Тоҷикистон қарзашро ба Хазинаи байнулмилалии асъор пурра пардохт намуд

            Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон қарзашро дар назди Хазинаи байнулмилаии асъор, ки ҳаҷми умумии он ба 48 млн. $ баробар буд, пурра пардохт намуд.             Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пардохти охирин ба маблағи 7,4 млн. $ рӯзи 5-уми феврал сурат гирифт. «Ҳамин тариқ Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон қарзашро дар назди Хазинаи байнулмилаии асъор, ки ҳаҷми умумии он ба 48 млн. $ баробар буд, пурра пардохт намуд.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пардохти охирин ба маблағи 7,4 млн. $ рӯзи 5-уми феврал сурат гирифт. «Ҳамин тариқ Тоҷикистон тақозои ХБА-ро оид ба дар муддати 9 моҳ пардохтани қарз комилан ба иҷро расонид ва акнун бо ин ниҳоди маъруфи байнулмилалии молиявӣ марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи ҳамкориро пеш мегирад», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, тибқи нақшаи пешбинишуда, Тоҷикистон маблағи қарзро дар панҷ марҳила ба анҷом расонид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.