Home Blog Page 5122

Кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ду тайёраи навъи Ил-76 бо кӯмаки башардӯстонаи Русия ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омаданд.




Чӣ тавре ки аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кӯмаки башардӯстона аз 15 тонна консерваҳои гӯштӣ, 25 тонна қанд, 9 нерӯгоҳи хурди сайёр, 100 хайма, 100 дастгоҳи гармидиҳӣ ва 3 ҳазор кӯрпаи рӯйпӯш иборат аст. Вазни умумии кӯмак 96,4 тонна буда, арзиши он 32,746 млн. рубли русиро ташкил медиҳад.



Зикр гардид, ки боз як тайёраи дигар бо кӯмаки башардӯстонаи Русия рӯзи 26-уми март вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.


Ширкатҳои Ҳиндустон корҳои сохтмони хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба Пули Хумриро оғоз карданд

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкатҳои «


KEC




International


» ва «


RPG




Transmission


»-и Ҳиндустон корҳои сохтмони хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба маҳаллаи аҳолинишини Пули Хумрии Афғонистонро оғоз карданд.




Чӣ тавре ки аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, корҳои омодагӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон шурӯъ шудаанд.



Ба иттилои манбаъ, феълан самти бунёди хат муайян гардида, коршиносон ҷойҳои гузоштани пойгоҳҳоро интихоб менамоянд. «Масофаи хати интиқоли барқ то марзи Афғонистон беш аз 100 километрро ташкил дода, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нимаи аввали соли 2010 пешбинӣ мегардад», – афзуд сарчашма.



 



Ноиби президенти БРО вориди Тоҷикистон шуд

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жао бо боздиди расмии дурӯза вориди Тоҷикистон гашт. Ин дақиқаҳо ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид мекунад.





           

Тавре аз намояндагии БРО дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи бонк маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рафти амалисозии лоиҳаҳо оид ба таҷдиди дастгоҳи кушоди барқтақсимкуни 500 кВ дар нерӯгоҳи Норак ва таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе – марзи Қирғизистон, ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, зимни сафари дурӯза ноиби президенти бонк ҳамчунин бо роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти расмии ҳукумат ва шарикони бонк низ мулоқот мекунад. Дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаҳои беҳбуди зерсохтори бахшҳои иқтисод, фароҳам сохтани шароити мусоид барои тиҷорату сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Ноиби президенти бонк инчунин аз макони татбиқи лоиҳаҳои сохтмон низ боздид хоҳад кард», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки Шиаою Жао ният дорад, дар чорабинии ҷашни 10-умин солгарди ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ миёни БРО ва Тоҷикистон ширкат варзад.




Маълумотнома:

Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2008 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,5 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 811,4 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 274,5 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.


Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон наздики 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 129,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.





           

Тавре сармуҳандиси Нақшаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа Қосимҷон Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони қисмати роҳи оҳани 46,3 километраи Ваҳдат-Ёвон, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро бо пойтахт мепайванд, дар ду марҳила амалӣ гардида, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат ва Ёвон Қӯрғонтеппаро ба ҳам васл месозад.




           

Ба гуфтаи Қ.Муродов, чун феълан роҳҳои оҳани мавҷуда ба ин самт ҷавобгӯи талабот нестанд, пас аз анҷоми сохтмон корҳои таъмиру таҷдид ва расонидани андозаи роҳ ба дараҷаи чаҳорум шурӯъ мегарданд, вале феълан оид ба арзиши ин корҳо сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон роҳи оҳани миёни Душанбеву Қӯрғонтеппа 469 километрро ташкил дода, он қаламрави Ӯзбекистонро убур мекунад.


Сарвари давлат дар арафаи ҷашни Наврӯз бо зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқот мекунад

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали рӯзи 20-уми март дар бинои тетари академиву драмавии ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти ҳамасолаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни ҷумҳурӣ баргузор мешавад.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот сарвари давлат маърӯза намуда, дар он оид ба нақши зиёиён дар рушди ҷомеа ва рафъ сохтани оқибатҳои бӯҳрони молӣ ибрози назар хоҳад намуд.




           

Ёдрас мекунем, ки тайи якчанд соли ахир сарвари давлати Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз бо зиёиёни кишвар мулоқот барпо месозад ва чунин вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромадаанд.


Иштироки президенти Тоҷикистон дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон зимни сафар ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки масофааш


46 километр

буда, қисмате аз роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа мебошад, иштирок намуд.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои амалисозии лоиҳаи мазкур ҳудуди 140 млн. доллари ИМА зарур аст. Алҳол маблағгузории сохтмони қитъаи роҳро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъмин сохта, минбаъд ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аз эҳтимол дур нест.



Ғайр аз ин, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.



Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.



Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.




 

Тайи 17 соли ахир дар Тоҷикистон истифодаи нерӯи барқ ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли 2008 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми талафоти барқ ба миқдори 1,1 млрд кВт/соат афзудааст.





           

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, агар соли 1991 ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ 17 млрд. кВт/соатро ташкил дода бошад, пас соли гузашта он то 12,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфтааст. «Кам шудани ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноат марбут буда, агар соли 1991 барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти саноатӣ 10,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ хароҷот гардида бошад, пас соли 2008 он ҳамагӣ муодили 6,5 млрд. кВт/соат гашт», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ба миқдори 1,3 млрд. кВт/соат зиёдтар шуд. «Дар Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми истифодаи гази табиӣ дар муқоиса бо соли 1991 ба миқдори 1,3 млрд метри мукааб коҳиш ёфт», – афзуданд дар вазорат.

         



ҶСП «Рушди устувори шаҳрҳо»-и Русия ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл гуфтушуниди раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо директори ҶСП «Рушди устувори шаҳрҳо»-и Русия Юрий Воскресенский баргузор гашт.





           

Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ба роҳ мондани муносиботи хамкорӣ миёни корхонаву муассисоти кишварҳо ва сармоягузории лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷониби Русия доир ба имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла мармар, гранит ва боксит изҳори назар намуд.




           

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки ҳамчунин дар бахши саноати бофандагӣ, коркарди пахта, бунёди роҳу пул ва нақб, таъмири таҷҳизоти роҳи оҳан ва лоиҳаҳои рушди зерсохтори бахши сайёҳӣ низ имконоти сармоягузорӣ мавҷуд аст.



 

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон реҷаи шадиди фаъолият ҷорӣ мегардад

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз фардо, 20-уми март ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва нерӯҳои низомии сохтори умури дохилӣ ба реҷаи шадиди фаъолият мегузаранд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии

 

кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чораи мазкур бинобар таҷлили ҷашни Наврӯз пеш гирифта мешавад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, иншооти ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии умумӣ таҳти муҳофизати кормандони милиса қарор мегиранд. Реҷаи шадиди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 25-уми март идома хоҳад ёфт.




           

Ғайр аз ин, тибқи иттилои расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, ин рӯзҳо дар марзи давлатии ҷумҳурӣ ва бахусус дар марз бо Афғонистон низ чораҳои пурзӯр намудани муҳофизати марз андешида мешаванд.


Аксари кӯмаки башардӯстонаи дар ду моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон воридгардида ба Амрико рост меояд

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли равон 26 кишвари хориҷи дуру наздик ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 16 млн. 550 ҳазор $ кӯмаки башардӯстона расониданд.





           

Тавре аз Кумитаи давлатии омори ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра ба кишвар ба маблағи 885 ҳазор $ орд, беш аз 1 млн. $ равғани растанӣ, 7 млн. 999,8 ҳазор $ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 260 ҳазор $ сарулибосу пойафзол ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои электронӣ ва компутару қисмҳои эҳтиётии он ворид гардиданд.




           

Миёни кишварҳои мададрасон ба Амрико 51,8; Латвия – 12,3; Олмон – 9,7; Русия – 5,5 ва Қазоқистон – 3 дарсади кӯмаки башардӯстона рост меояд.