Тоҷикистон қарзашро ба Хазинаи байнулмилалии асъор пурра пардохт намуд

0



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон қарзашро дар назди Хазинаи байнулмилаии асъор, ки ҳаҷми умумии он ба 48 млн. $ баробар буд, пурра пардохт намуд.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пардохти охирин ба маблағи 7,4 млн. $ рӯзи 5-уми феврал сурат гирифт. «Ҳамин тариқ Тоҷикистон тақозои ХБА-ро оид ба дар муддати 9 моҳ пардохтани қарз комилан ба иҷро расонид ва акнун бо ин ниҳоди маъруфи байнулмилалии молиявӣ марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи ҳамкориро пеш мегирад», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, тибқи нақшаи пешбинишуда, Тоҷикистон маблағи қарзро дар панҷ марҳила ба анҷом расонид.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши бемориҳои саратон ба мушоҳида мерасад

0


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносон бар чунин назаранд, ки солҳои ахир тамоили бемориҳои саратон дар ҷумҳурӣ босуръат рӯ ба афзоиш ниҳодааст.




Тавре муовини директори Маркази илмии саратоншиносӣ дар назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Зафар Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор шахсони гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта беш аз 2 ҳазор нафар шахсони гирифтор ба бемории саратон ба қайд гирифта шуд, ки тайи солҳои ахир чунин ҳолат рух надода буд, вале ин нишондиҳанда низ бозгӯи вазъи воқеӣ нест, зеро дар ноҳияҳо ва деҳоти кишвар

 

тадқиқот миёни аҳолӣ гузаронида намешавад ва ин рақамҳо мушаххас нестанд.



З.Ҳусейнов иллати афзоиши бемориҳои саратонро ба бад шудани вазъи экологӣ, аз ҷумла зиёд гаштани таъсири радиатсия, пастсифатии маводи ғизоӣ, шуъои офтоб ва ҳамчунин «механизми ҳолати ташаннуҷи рӯҳӣ (стресс)»-и пайдоиши омоси зарарнок марбут медонад. «Ғайр аз ин, вазъи муташанниҷи солҳои 90-уми асри гузашта, ки мардуми мо аз сар гузаронид, имрӯз аз худ дарак медиҳад», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Zeppelin International AG муаррифӣ мешавад

0


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Зеппилин Интернейшнл Эй Чи муаррифӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов хабар дод, ширкати мазкур ҷузъи корпоратсияи бузурги фаромиллии «Катерпиллар» воқеъ дар Амрико мебошад.



Ба гуфтаи Сангов, корпоратсияи «Катерпиллар», асосан техникаи роҳсозӣ истеҳсол намуда, ҳамчунин ба сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва дигар иншооти бузург сарукор дорад. «Катерпиллар» ҳамчунин бо истеҳсоли муҳаррикони пурқувват, ки дар техникаи ҳарбии аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, маъруфу машҳур гардидааст.



Ба қавли муовини аввали раиси палата, дар сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун аллакай 25 адад техникаи тавлиди ин корпоратсияи истифода мешавад. «Ширкати Зеппилин Интернейшнл Эй Чи, намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 ифтитоҳ карда буд ва феълан дар бунёди иншооти стратегии кишвар саҳми арзанда дорад. Расман ба узвияти палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ин ширкат дар моҳи январи соли 2009 пазируфта шуд», –

 

гуфт Сангов.

  



Реклама на asia+

Дар Душанбе реҷаи истифодаи барқ шадидтар мегардад

0


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ин тағйирот

 

дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол

 

расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар

 

ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.



Зимнан, аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакорони нерӯи барқро

 

ба роҳ монанд.


Реклама на asia+

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор вазъ бетағйир боқӣ мемонад

0


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бозори нақдии нуқтаҳои мубодилаи асъор вазъ бетағйир боқӣ мемонад ва қурби ивази доллари амрикоӣ боз ба як нишондиҳанда поин рафт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.




Бино ба иттилои манбаъ, 9-уми феврал муомилот дар бозори асъори байнибонкӣ дар сатҳи ҳаҷми миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ сурат гирифта, муомилот бо тарзи ҷуфти «доллар-сомонӣ» зиёдтар гузаронида мешавад. «Ҳарчанд ҳаҷми муомилот бо тарзи ҷуфтҳои «евро-сомонӣ» ва «рубли русӣ-сомонӣ» дар ҳаҷми умумии хариду фурӯши асъор камтар бошанд ҳам, ба ҳар ҳол, афзоиши мушаххас ба мушоҳида мерасад», – гуфт манбаъ.


Реклама на asia+

Нақшаи ниҳоии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ нимаи моҳи феврал таҳия хоҳад гашт

0



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нақшаи ниҳоии чорабиниҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ нимаи моҳи феврал таҳия хоҳад гашт.





           

Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Анвар Латипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон бо назардошти пешниҳоду тавсияҳои вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ рӯи такмили санади мазкур кор мекунад. «Пас аз таҳрири санад бо назардошти вазъи зудтағйирёбанда комиссия бояд чорабиниҳои аввалиндараҷаро муайян созад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ёвари вазир, нақшаи чорабиниҳо аз панҷ ҷузъ – сиёсати андозу буҷавӣ, дастгирии давлатии бахши воқеии иқтисод, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба роҳандозии ислоҳот иборат аст.


Реклама на asia+

Тоҷикистон ба қатори се кишваре, ки русиягиҳо бештар намехоҳанд ба он сафар дошта бошанд, шомил гашт

0




Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба қатори се кишваре, ки русиягиҳо бештар намехоҳанд ба он сафар дошта бошанд, шомил гашт. Аз Маркази омӯзиши афкори ҷомеаи умумирусиягӣ хабар медиҳанд, ки пас аз доир сохтани назарсанҷӣ аз ҷониби агентии таҳқиқотии «Монитори АвруОсиё» чунин натиҷагирӣ карда шудааст.








Тақрибан 1 дарсади пурсидашудагон хостори сафар ба Тоҷикистон ва Қирғизистон шудаанд. Аз ин миқдори камтари русиягиҳо сафар ба Туркманистонро ҷонибдорӣ кардаанд.







Сокинони Русия аз ҳама бештар хостори сафар ба Украина (14 дарсади пурсидашудагон) мебошанд. Ба Гурҷистон 8 дарсад ва Белорусу Латвия 6 дарсади пурсидашудагон хоҳиши сафар кардан доштаанд. Дар ҳамин ҳол, 45 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон сафар ба Русияро маъқул медонанд.




Реклама на asia+

Валдис Затлерс: Латвия пули миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд

0



         

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мулоқоти Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Президенти


Ҷ


умҳурии Латвия Валдис Затлерс бори дигар зимни форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гашт, ки басо манфиатбахш ва босамар буд.




«То


ҷ


икистон шарики умедбахш ва қавии мо дар Осиёи Марказ


ӣ


аст ва Латвия пули миёни То


ҷ


икистону Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд», – изҳор дошт Президенти


Ҷ


умҳурии Латвия Валдис Затлерс.



«Шумо ба мо Аврупо ва мо барои Шумо ба Осиёи Марказ


ӣ


ва


Ҷ


ануб


ӣ


роҳ мекушоем», – изҳор дошт дар


ҷ


авоб Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон.



Аз р


ӯ


йи нати


ҷ


аҳои он чанд мувофиқаҳои муҳим миёни соҳибкорони ду кишвар ба даст омад, ки албатта мавриди дасгирии сиёсию ҳуқуқии ду


ҷ


ониб қарор мегиранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкорӣ ба имзо расид

0


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз р


ӯ


и нати


ҷ


аи мулоқотҳо миёни То


ҷ


икистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкор


ӣ


ба имзо расид.




Баёнияи муштараки Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Президенти


Ҷ


умҳурии Латвия;



Созишнома байни Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Ҳукумати


Ҷ


умҳурии Латвия оид ба канорагир


ӣ


аз андозбандии дукарата ва пешгир


ӣ


намудани саркаш


ӣ


аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;



Созишнома байни Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Ҳукумати


Ҷ


умҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳаво


ӣ


;



Протоколи оид ба ҳамкор


ӣ


миёни Вазорати корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон ва Вазорати корҳои хори


ҷ


ии Латвия;



Созишнома оид ба ҳамкор


ӣ


миёни Палатаи савдо ва саноати То


ҷ


икистон ва Палатаи савдо ва саноати Латвия.



Сипас Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ва Президенти


Ҷ


умҳурии Латвия Валдис Затлерс нишасти матбуот


ӣ


ороста, ба нати


ҷ


аҳои гуфтушунид баҳои баланд доданд.



Таъкид гардид, ки бо ин сафар ва ба имзо расидани санадҳои бунёдии ҳамкор


ӣ


заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқ


ӣ


барои таҳким ва густариши муносибатҳои ба ҳарду кишвар судбахш гузошта шуд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар маркази шаҳри Рига ба зери пояи Му


ҷ


ассамаи Озодии


Ҷ


умҳурии Латвия гулчанбар гузошта, ба муқаддасоти миллию фарҳанг


ӣ


ва таърихии мардуми ин кишвари д


ӯ


ст эҳтиром ба


ҷ


о овард. Дар ин маросим Сарвари давлати То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмонро Президенти


Ҷ


умҳурии Латвия Валдис Затлерс ҳамроҳ


ӣ


намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд

0



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, ки ҳамасола 15-уми феврал доир мегардад, омодагӣ мегиранд.





           

Рӯзи якшанбе бо ибтикори Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе чорабинии ботантана баргузор мешавад. Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ошхонаи саҳроӣ гузошта шуда, ба иштирокдорон хӯроки маъмулии сарбозон пешниҳод мегардад.




           

Тавре аз Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар даргириҳои дар Афғонистон рухдода ҳангоми будубоши нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар беш аз 15 ҳазор тоҷикистониён иштирок карда, 366 нафарашон ҷони худро дар кишвари ҳамсоя аз даст доданд. Беш аз 1 ҳазор ҷанговарони тоҷик захмҳои гуногун бардоштанд. «Ба панҷ нафар ҷанговарони тоҷик, аз ҷумла ба Александр Мироненко пас аз маргаш

 

унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст», – гуфт манбаъ.


Реклама на asia+