Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон наздики 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 129,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.             Тавре сармуҳандиси Нақшаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа Қосимҷон Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони қисмати роҳи оҳани 46,3 километраи Ваҳдат-Ёвон, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро бо пойтахт мепайванд, дар ду марҳила […]



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 129,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.





           

Тавре сармуҳандиси Нақшаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа Қосимҷон Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони қисмати роҳи оҳани 46,3 километраи Ваҳдат-Ёвон, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро бо пойтахт мепайванд, дар ду марҳила амалӣ гардида, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат ва Ёвон Қӯрғонтеппаро ба ҳам васл месозад.




           

Ба гуфтаи Қ.Муродов, чун феълан роҳҳои оҳани мавҷуда ба ин самт ҷавобгӯи талабот нестанд, пас аз анҷоми сохтмон корҳои таъмиру таҷдид ва расонидани андозаи роҳ ба дараҷаи чаҳорум шурӯъ мегарданд, вале феълан оид ба арзиши ин корҳо сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон роҳи оҳани миёни Душанбеву Қӯрғонтеппа 469 километрро ташкил дода, он қаламрави Ӯзбекистонро убур мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.