакистон, Ислом Каримов, таҳдид намуд, ки асноди нишастро имзо нахоҳад кард.




Ҷа


ноби Раҳмон талаб кард, ду банди марбут ба масъалаи обу барқ аз санади ниҳоии нишаст ихтисор карда шаванд, дар акси ҳол ин санадро имзо нахоҳад кард. Ин дар ҳоле буд, ки бо талаби президенти Узбакистон Ислом Каримов ва пас аз суханронии


ӯ


, ин ду банд ба эъломияи Алмаато ворид гашт.



Дар ин бандҳо гуфта мешуд, ки бояд дар масъалаи бунёди нер


ӯ


гоҳҳои барқи об


ӣ


назари кишварҳои савум ба ҳисоб гирифта шавад.



Каримов гуфт, алъон дар ин маврид на танҳо се кишвари поёноб Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, балки созмонхои байнулмилал


ӣ


, ба шумули Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


низ дар як мавқеъ қарор доранд ва он ин аст, ки бунёди нер


ӯ


гоҳҳо ба кишварҳои поёноб зарар ва хатар дорад.



Дар оғози нишасти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии на


ҷ


оти Арал ҳарчанд Нурсултон Назарбоев аз ҳамтоёнаш хохиш кард, ки танҳо дар мавриди Арал с


ӯ


ҳбат кунанд ва ба масъалаи бунёди нер


ӯ


гоҳо дахолат накунанд, вале Ислом Каримов, ки Назарбоев дар охир ба вай навбати сухан дод, боз ба ин масъала дахл кард.



Баъди суханронии сарвари Узбакистон Раҳмон таъкид кард, ки аз протокол банди марбут ба масъалаи обу барқро берун кунанд. Назарбоев гуфт, ки аз коршиносон хоҳиш хоҳад кард, ки ҳу


ҷҷ


ат бидуни ин нукта омода шавад. Дар ин бора бахши тоҷикии радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон, дар фарҷом изҳороти муштараки сарони кишварҳои муассиси Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба имзо расид. Дар изҳороти Кумитаи иҷроияи Бунёд гуфта мешавад, ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки барномаи нави кӯмак ба аҳолии ҳавзаи баҳри Аралро таҳия созанд ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилотҳои мададрасон тамоми чораҳо пеш гирифта шаванд.


Раёсати БДА: Дар Тоҷикистон аз ҳар панҷ нафари ба садама дучоргардида як нафар ба ҳалокат мерасад

0



        




     

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 357 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ хабар доданд, бар асари ин ҳодисаҳо 91 тан (афзоиш –18,2 дарсад) ҳалок ва 397 нафар (афзоиш 11,5 дарсад) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, феълан меъёри марг ба 100 нафари ҷабрдида дар садамаҳои нақлиёт 18,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо кишварҳои тараққикарда зиёдтар аст. «Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон аз ҳар панҷ нафари ба садама дучоргардида як нафар ба ҳалокат мерасад», – афзуд манбаъ.


Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Қирғизистону Туркманистон мулоқот кард

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар шаҳри Алмаатои

 



Ҷ


умҳурии Қазоқистон бо Президенти


Ҷ


умҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов мулоқот намуд.




Дар вох


ӯ


р


ӣ


бо

 

Қурмонбек Боқиев масоили ҳамкор


ӣ


ва ҳусни ҳамсоягии То


ҷ


икистону Қирғизистон баррас


ӣ


шуд.



Тава


ҷҷ


ӯ


хи махсус ба фаъолияти ҳамоҳангу як


ҷ


ояи ду кишвар дар ҳаллу фасли масоили минтақавии вобаста ба истифодаи захираҳои об


ӣ


ва ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсион


ӣ


зоҳир карда шуд.



Зикр гардид, ки сохтмони роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе- Рашт- сарҳади Қирғизстон ва пайвастани он бо Қазоқистону Чин аз як


ҷ


ониб ва бо Афғонистон аз


ҷ


ониби дигар ба манфиати ҳарду кишвар буда, ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои минтақав


ӣ


мусоидати фаъол мекунад.



Сарони ду давлат ҳамчунин ба бунёди роҳи оҳан дар ҳамин масир изҳори хавасманд


ӣ


карданд.



Дар вох


ӯ


р


ӣ


бо Гурбонгули Бердимуҳаммедов гуфтуг


ӯ


йи судманд атрофи кулли масоили вобаста ба муносибатҳои То


ҷ


икистону Туркманистон сурат гирифт.



Сарони ҳарду давлат омодаг


ӣ


ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо, аз


ҷ


умла дар самти додугирифти нер


ӯ


и барқ, маҳсулоти нафт


ӣ


ва алюминийи аввалия таъкид намуданд.



Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва чораандеш


ӣ


баҳри сабук намудани мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


 

Дар семоҳаи аввал ҳаҷми маблағҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 85 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввал ҳаҷми маблағҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 85 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки тақрибан ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.





           

Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки дар шароити бӯҳрони молӣ рақобатпазирӣ миёни кишварҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисод шадид гардида, дар чунин вазъ зарур аст, ки ба сармоягузорони хориҷӣ имтиёзоти бештар дода шавад.




           

Ба гуфтаи Ф.Ҳамралиев, айни замон дар ҷумҳурӣ 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,4 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. $) амалӣ гардида, боз 100 лоиҳаи дигар барои пешниҳод ба сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ омода гардидааст.


Дар қисмати ҷанубу шарқии Душанбе ғоратгарон аз мағозаи «Вохӯрӣ» 4 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ бурданд

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта мағозаи маводи ғизоии «Вохӯрӣ» дар шаҳри Душанбе аз тарафи шахсони номаълум мавриди ғорат қарор гирифт.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чор нафар шахсони номаълум вориди мағоза гардида, бо таҳдиди истифодаи силоҳ аз фурӯшанда Акбарҷон Маҳмадҷонов калиди сейфро мегиранд. «Ғоратгарон аз дохили сейф маблағи 4 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.