Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад

Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад. Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон аз оғози фаъолияти кормандони милиса дар замони истиқлолияти кишвар 18 сол пур мешавад. Таърихи таъсиси сохтори милисаи тоҷик аз ташкили Комиссариати халқии умури дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии […]

Наргис Ҳамробоева/Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон аз оғози фаъолияти кормандони милиса дар замони истиқлолияти кишвар 18 сол пур мешавад. Таърихи таъсиси сохтори милисаи тоҷик аз ташкили Комиссариати халқии умури дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924 шурӯъ мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ беш аз 1 ҳазору 700 нафар корманди милиса ҷони худро аз даст додаанд.



Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар тамоми сохтори Вазорати умури дохилӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд. Дар вазорат бо иштироки собиқадорони мақомоти милиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашта, ҳозиринро вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо иди касбӣ табрику таҳният хоҳад гуфт. Сипас дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» консерти идона барпо мешавад.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.