Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд

            Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, ки ҳамасола 15-уми феврал доир мегардад, омодагӣ мегиранд.             Рӯзи якшанбе бо ибтикори Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе чорабинии ботантана баргузор мешавад. Ғайр аз […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, ки ҳамасола 15-уми феврал доир мегардад, омодагӣ мегиранд.





           

Рӯзи якшанбе бо ибтикори Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе чорабинии ботантана баргузор мешавад. Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ошхонаи саҳроӣ гузошта шуда, ба иштирокдорон хӯроки маъмулии сарбозон пешниҳод мегардад.




           

Тавре аз Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар даргириҳои дар Афғонистон рухдода ҳангоми будубоши нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар беш аз 15 ҳазор тоҷикистониён иштирок карда, 366 нафарашон ҷони худро дар кишвари ҳамсоя аз даст доданд. Беш аз 1 ҳазор ҷанговарони тоҷик захмҳои гуногун бардоштанд. «Ба панҷ нафар ҷанговарони тоҷик, аз ҷумла ба Александр Мироненко пас аз маргаш

 

унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст», – гуфт манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.