Ӯзбекистон марҳила ба марҳила интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди «Узтраснгаз» барои гази ба ҷумҳурӣ интиқолгардида аз оғози сол ба миқдори 7 млн. $ афзуда, феълан 16 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тавре аз ҶС «Тоҷиктраснгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба иллати афзудани маблағи қарз ҷониби Ӯзбекистон марҳила ба марҳила ҳаҷми интиқоли газро […]

Виктория Наумова


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди «Узтраснгаз» барои гази ба ҷумҳурӣ интиқолгардида аз оғози сол ба миқдори 7 млн. $ афзуда, феълан 16 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.




Тавре аз ҶС «Тоҷиктраснгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба иллати афзудани маблағи қарз ҷониби Ӯзбекистон марҳила ба марҳила ҳаҷми интиқоли газро коҳиш дода истодааст. «Агар чанд рӯз қабл ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба ҷумхурӣ 45 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медод, имрӯз он ба 25 ҳазор метри мукааб баробар шудааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, гази воридгашта миёни аҳолӣ, КВД «Тоҷиксемент», КВД «Талко» ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад. Бинобар камбуди маводи сӯшишворӣ феълан ҶСП «Тоҷиказот» аз фаъолият бозмондааст.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, қарзи аҳоливу корхонаҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи газ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. «Масалан, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 9 млн. $ ва аҳолӣ 2-3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, корхонаҳои КВД «Тоҷиксемент», ҶСП «Тоҷиказот», «Сомонсуғдгаз» ва КВД «Талко» низ дар назди ҶС «Тоҷиктрансгаз» маблағи зиёди қарзӣ доранд», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.