Home Blog Page 5143

Таҷлили Наврӯзи соли равон дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионии Эрон мустақиман пахш хоҳад гашт

0


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии

 

Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомиро, ки ба Душанбе ташрифи нахустин овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр сохт, ки ташрифи феълӣ дар таҳким ва ғановати фазои иттилоотии кишварҳо аз дастовардҳои ду мамолики дӯсту бародар такони тоза бахшида, бо ин васила имкон фароҳам хоҳад гашт, ки натиҷаи пурсамари робитаҳои дар асоси сиёсат ва барномаҳои созандаи Роҳбарони олии давлатҳо амалишаванда мавриди баҳрабардории

 

мардуми ҳамҷавор гардад.



Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

дар ин самт бо инобати воқеияту дурнамои ҳамкориҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратии гуногунҷабҳа ва робитаҳои байнипарламентии кишварҳо бо истифода аз таҷрибаву потенсиали ҳамдигар, дар заминаи фазои ҳуқуқии мавҷуда ҳамчун омили сарчашмаи таърихӣ доштаву тақозои вақт механизимҳои ҷадиди ҳамкориҳоро роҳандозӣ намоянд.



Қабл аз ҳама дар роҳи расидан ба ташаккули минтақањои озоди иқтисодӣ, ки

 

Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои нахустин мегузорад, таҷрибаи андӯхтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо усулҳои нишонрас таблғ карда шавад.



Ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомӣ бо сипосмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти дӯстона зикр

 

намуд, ки Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

дар доираи ҳамкориҳои тафоҳумӣ омода аст баҳри таблиғи дастовард ва

 

ниёзмандиҳои Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии мухталиф, ки фарогири паҳлӯҳои мубрами ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатанд, потенсиали расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар минтақа ва ҷаҳон сафарбар созад ва дар ин самт барномаҳои мушаххаси тарафҳо аллакай тарҳрезӣ гардидаанд.




 

Ҳамчун нахустин иқдом таҷлили Наврӯзи соли равон тавассути шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон мустақиман пахш хоҳад гашт. Дар ин бора ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод.


Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷаласаи Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир месозад

0


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории пойтахти ҷумҳурӣ бо мақсади сабуктар гардонидани таъсири бӯҳрони молӣ ва рушди соҳибкорӣ қарор кард, 14-уми марти соли ҷорӣ ҷаласаи махсуси Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир созад.




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа иштироки намояндагони субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият ва васоити ахбори умум пешбинӣ мегардад. «Мақомоти шаҳрдории кишвар ният дорад дар фазои кушоду шафффоф ҳамроҳи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мушкилоти мавҷудаи рушди соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, соҳибкорони пойтахт метавонанд дар баргузории ин чорабинӣ саҳм бигиранд. «Шахсоне, ки хостори огаҳ гаштан бо рӯзнома ва масоили тадорукоти ҷаласа мебошанд, метавонанд ба раёсати шаҳрии рушди иқтисод ва фаъолияти зиддинҳисорӣ ва маркази рушду дастгирии соҳибкории шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд», – афзуд Ш.Саидов.


Гурӯҳи пизишкони муассисаҳои гуногунии тиббии Тоҷикистон аз сафари ИМА баргашт

0


         Душанбе. 20-уми феврал – Гур


ӯ


ҳи духтурони муассисаҳои гуногунии тиббии То


ҷ


икистон аз сафари иёлати Каролинаи шимолии ИМА баргаштанд. Онҳо 29 январ ба шаҳри Шарлотаи ин иёлат рафта, бо фаъолияти муассисаҳои тиббии он шинос шуданд ва бо ҳамкасбони худ мулоқот карда, та


ҷ


рибаи онҳоро дар бобати кор бо мизо


ҷ


он ва тартиб додани ҳисоботи шаффоф ом


ӯ


хтанд.




Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо иштироки духтурони аз сафари ИМА баргашта имр


ӯ


з дар Душанбе нишасти матбуот


ӣ


ташкил карда шуд. Духтурони то


ҷ


ик ба журналистон аз таассуроти сафар ва та


ҷ


рибаи дар ин мамлакат ом


ӯ


хтаашон нақл намуданд.


«Агроинвестбонк» бори навбатӣ ба унвони «Бонки фаъолтарини соли 2008» сазовор гашт

0



 




           

Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мудирони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар чаҳорчӯбаи Барномаи Мусоидат ба тиҷорати бонк ҶСК «Агроинвестбонк»-ро бори навбатӣ ба унвони «Бонки фаъолтарин оид ба маблағгузории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон» сазовор донистанд.





           

Тавре аз аркази матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли чаҳорум аст, ки бонк ба ин унвон сазовор мегардад. Соли 2005 бонк ба унвони «Бонки фаъолтарин» ва солҳои 2006 ва 2007 чун «Бонки фаъолтарин оид ба рушди тиҷорати дохилиминтақавӣ» эътироф гардида буд.


Дар парлумони кишвар бо занони фаъоли ҷумҳурӣ мулоқот баргузор шуд

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумӣ бо занон-роҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва фаъолзанони тамоми минтақаҳои кишвар мулоқот оростанд.




Дар суханронии худ муовини раиси палатаи поёнии парлумон Шуҷоат Ҳасанова изҳор дошт, ки феълан аз 63 намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнӣ 11 нафар ва аз 34 аъзои палатаи болоии парлумон 3 нафарашро занон ташкил медиҳанд. «Мақсади асосии мулоқот шинос кардани занон бо фаъолияти парлумон ва қарору қонунҳои қабулкарда оид ба дастгирии занон ва баробарҳуқуқии онҳо бо мардон аст», – гуфт ӯ.



Намояндагони мардумӣ ба ҳама суолҳои мавриди таваҷҷӯҳи занон посух доданд, ки аксари он ба масъалаи баробарии гендерӣ марбут буд.


Моҳи январи соли ҷорӣ дар сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии кишвар 22,8 млн. $ маблағ азхуд карда шуд

0



           

Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январи соли ҷорӣ дар сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии кишвар 22,8 млн. $ маблағҳо азхуд карда шуд.





           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 – 22,8 млн., нерӯгоҳи Сангтӯда-2 – 38,4 млн. сомонӣ маблағ азхуд гардидааст.




           

Бо ёдоварии он, ки бахши энергетика самти афзалиятноки сиёсати раҳбарияти ҷумҳурӣ аст, дар гузориши кумитаи омор қайд шудааст, ки дар моҳи январ аз ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда 53,3 дарсадаш маҳз ба ин соҳа рост меояд.




           

Дар маҷмӯъ моҳи январ маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар ҳаҷми беш аз 160 млн. сомонӣ истифода шудааст.


Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад

0



           

Хуҷанд. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов хабар дод, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ба андозаи 20 дарсад кам шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки захираҳои газ коҳиш меёбанд ва коркарди конҳои нави истихроҷ зарур аст. Истеҳсоли нафт бошад, баръакс, 100 тонна зиёдтар шудааст.




           

Ба гуфтаи С.Рустамов, ҳарчанд дар вилоят моҳи январ ба иллати норасоии ашёи хом, кам шудани талабот ба маҳсулот ва бозистии мавсимӣ 78 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, барои саноатчиён он моҳи бад набуд. «Моҳи январ дар вилоят ба маблағи 73,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст ва суръати афзоиш нисбат ба моҳи январи соли гузашта 111,3 дарсадро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ.


 

Рӯзи истироҳат дар Душанбе шанбегии умумишаҳрӣ ва ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳо доир мегардад

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе шанбегии нахустини умумишаҳрӣ доир гардида, дар чаҳорчӯбаи он ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва тухмии гул доир мегардад.




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур бо ташаббуси Сарраёсати ободонии ҳукумати шаҳри Душанбе баргузор мешавад. «Дар ярмарка маҳсулоти ташкилоту муассисаҳои шаҳр оид ба парвариши дарахтҳои сояафкан ва гулҳо ба фурӯш бароварда мешавад», – афзуд Ш.Саидов.


Ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои нақлиётии ҳайати қумондонии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба Душанбе омад

0



 



Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои нақлиётии ҳайати қумондонии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА таҳти роҳбарии сардори Раёсати барномасозии стратегӣ, сиёсӣ ва таъминоти моддию техникӣ ин сохтор контр – адмирал Марк Харничек ба Душанбе омад.




Тавре аз сафорати ИМА ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати мазкур ҷиҳати омӯзиши зерсохтори нақлиёти Тоҷикистон ва баргузории машваратҳо бо коршиносони вазорату идораҳои дахлдор баҳри таъмини интиқоли борҳои ғайринизомӣ барои кӯмак ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба кишвари мо ташриф овардааст.



Бино ба иттилои манбаъ, пагоҳ М.Харничек бо намояндагони Вазорати нақлиёту коммуникатсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.


ХБА: Соли равон то ба 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз эҳтимол дур нест

0





 






Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг










бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳайати ин гурӯҳ дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли равон то ба 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз эҳтимол дур нест.







Ба гуфтаи ӯ, чунин вазъ бар асари суст гаштани суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус рӯ ба таназзул овардани иқтисоди Русия ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Роҳбари намояндагии ХБА дар Тоҷикистон Люк Моерс мегӯяд, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон 20 дарсад коҳиш ёфтааст.







Мувофиқи маълумоти ХБА, соли 2008 муҳоҷирони тоҷик ба ватан 2,2 млрд $ маблағ интиқол додаанд, ки ин нишондиҳанда ба 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст. Аксел Шиммелпфенниг бо такя ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳ мӯътақид аст, ки соли ҷорӣ афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 3 дарсад коҳиш ёфта, таваррум дар мизони 12-13 дарсад мӯътадил хоҳад шуд.