Home Blog Page 5123

Президент ба Ваҳдат рафт

0


Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.




Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, чанде баъдтар сарвари давлат ба корҳои сохтмонии роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон, ки яке аз қисматҳои роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа» мебошад, ҳусни оғоз хоҳад бахшид.



Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.



Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.


Муҳоҷирони меҳнатӣ 17 дарсади шахсони бори нахуст ба бемории сил мубталогаштаро ташкил медиҳанд

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз 6 ҳазору 115 нафар шахсони бори нахуст ба бемории сил гирифторшуда 17 дарсадашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.





           

Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов изҳор дошт, ки шумори муҳоҷирони меҳнатии гирифтор ба бемории сил ба 1 ҳазору 26 нафар расида, аксари онон ба бемории сили давомдор мубталоянд, ки он кӯшиши зиёд ва муолиҷаи дарозмуддатро тақозо менамояд. «Агар барои муолиҷаи беморӣ дар марҳилаи аввали гирифторӣ барои як нафар 48 доллари амрикоӣ хароҷот шавад, пас барои мубталоёни бемории давомдори сил ин маблағ ба 7 ҳазор доллари ИМА баробар буда, мӯҳлати табобат низ се маротиба зиёдтар мешавад», – гуфт ӯ.




           

С.Раҳмонов мегӯяд, барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷати шакли ягонаи маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ таҳия шудааст ва он соли равон тасдиқ хоҳад гардид.

 



Дар сохтори ИДМ Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар таъсис дода мешавад

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.




           

Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои вазирони умури дохилӣ, Шӯрои роҳбарони сохтори амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод ширкат варзиданд.




           

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи иттиҳодро таҳия намудааст ва он ҷиҳати коркарди минбаъда ба мақомоти дахлдори кишварҳои узв ирсол мегардад.


Намояндагони дипломатии Ӯзбекистон ба мактаб-интернати Душанбе кӯмак расониданд

0



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои нобиноёни (филиали мактаби рақами 56-и ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе Иди Наврӯзро бо сарпарастони худ – намояндагони дипломатии сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ пешвоз гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ин муносибат дар мактаб бо иштироки волидайни тарбиятгирандагон ва намояндагони сафорат ҷамъомади ботантана ва консерт баргузор шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, сафорати Ӯзбекистон соли дуввум аст, ки тарбиятгирандагони ин интернатро таҳти сарпарастии худ гирифта, мудом ба онҳо кӯмак мерасонад. «Ба сифати тӯҳфа намояндагони дипломатии Ӯзбекистон ба мактаб-интернат таҷҳизоти пухтани маҳсулоти нонӣ тақдим намуда, ҳамчунин бо маводи ғизоӣ, аз қабили орду макарон ва маҳсулоти қаннодӣ ёрӣ расониданд», – афзуд манбаъ.


USAID рӯзноманигоронро дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид месозад

0



Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири ИМА дар То

ҷ


икистон

Трейси Энн


Ҷ


ейкобсон ва муовини Вазири тандуруст


ии ҶТ


Соҳибназар Раҳмонов 17-уми март нишасти хабарӣ оид ба масоили пешгир


ию


назорати бемории сил ва иқдомоти Ҳукуматҳои


Ҷ


Т ва ИМА


ҷ


иҳати ҳифзи аҳолии То


ҷ


икистон аз ин бемории сироятӣ баргузор карданд. Чорабинии мазкур дар доираи тренинги дур


ӯ


за барои рӯзномани


горон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба бемории сил дар То


ҷ


икистон ва афзудани нақши хабарнигорон дар ҳифзи сиҳатии аҳол


ӣ


тавассути пахши иттилооти дақиқ гузаронида шуд. Ин давраи ом


ӯ


зиш


ӣ


аз


ҷ


ониби Вазорати тандурустии


Ҷ


Т ва Мактаби мустақили р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри XXI» бо дастгирии молиявии USAID тавассути Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобал


ии


мубориза бо ВНМО (СПИД), сил ва табларза доир карда шуд.




Сафир


Ҷ


ейкобсон изҳор дошт, ки ИМА


ҷ


иҳати пешгир


ӣ


ва назорати бемории сил айни замон ба То


ҷ


икистон к


ӯ


мак мерасонад. Аз соли 2004 ин


ҷ


ониб к


ӯ


маки мазкур ба маблағи 2 866 362 доллари амрико


ӣ


расонида шуда, боиси пешрафти назаррас гардидааст. USAID айни замон Вазорати тандурустиро


ҷ


иҳати назорати бемории сил дар 13 ноҳия бо аҳолии умумии 1,8 миллион дастгир


ӣ


менамояд. Бинобар истифодаи та


ҷ


риба ва усулҳои пешқадами байнамиллал


ӣ


, нишондодҳои муоли


ҷ


аи муваффақонаи бемории мазкур дар ин ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.



Дар нишасти матбуот


ӣ


муовини Вазири тандуруст


ии ҶТ


Соҳибназар Раҳмонов зикр кард, ки аз давраи дар То


ҷ


икистон қабул шудани низоми маъмули сатҳи байналмиллал


ӣ


, имконоти вазорат ҷиҳати муайянсозии беморони сил афзуд. Дар нати


ҷ


а, сатҳи бақайдгирии бемории сил дар То


ҷ


икистон 85.6 ҳодисаро ба 100 ҳазор аҳол


ӣ


ташкил дод. Ҳамзамон миқдори фавт дар як сатҳ боқ


ӣ


монда, 5,7 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳол


ӣ


дар як сол муайян карда шудааст.



Дар


ҷ


араёни конфронси матбуот


ӣ


Салебан Омар, Роҳбари бахши татбиқи грантҳои Хазинаи Глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД), сил ва табларза дар


Ҷ


Т ва Алексей Коробитсин, роҳбари Созмони байналмиллалии ғайридавлатии амрикоии Лоиҳаи ҲОУП дар То


ҷ


икистон низ ба суолҳои р


ӯ


зноманигорон посух доданд.



Қобили зикр аст, ки тренинги дур


ӯ


за ба мавз


ӯ


и инъикоси масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил дар ВАО-и Тоҷикистон бахшида шуда, бо иштироки рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ доир гардид. Расонаҳои хабарӣ дар пешгирӣ ва назорати бемории сил тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии


ҷ


омеа оид ба хатари ин беморӣ, роҳҳои пешгирии паҳншавии он, таъин намудани табобати дуруст ва риояи он нақши бузург доранд. Дар ҷараёни тренинг инчунин меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии пахши иттилоот оид ба бемории сил мавриди баррас


ӣ


қарор гирифтанд.



Барномаи зидди бемории сил, ки аз


ҷ


ониби Лоиҳаи ҲОУП амал


ӣ


мегардад, яке аз чандин лоиҳаҳост, ки аз тарафи О


ҷ


онсии ИМА оид ба рушди байналмилал


ӣ


(USAID) дар То


ҷ


икистон амал


ӣ


карда мешавад. Аз соли 1993 то ин дам мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар ба То


ҷ


икистон к


ӯ


мак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисод, тандуруст


ӣ


, маориф ва институтҳои демократ


ӣ


равона гардидаанд.





 

Иттиҳоди Аврупо дар ифтитоҳи озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти зудвайроншаванда ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

0


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо барои воситаҳои нақлиёт, ки бо ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншаанда сарукор доранд, истгоҳи санҷишу ташхис ифтитоҳ мегардад.




Чӣ тавре ки аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди марказҳои сертификатсионии таҷҳизот барои ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншаванда дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» баҳори соли ҷорӣ чаҳор чунин озмоишгоҳ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. «Истгоҳи нахустин имрӯз дар Алмаато боз мегардад», – гуфт манбаъ.



Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2007 оғоз гардидааст.


Ҳукумати ИМА ба марзбонони тоҷик ду автомашинаи «КАМАЗ» тақдим кард

0



           

Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ҳукумати ИМА дар доираи ҳамкориҳои ҳкуматҳои Тоҷикистону Амрико ба марзбонони тоҷик ду автомашинаи КАМАЗ ва қисмҳои эҳтиётии онро тақдим кард.





           

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётӣ ҳудуди 150 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти супурдашуда барои дастгирии амалиёти ҳамарӯзаи марзбонон ҷиҳати дифоъи сарҳад ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир пешбинӣ шудаанд», – гуфт манбаъ.




           

Қобили зикр аст, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 бо марзбонони тоҷик мунсибатҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.


Корҳои мустаҳкамкунии соҳили чапи обанбори Қайроққум бо маблағгузории Бонки халқии Қазоқистон анҷом ёфт

0



           

Хуҷанд. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Корҳои лоиҳаи мустаҳкамкунӣ ва тозакунии соҳили чапи обанбори Қайроққум тавассути маблағгузории Бонки халқии Қазоқистон дар ҳаҷми 30 млн. танга (840 ҳазор сомонӣ) анҷом ёфт.





           

Тавре сардори муассисаи механиконидашудаи сайёри рақами 41-и «Суғдобсохтмон» Ҳаким Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар доираи татбиқи лоиҳа наҳрҳои обёришавандаи пойгоҳҳои обкашии «Маҳрам» тоза карда шуда, сарбанди муҳофизатӣ бунёд гардид, вале то ҳанӯз ҳамаи корҳо дар ин самт пурра анҷом наёфтаанд ва интизорӣ меравад, ки марҳилаи дуввуми амалисозии лоиҳа шурӯъ мешавад.




           

Ҳ.Раҳимов мегӯяд, зарурати татбиқи лоиҳа бар он асос ёфта буд, ки соҳилҳои обанбор аз шусташавӣ нигаҳдорӣ карда шаванд. «Чун қаъри обанор аз лойқа пур шудааст, аз ин рӯ, дар сурати аз сатҳи муқаррарӣ боло рафтни об, обзеркунии заминҳои корами соҳил аз эҳтимол дур набуд», – таъкид сохт ӯ.


Занони Ваҳдату Кӯлоб тарзи дурусти хароҷоти маблағ дар оиларо меомӯзанд

0


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб дар мавзӯи «Дастоварди молиявии ту» оид ба омӯзиши банақшагирии молиявӣ дар оила маҷмӯи семинарҳо баргузор гашт.




Тавре ҳамоҳангсози Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт Олга Марианти ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кормандони мактаб дар ҳамдастӣ бо шарикон аз созмони ғайриҳукуматии «Гендер ва Рушд» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум барои аҳолии ноҳияҳои дурдасти ҶТ як қатор тренингҳои олмӯзишӣ доир намуданд.



Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии молиявии муассисаи молияи «


VP


Лизинг»-и Олмон бо занони шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб дар ин мавзӯъ чаҳор семинар гузаронида шудааст. «Дар семинар занон бо тарзи идораи даромаду хароҷот дар оила, таҳияи буҷаи оилавӣ, пасандоз барои ҳолатҳои фавқулодда ва дигар масъалаҳои марбут ба хароҷоти маблағи оилавӣ шиносоии амиқ пайдо карданд», – афзуд О.Марианти.


Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ мекунад

0


Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронии шадид мекунад.




Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарчашма аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ беш аз 41 млн. сомониро ташкил додааст. Намояндаи раёсати сохтмон таъкид сохтааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои пардохти маблағи истифодаи барқ аз нерӯгоҳ масъул аст.



Намояндагони ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» изҳор доштаанд, ки ба дарозо кашидани мӯҳлати пардохти қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ба пардохти саривақтии маоши сохтмончиёну коргарон ва мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳ таъсири манфӣ мерасонад.