Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад

            Кӯлоб. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад.             Тавре имрӯз раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳанӯз дар таърихи 4-уми март ду нафар шаҳрванди Афғонистон, ки бо яроқ мусаллаҳ буданд, сокини деҳаи Одинабои ҷамоати Саричашмаи ноҳия Шермамон […]



           

Кӯлоб. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад.





           

Тавре имрӯз раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳанӯз дар таърихи 4-уми март ду нафар шаҳрванди Афғонистон, ки бо яроқ мусаллаҳ буданд, сокини деҳаи Одинабои ҷамоати Саричашмаи ноҳия Шермамон Мамоновро гаравгон гирифта, ба самти номаълум ғайб заданд. Тамоми ин муддат кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баҳри наҷоти ӯ чора меандешанд, вале то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.




           

Ба гуфтаи раси ноҳия, Ш.Мамонови 41-сола соҳиби панҷ фарзанд буда, аз ҷониби меҳмонони нохонда дар минтақаи харобаҳои Бардар, ки чарогоҳҳои хоҷагии деҳқонии «Сайдамир» он ҷо воқеъанд, гаравгон гирифта шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".