Home Blog Page 5129

Панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд

0


Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.




Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик, ки дирӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ баргузор гашт, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар васоити ахбори умум сардабири ҳафтаномаи «Омӯзгор» – Маҳмадшариф Бобошоев, директори Радиои тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор, муҳаррири баномаҳои фароғатии радиои «Ватан» – Субҳони Ҷалил ва барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи ВАО муаллифи китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» профессор Иброҳим Усмонов ва омӯзгори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Давлат Давронов ба ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.



Ғайр аз ин, 55 нафар рӯзноманигор бо нишонии сарисинагии «Аълочии матбуот» ва 23 рӯзноманигор бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд.



Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор рӯзноманигоронро бо ифтихорномҳо сарфароз гардонида, якчанд медиа-созмонҳо, аз ҷумла шабакаи мустақили телевизиони «СМТ» ва ОИ «Азия-Плюс» соҳиби ифтихорномаҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ гаштанд.


Ҷорӣ сохтани асъори ягона бидуни истисно ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЕврАзЭС хоҳад буд, – назари узви парлумони ҷумҳурӣ

0



           

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков бар чунин назар аст, ки пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили асъори ягона барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) метавонад ба беҳбуди вазъи молияӣ дар ин кишварҳо мусоидат намояд.





           

И.Талбаков мегӯяд, иллати аслии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шикасти доллари амрикоӣ аст ва барои беҳбуди вазъи молиявӣ дар қаламрави ЕврАзЭС кишварҳои узви иттиҳодро зарур аст, асъори гардишии худро

 

ҷорӣ созанд. «Пайдо гаштани асъори нави саросарӣ (глобалӣ) дар солҳои наздик ғайриимкон аст, вале ҷорӣ сохтани асъори минтақавӣ айни замон мантиқан дуруст аст ва ман чунин мешуморам, ки ҳар як иттиҳод ё созмони кишварҳо бояд асъори ҳисобиву гардишии худро дошта бошад ва ба ин асъори Евро мисол шуда метавонад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҷорӣ сохтани асъори ягона бидуни истисно ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЕврАзЭС, аз ҷумла Тоҷикистон низ хоҳад буд.




           

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Баҳодур Сафаров чунин ибрози ақида намуд, ки чун сатҳи рушди иқтисоди кишварҳои узви ЕврАзЭС феълан гуногун аст, ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод ғайривоқеӣ аст ва ҳарчанд чунин пешниҳод ба нафъи кишварҳои қашшоқи минтақа бошад ҳам, барои намуна Русия ба он ҳеҷ гоҳ розӣ нахоҳад шуд, зеро иқдоми мазкур ба афзоиши берун рафтани сармоя аз ин кишвар боис хоҳад гардид. «Ғайр аз ин, кишварҳои узви иттиҳод то ҳанӯз оид ба созишномаҳои гумрукӣ тавофуқ ҳосил карда наметавонанд ва ҳарф задан перомуни ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод солҳои наздик ба мантиқ рост намеояд», – афзуд иқтисодчӣ.




 

Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

0


Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.




Тавре мудири шӯъбаи иҷтимоиву фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ Нарзулло Хайруллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ширншо Шотемур» қарор қабул кард.



Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарори мазкур, кумитаи тадорукоти ҷашн ӯҳдадор гардидааст, ки аз моҳи июл то октябри соли ҷорӣ нашри мавод дар бораи Шириншо Шотемур ва паҳну таблиғи он дар ВАО-ро таъмин сохта, тамоми маводи эҷодгардида перомуни фаъолият ва ҳаёти қаҳрамонро дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ созад.



Н.Хайруллоев мегӯяд, инчунин бунёди муҷассамаи Ширншо Щотемур дар боғи шаҳри Хоруғ, таҷдиди осорхонаи ӯ дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ва наворбардории филми мустанад дар бораи ҳаёту фаъоли ӯ низ дар назар аст. Ғайр аз ин нашри китоби К.Аламшоев «Дар куҷое набошам, бо Тоҷикистон будан мехоҳам» бо забонҳои тоҷикиву русӣ, ки ба ҳаёту корномаи Ш.Шотемур бахшида шудааст, ба нақша гирифта шудааст.


Дар Тоҷикистон иттиҳодияи нави ширкатҳои тиҷоратӣ таъсис дода шуд

0



           

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бо ибтикори ширкатҳои бузурги Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ иттиҳодияи нави «Палатаи тиҷоратии амрикоӣ» ба фаъолият шурӯъ кард.





           

Фаъолияти иттиҳодия ба дастгирии корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ нигаронида шудааст. Иттҳодияи мазкур дар таърихи 11-уми ноябри соли 2008 ба қайд гирифта шуда, қисмате аз шабакаи глобалии Палатаи савдои ИМА мебошад, ки дар беш аз 100 кишвари дунё намояндагӣ дорад.




           

Дар Тоҷикистон иттиҳодия бо иштироки ширкатҳои бузурги ватаниву хориҷӣ, аз қабили ҶСК «Ориёнбонк», ширкати

«Tethys Tajikistan Limited», ҶСК «Сомон-Капитал», «Hyatt Regency Dushanbe», ширкати амрикоии «Комсап Коммодитис», «Айтен Групп Консалтинг», ТАЛКО ва корпоратсияи «Прагма» таъсис ёфта, дар ташкили он Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба ҳамкории байнулмилалӣ кӯмак расониданд.





           

Мудири кулли ширкати «Tethys Tajikistan Limited»Нназир Шарипов итттиҳодияро роҳбарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси иттиҳодия фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри рушди тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ аст.



 



Э.Раҳмон пешниҳод намуд, ки ислоҳоти куллии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ на аз соли 2015, балки аз ҳозир оғоз карда шавад

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имр


ӯ


з Мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


(ЭКО) дар пойтахти


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ба кори худ шур


ӯ


ъ намуд.




Дар ин ҳамоиши бузурги минтақав


ӣ


аз 10 давлати аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


(ЭКО)

 

7 – тои онро бевосита сарони давлатҳо намояндаг


ӣ


карданд. Дар мулоқот ҳамчунин сарони давлатҳои Ироқу Қатар ва ноиби Президенти Сурия, ки ба созмони ЭКО аъзо нестанд, иштирок намуданд.



Хотиррасон бояд кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


(ЭКО) соли 1985 аз


ҷ


ониби се давлат – Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992 ба он 7 давлати нав – Афғонистон, Озарбой


ҷ


он, То


ҷ


икистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон шомил гашта буданд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

зимни суханронии худ нақши ин ҳамоишро

 

дар таҳкими мавқеи Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ



 

дар минтақа, хусусан

 

дар замони б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молиявию иқтисод


ӣ


муҳим арзёб


ӣ


кард.



Эмомал


ӣ


Раҳмон ибтикори


Ҷ


умҳурии Исломии Эронро дар бораи созмон додани гур


ӯ


ҳи кор


ӣ


баҳри ом


ӯ


зиши таъсири б


ӯ


ҳрон ва омода кардани тавсияҳои зиддиб


ӯ


ҳрон


ӣ


дастгир


ӣ


намуд.



Ба гуфти Эмомал


ӣ


Раҳмон, кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


шарикони муҳимтарини ти


ҷ


оратии То


ҷ


икистон мебошанд ва саҳми онҳо зиёда аз 35 дар сади ҳа


ҷ


ми умумии муомилоти ти


ҷ


орати хори


ҷ


иро ташкил медиҳад.



Эмомал


ӣ


Раҳмон изҳори бовар


ӣ


намуд, ки к


ӯ


шишу талошҳои То


ҷ


икистон баҳри рушди инфраструктураи нақлиётию ти


ҷ


орат


ӣ


оид ба сохтмони пулҳо, азнавсоз


ӣ


ва пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди нақлиётии кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон,


Ӯ


збекистон ва Чин

 

мавриди пуштибон


ӣ


ва дастгирии васеъи ҳамаи кишварҳои аъзои ЭКО қарор мегиранд.



Президенти То


ҷ


икистон ҳамчунин иқдомҳои мақомоти ЭКО – ро оид ба ҳамоҳангсозии расмиёти

 

гумрукии кишварҳои аъзои он, таъсиси Фонди мусоидат ба туризм ва

 

ислоҳоти куллии созмон


ҷ


онибдор


ӣ



 

намуд.



Сарвари давлати То


ҷ


икистон пешниҳод намуд, ки ислоҳоти куллии ЭКО на аз соли 2015, балки аз ҳозир оғоз карда шавад.



Зимни муҳокимаи масоили вобаста ба баланд бардоштани самарабахшии

 

кори созмон ва ба шароити


ҷ


аҳони зуд тағйирёбанда мутобиқ намудани он аз


ҷ


ониби сарони давлатҳо масъалаҳои ба ву


ҷ


уд овардани низоми боэътимоди нақлиётиву транзит


ӣ


, содда гардонидани расмиёти ти


ҷ


орат, риво


ҷ


и амалиёти бозаргонии наздисарҳад


ӣ


,

 

истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетик


ӣ


, таъсиси низоми ягонаи энергетик


ӣ


, интиқоли озоди

 

сармоя, нер


ӯ


и кор


ӣ


ва молу маҳсулот, инчунин ба ву


ҷ


уд овардани фазои умумии иқтисод


ӣ


дар доираи созмон дорои аҳамияти хоса маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

    



Соли равон кишоварзони тоҷик майдони кишти зироатҳои барвақтиро зиёд карданд

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кишоварзони тоҷик майдони кишти зироатҳои барвақтиро зиёд карданд: имсол онҳо ният доранд дар майдони 6 ҳазору


50 гектар

сабзавоти барвақтӣ ва дар майдони 3 ҳазору

250 гектар

картошкаи барвақтӣ кишт намоянд.




Тавре сардори раёсати рустанипарварии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, то имрӯз кишти сабзавоти барвақтӣ дар 5 ҳазору

734 гектар

ва картошкаи барвақтӣ дар 1 ҳазору

492 гектар

гузаронида шудааст, ки 95 дарсади ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад.



Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла пиёз дар масоҳати 4,6 ҳазор гектар, карам дар

170 гектар

, сабзии барвақтӣ дар

636 гектар

ва дигар зироатҳо дар

320 гектар

кишт карда шудаанд. «Феълан дар вилояти Хатлон дар беш аз 3,5 ҳазор гектар, дар вилояти Суғд дар 1 ҳазору

218 гектар

ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар

900 гектар

кишти зироатҳои барвақтӣ гузаронида шудаанд», – афзуд ӯ.


Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад

0



           

Кӯлоб. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад.





           

Тавре имрӯз раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳанӯз дар таърихи 4-уми март ду нафар шаҳрванди Афғонистон, ки бо яроқ мусаллаҳ буданд, сокини деҳаи Одинабои ҷамоати Саричашмаи ноҳия Шермамон Мамоновро гаравгон гирифта, ба самти номаълум ғайб заданд. Тамоми ин муддат кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баҳри наҷоти ӯ чора меандешанд, вале то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.




           

Ба гуфтаи раси ноҳия, Ш.Мамонови 41-сола соҳиби панҷ фарзанд буда, аз ҷониби меҳмонони нохонда дар минтақаи харобаҳои Бардар, ки чарогоҳҳои хоҷагии деҳқонии «Сайдамир» он ҷо воқеъанд, гаравгон гирифта шудааст.


Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани омӯзиш ҷиҳати арзёбии имконпазирии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун маблағ ҷудо мекунад

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Гур


ӯ


ҳи Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


эътироф мекунад, ки соҳаи об ва энергетика барои иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум дар саросари Осиёи Марказ


ӣ


ниҳоят муҳим мебошад. Суботи дарозмуддат дар минтақа ва дурнамо барои рушди ояндаи иқтисод дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


ба андозаи зиёд аз ҳамкории бомуваффақияти минтақав


ӣ


ва баррасии ҳамаи манфиатҳои стратегии милл


ӣ


вобаста аст.




Тавре дар иттилоияи имрӯз интишоргаштаи Бонки ҷаҳонӣ хабар дода мешавад, дар посух ба дархости ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


, Гур


ӯ


ҳи Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


фаъолона муколамаро оид ба об/энергетика бо пан


ҷ


кишвари Осиёи Марказ


ӣ


(Қазоқистон, Қирғизистон, То


ҷ


икистон, Туркменистон ва


Ӯ


збекистон) ан


ҷ


ом дода истодааст. Дар фаъолияти худ Гур


ӯ


ҳи Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


дар мутобиқати комил бо Резолютсияи СММ аз 19-уми декабри соли 2008 –Интиқоли боэътимод ва босуботи барандагони нерӯ ва нақши он дар таъмини рушди устувор ва ҳамкории байналмилал


ӣ


сармашқи кори худ қарор дода, ба манфиати ҳамаи кишварҳои узв амал менамояд ва дар истифодаи сиёсат ва тартиботи худ


ҷ


иддан боэҳтиёт мебошад.



Дар солҳои наздик Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


дар Осиёи Марказ


ӣ


ба як қатор лоиҳаҳо ва таҳқиқот дар соҳаи об ва энергетика ва стратегияҳо, ба монанди Стратегияи соҳаи энергетика оид ба ҳамкории иқтисодии минтақав


ӣ


дар Осиёи Марказ


ӣ


, ки аз


ҷ


ониби ҳамаи кишварҳои узв моҳи ноябри соли 2008 дар Конфронси вазирон дар шаҳри Боку тасдиқ шуда буд, к


ӯ


мак кардааст. Бонк инчунин


ҷ


иҳати арзёбии устувор


ӣ


ва таъсири якчанд ташаббуси рушди энергетика дар минтақа к


ӯ


маки техник


ӣ


мерасонад.



Гур


ӯ


ҳи Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


бовар дорад, ки таҳияи як Барномаи рушди энергетикаи минтақав


ӣ


барои Осиёи Марказ


ӣ


, ки ҳамаи имкониятҳои мав


ҷ


удбуда ва ниҳонии захираҳоро барои истеҳсоли нерӯ, аз


ҷ


умла захираҳои об


ӣ


, ангишт, нерӯи тавассути гарм


ӣ


истеҳсолшаванда ва ғайра баррас


ӣ


мекунад, муҳим мебошад.

 


 

Чунин барнома бояд амалҳои мураттаберо пешниҳод намояд, ки диққати коф


ӣ


ва тавозуни дурустро миёни эҳтиё


ҷ


оти фаврии дохилии кишварҳои болооб ба нерӯ дар зимистон ва эҳтиё


ҷ


оти эколог


ӣ


ва гидрологии кишварҳои поёнобро дар тобистон таъмин намояд. Барномаи мазкур инчунин диққатро ба зиёд кардани иқтидори содиротии нерӯ дар минтақа дар фасли зимистон ва берун аз минтақа дар фасли тобистон мутамарказ мекунад.



Гур


ӯ


ҳи Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


ният дорад дар таҳияи нақшаҳои амалии к


ӯ


тоҳмуддат, миёнам


ӯ


лат ва дарозмуддати фарогиранда, ки аз


ҷ


ониби кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва маблағгузорон баррас


ӣ


шавад, саҳм гирад. Таъсиси бозори Осиёи Марказ


ӣ


– Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


як қисми ин нақша хоҳад буд, ки иқтидорҳои содиротии нерӯро дар фасли тобистон аз нав ташаккул медиҳад. Ҳамзамон, ГБ


Ҷ


масъалаҳои рушди захираҳои об ва идоракунии обро бо тарафҳои манфиатдор ва шарикон дар Осиёи Марказ


ӣ


бо назардошти к


ӯ


мак ба рушди ин захираҳо ва мусоидат ба дастрасии коф


ӣ


ва беғарази ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба ин захираҳо та


ҷ


диди назар мекунад.




           



Дар робита бо НОБ-и Роғун, ки аз


ҷ


ониби Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон пешниҳод шудааст, Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


возеҳ менамояд, ки он ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои гузаронидани ом


ӯ


зиш


ҷ


иҳати арзёбии имконпазирии лоиҳа, бо диққати махсус ба таъсири минтақавии он, маблағ пешниҳод мекунад. Ом


ӯ


зиш арзёбии техник


ӣ


-иқтисодиро дар бар гирифта, ом


ӯ


зиши таъсири эколог


ӣ


ва арзёбии и


ҷ


тимо


ӣ


аз


ҷ


ониби ширкати мушовирии дар сатҳи байналмилал


ӣ


эътирофшуда, ки дар моҳҳои наздик тибқи дастур оид ба хариди молу хизматрасониҳои Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


ба кор


ҷ


алб карда мешавад, гузаронида мешавад.

 

Доираи фаъолиятҳои ин ом


ӯ


зишҳо масъалаҳои ҳалталабро, ки аз


ҷ


ониби кишварҳои назди соҳил муайян карда шудаанд, ба назар мегирад. Илова бар он, ончунон, ки сиёсати ҳифозатии он талаб мекунад, Бонк ҳайати коршиносонро таъсис медиҳад, ки дар бораи нати


ҷ


аҳои ом


ӯ


зиш андешаҳои мустақилро пешниҳод мекунад. Дар баробари ом


ӯ


зишҳои мазкур, ба хотири таъмини шаффофият ва шомил кардани нигарониҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор, Бонки


Ҷ


аҳон


ӣ


ба наздик


ӣ


машваратро бо кишварҳои назди соҳил (Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, То


ҷ


икистон, Туркменистон ва


Ӯ


збекистон) шур


ӯ


ъ кард.

 

Ин машваратҳо дар солҳои 2009-2010 идома меёбад, чун нати


ҷ


аҳои ин ом


ӯ


зишҳо ва назари коршиносони мустақил омода мешаванд ва аз


ҷ


ониби кишварҳои назди соҳил та


ҷ


диди назар карда мешаванд


.




 

Соҳибкори тоҷик аз Бритониёи Кабир бо медал ва дипломи Малика Виктория ба ватан баргашт

0



           

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари ширкати «Нур», соҳибкори тоҷик Нурулло Усмонов аз ҳамоиши соҳибкорони маъруфи бахши тиҷорат, илм ва фарҳанги Оксфорд дар Бритониёи Кабир бо ҷоизаву унвонҳо баргашт.





           

Тавре роҳабри медиа-холдиниги «


Tajinfo


» Муҳаммад Эгамзодба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз 7 то 10-уми март дар мақомоти шаҳрдории Оксофрд маросими супурдани унвону ҷоизаҳои байнулмилалии соҳибкорон «Awards of Europe» баргузор гардида, соҳибкори тоҷик ба медал ва дипломи Малика Виктория сазовор дониста шуд.




           

«Унвони мазкур таҷассумгари эътирофи байнулмилалии хизматҳои шоиставу арзандаи соҳибкори тоҷик ва саҳми арзандаи ӯ дар дастгирии арзишҳои анъанавии умуиинсонӣ мебошад», – афзуд манбаъ.

 



Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати шаҳри Хуҷанд китобхонаи электронӣ ифтитоҳ гардид

0


Хуҷанд. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маросими ифтитоҳи китобхонаи электронӣ баргузор гардид.




Тавре аз донишгоҳи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии китобхонаи электронии донишгоҳ аз ҳисоби донишгоҳ ва қисман аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» беш аз 1 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.



Марказ ва синфхонаҳои компютерии донишгоҳ бо 120 компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки чаҳор синфхонаи он ва як озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо компютер ба шабакаи ҷаҳонии Интернет васл карда шудаанд.