Ҳайати ХБА ҷиҳати таҳияи сиёсати макроиқтисодӣ баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад

0


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилаии асъор таҳти сарварии Аксел Шиммелпфенинг оид ба баҳогузорӣ ба иҷрои Барномаи мониторинги Хазина, ки моҳи декабри соли гузашта анҷом ёфта буд, гузориш хоҳад дод. Ҳайати мазкур бо дархости ҳукумати кишвар ва Бонки миллии ҷумҳурӣ чанде қабл дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд.




Тавре аз намояндагии хазина дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайтаи мазкур бо мақсади кӯмак ба ҳукумат ва БМТ дар таҳияи сиёсати мувофиқи макроиқтисодӣ, ки таъсири оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиро дар назар дошта бошад, дар Душанбе қарор дорад. «Ҳамчунин баррасии Барномаи нави ХБА низ дар назар аст», – гуфт манбаъ.


Реклама на asia+

Эрон дар чаҳорчӯбаи консорсиюм ният дорад, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад

0


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Эрон дар чаҳорчӯбаи консорсиюм ният дорад дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Ба гуфтаи сафир, оид ба ин масъала дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири бозаргонии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ тавофуқ ҳосил шудааст.




Ба қавли А.Шеърдӯст, «иштироки Эрон дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар чаҳорчӯбаи консорсиюм бебаҳс аст, вале дар масъалаи намояндагии Эрон дар консорсиюм ҳанӯз қарори мушаххасе қабул нагардидааст». «Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ масъалаи ҷалби сармоягузории бахши хусусии Эрон мавриди баррасӣ қарор дорад», – афзуд сафир.


Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе ҳаракати «тангем»-ҳоро дар як қатор кӯчаву хиёбони шаҳр манъ сохт

0


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 9-уми феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави дорои то 7 (ҳафт) ҷои нишаст (ба истиснои ҷои нишасти ронанда), аз он ҷумла тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо фаъолияти мусофиркашон


ӣ


ба анҷом расонда мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомон


ӣ


(аз чорроҳаи И.Сомон


ӣ


-Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдак


ӣ


), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавс


ӣ


то бурриши кӯчаи С. Шероз


ӣ


(Сирк)-и пойтахт), манъ карда шаванд. Ин навъи мошинҳои сабукрави мусофирбар миёни мардум бо номи «Тангем» маъруфанд.





     


  

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарори мазкур бо мақсади мӯътадил намудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатар


ӣ


(аз ҷумла бехатарии эколог


ӣ


), ҳифзи манфиатҳои мусофирон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва танзими хизматрасонии нақлиёт


ӣ


дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе қабул гардид.


Реклама на asia+

Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад

0


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон аз оғози фаъолияти кормандони милиса дар замони истиқлолияти кишвар 18 сол пур мешавад. Таърихи таъсиси сохтори милисаи тоҷик аз ташкили Комиссариати халқии умури дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924 шурӯъ мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ беш аз 1 ҳазору 700 нафар корманди милиса ҷони худро аз даст додаанд.



Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар тамоми сохтори Вазорати умури дохилӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд. Дар вазорат бо иштироки собиқадорони мақомоти милиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашта, ҳозиринро вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо иди касбӣ табрику таҳният хоҳад гуфт. Сипас дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» консерти идона барпо мешавад.




 

Реклама на asia+

Ба вазири бозаргонии Эрон созмон додани Намоишгоҳи миллии Эрон дар Тоҷикистонро пешниҳод карданд

0



           

Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо вазири бозаргонии Эрон Сайидмасъуд Миркозимӣ барпо гашт.





           

Тавре аз палати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили роҳандозиву густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни иқтисод, тиҷорат ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Вазири бозаргонии Эрон изҳор дошт, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ омода аст», – гуфт манбаъ.




           

Дар навбати худ, Шариф Саид баргузории мувафффақонаи намоишгоҳҳои молу маҳсулоти Эронро дар Душанбе таъкид сохта, пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон Намоишгоҳи миллии Эрон созмон дода шуда, дар чаҳорчӯбаи он ҳамоиши тоҷрону соҳибкорни ҳарду кишвар баргузор гардад.


Реклама на asia+

Сардори Раёсати «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб иваз карда шуд

0



           

Кӯлоб. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иззатулло Раҳмонов, ки то ҳанӯз ба ҳайси сардори Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб ифои вазифа менамуд, ба вазифаи сардори раёсати қарздиҳии ин бонк дар минтақа гузаронида шуда, ба ҷойи ӯ сардори шӯъбаи бонк дар ноҳияи Фархор Маҳмадулло Раҳмонов ба ин мансаб таъин гардид.





           

Тағйироти кадрӣ дар шӯъбаи минтақавии бонк замоне сурат мегирад, ки бонкро зарур аст, то 30-уми марти соли ҷорӣ ба баргардонидани қарзҳо аз 4 ноҳияи пахтакор муваффақ гардад.




           

М.Раҳмонов ҳангоми ба ҳайси мудири шӯъбаи бонк дар ноҳияи Фархор фаъолият доштанаш ба он ноил гардид, ки то имрӯз қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар ин ноҳия то 70 дарсад пардохта шаванд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ва вазири бозаргонии Эрон ҳавасмандии кишварҳоро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ таъкид сохтанд

0


Душанбе. 5-уми феврал – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Вазири бозаргонии


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуд Миркозимиро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию ти


ҷ


оратии миёни ду кишвар баррас


ӣ


шуд.



Нахуст Сайидмасъуд Миркозим


ӣ


даъвати расмии Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро

 

ба Президенти То


ҷ


икистон оид ба иштирок дар


ҷ


аласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисод


ӣ


(ЭКО)

 

расонд.



Ҳамчунин таъкид гардид, ки то баргузории


ҷ


аласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисод


ӣ


(ЭКО), ки ба наздик


ӣ


дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, ба То


ҷ


икистон ҳамчунин Вазири дифоъ ва пуштибон


ӣ


аз нер


ӯ


ҳои мусаллаҳи

 



Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммад На


ҷҷ


ор ва Раиси садо ва симои ин кишвар Изатулло Зарғом


ӣ


ташриф меоранд.



Бо қаноатманд


ӣ


зикр гардид, ки баҳри рушди ҳамкориҳои То


ҷ


икистону Эрон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод,

 

фарҳанг ва ғайра беш аз 70 санади қарордодию ҳуқуқ


ӣ


дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидааст.



Чунонки дар с


ӯ


ҳбат зикр гардид, ҳа


ҷ


ми савдои миёни ду кишвар дар соли 2008 маблағи

 

216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2007 қариб 80 миллион зиёд аст. Мусоҳибон тавсиаи муносибатҳои ти


ҷ


оратии се


ҷ


онибаи миёни То


ҷ


икистону Эрон ва Афғонистонро низ зарур шумурданд.



Таъкид гардид, ки ҳамкор


ӣ


дар бунёди нер


ӯ


гоҳи обии Сангт


ӯ


да-2, нақбҳои мошингарди Истиқлолу Чормағзак, истеҳсоли муштараки тракторҳо ва комбайнҳои ғалладарав, мошинҳои сабукрав ва дар барқарорсозию рушди минбаъдаи бахши парандапарварии То


ҷ


икистон миёни ду кишвар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногун


ҷ


анбаи иқтисод


ӣ


муҳайё намудааст.



Ҳамкор


ӣ


дар ташкили дурусти кори минтақаҳои озоди иқтисодии То


ҷ


икистон низ мувофиқи мақсад дониста шуд.



Зимни с


ӯ


ҳбати пурм


ӯ


ҳтаво ҳарду


ҷ


ониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои ти


ҷ


орат


ӣ


таъкид намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

IFC коркарди кодекси идоракунии корпоративиро баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон пешниҳод месозад

0


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ,

 

бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумат дар таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак расонида истодааст.




Ширкатҳои тоҷикие, ки мехоҳанд идоракунии корпоративии хешро беҳтар намоянд, ҳоло аз сабаби набудани дастури миллӣ мушкилӣ кашида истодаанд. Бо мақсади кӯмак расонидан дар ҳалли ин мушкилот Лоиҳаи IFC

 

оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта мизи мудавваре бо иштироки намояндагони ҳукумат ва дигар сохторҳои алоқаманд барпо намуд. Иштирокчиён қарор доданд, дар ҷодаи таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративие, ки ба шаффофии фаъолияти ширкатҳои тоҷикӣ ва ҷалб намудани инвесторхои хориҷӣ мусоидат мекунад, ҳамкорӣ кунанд.



“Вақти он расидааст, ки мо бояд кодекси миллии идоракунии корпоративии ҶТ-ро таҳия намоем”, –

 

гуфт иштирокчии семинар машваратчии ҳуқуқии «Агроинвестбонк» Вячеслав Пияров. – Кодекси миллӣ муҳити инвеститсионии кишварро беҳтар мекунад ва идоракунии корпоративии ширкатҳои маҳаллиро ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ месозад. Дар ин ҷода мо ширкати IFC-ро, ки бо таҷрибаи байналхалқии хеш дар ин ҷараён нақши муҳим бозида истодааст, хуш пазироӣ мекунем”.

 




Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Миёна бештари ширкатҳои маҳаллӣ хоҳиш намуданд, ки кодекси миллии идоракунии корпоративии ба стандартхои байналхалқӣ ҷавобгӯ таҳия карда шавад. “Иштирокчиён инчунин шакл ва мундариҷаи кодексро муҳокима карданд ва оид ба қадамҳои аввалин дар ин ҷода қарор кабул карданд,” – илова кард ӯ. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъул бо масоили робита бо ҷомеаи


IFC




Муҳиддин Тоҷиев хабар дод.




 

Реклама на asia+

Маркази илмии саратоншиносӣ «Рӯзҳои кушодаи қабул» эълон менамояд

0


  

    


 


  

 Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ҳар моҳи шанбеи дуюм аз соати 9.00 то 12.00, дар дармонгоҳи Марказ «Рузҳои кушодаи қабул» барои ниёзмандонро эълон менамояд. Муоина ва машварат аз тарафи мутахассисони Марказ ройгон буда, мақсад дарёфти бармаҳали омосҳои хушсифат ва бадсифат ва табобати онҳо мебошад.


   

   

  

 Аз руйи нишондоди омор дар тамоми


ҷ


аҳон ва инчунин дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон беш аз 60% аҳол


ӣ


ба беморхонаҳо бо бемории саратони дара


ҷ


аи паҳншуда (III-IV) муро


ҷ


иат мекунанд.


    

     Соли 2008 дар Марказ ду лабораторияи нав – лабораторияи иммунологи барои муайянкардани маркерҳои омос (АФП, ХГЧ, Са125, ПСА ва ғайрахо) ва лабораторияи иммуногистохимиёви бо дастгири ва хамкори бо фирмаи фармацевтии «Лярош» Швецария, ба кор шуруъ намуд.


   

     Барои ташхиси имуногистохимиёви микроскопи фирмаи Карл Цейс ва реактивҳо дастрас карда шуданд. Ин намуд та


ҷ


ҳизот шароити дар сатҳи баланд гузаронидани ташхиси гистологии омоси бадсифатро муҳаё мекунад.


   

     Соли


ҷ


ор


ӣ


дар Марказ якчанд намудҳои нави муоли


ҷ


а дар амалия ворид карда шуданд, ба монанди табобати кимиёвии бемории саратон бо дорувориҳои хозиразамон Гемзар, Кселода, Мабтера, Авастин, методикаи нави пешгирии аворизҳои баъди табобати кимиёви ба монанди кайкуни ва дилбеҳузури. Дар шуъбаи к


ӯ


дакона усулҳои табобати кимиёви бо вояи баланд ба беморони гирифтори саратон дар синни то 3 солаги,


ҷ


арроҳиҳои узвнигоҳдорандаи бофтаҳои мулоим,


ҷ


арроҳиҳои мураккаб ба монанди Гарлок (буриши проксималии меъда бо сеяки поени сурхр


ӯ


да),


ҷ


арроҳии Люис (буриши сеяки мобайн ва поёни сурхр


ӯ


да бо гузоштани анастамоз байни сурхр


ӯ


да ва меъда дар ковокии плевра), барои табобати беморони гирифтори саратони паҳншудаи узвҳои кафаси сина ва шикам табобати кимиёвии эндолимфатики, методикаи биопсияи трепанациони бо ёрии аппарати «Магнум», ки он барои муайян намудани морфологияи омос ва рецепторҳои «Нer -2 neo» дар таркиби омоси бадсифат мусоидат менамояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустии кишвар хабар доданд.



Реклама на asia+

Болоравии босуръати қурби доллар ба афзоиши начандон назарраси нархҳои маҳсулоти ғизоии воридотӣ боис гардид

0



           

Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз болоравии босуръати қурби доллари амрикоӣ рӯзи 2-уми феврал, нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои марказии шаҳри Душанбе дар муқоиса бо ахири моҳи январ начандон афзуданд.





           

Танҳо арзиши орди воридотӣ аз Қазоқистон, шакару равғани растанӣ аз Русияву Эрон ва Украина ба миқдори начандон назаррас боло рафтанд.




           

Арзиши маҳсулоти ғизоии дохилӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ бетағйир боқӣ мондааст.


Реклама на asia+