С.Сафаров: Бо қабули қарорҳои муҳим дар Маскав кишварҳои узви СААД ва ЕврАзЭС билохира ба кори амалӣ шурӯъ карданд

0


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки бо таъсиси фонд дар ҳаҷми 10 млрд. $ ва ташкили нерӯҳои муштараки зудамал кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё билохира ба кори амалӣ оғоз намуданд. «Чунин иқдомҳои муҳим гувоҳи онанд, ки давраи бӯҳронӣ дар муносибот миёни кишварҳои пасошӯравӣ паси сар шуда, тадриҷан он ба ҷараёни созанда ворид мегардад», – мегӯяд ӯ.




С.Сафаров изҳор дошт, ки рӯйдодҳои ахир, аз қабили ҳуҷуми мусаллаҳонаи Гурҷистон ба Осетиёи Ҷанубӣ, «баҳси газ»-и Русияву Украина ва ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия, ахириро водор сохтанд, ки ташаббускори раванди ҳамгиройӣ гардад. «Раванди минбаъдаи ҳамгиройӣ миёни кишварҳои узви СААД ва ЕврАзЭС аз Русия чун нерӯи аслии ин раванд вобаста хоҳад буд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки агар кишварҳои узви ин созмону иттиҳод ба манфиатҳои миллии ҳамдигар эҳтиром гузоранд, ин раванд таҳким хоҳад ёфт ва агар на, вайрон шудани тамоми низоми амният ва ҳамкории иқтисодӣ дар қаламрави ИДМ аз эҳтимол дур нест.


Реклама на asia+

Соли гузашта шумораи аҳолии Тоҷикистон 225 ҳазор нафар зиёд шуд

0



           

Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 7 млн. 064 ҳазор ба 7 млн. 289 ҳазор нафар расид. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот медиҳад.





           

Бино ба маълумоти кумита, шумораи аҳолии кишарҳои узви ИДМ ба миқдори 1 млн. нафар зиёд шуда, 281 млн. нафарро ташкил медиҳад.



Ҳамин тариқ, шумораи аҳолӣ дар Озарбойҷон – аз 8,63 млн. ба 8,73 млн., Арманистон – аз 3,23 ба 3,238 млн., Қирғизистон аз 5,224 ба 5,276 млн., Ӯзбекистон – аз 27,072 ба 27,4 млн. ва Қазоқистон – аз 15,572 ба 15,766 млн. нафар расидааст.


Реклама на asia+

Кишварҳои ЕврАзЭС дар ҳаҷми 10 млрд. $ Фонди зиддибӯҳронӣ таъсис доданд

0


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси Фонди зидди бӯҳронӣ дар ҳаҷми 10 млрд.


$




ва Маркази технологияи олӣ қарор қабул карда шуд.




Тибқи иттилои сомонаи


kremlin


.


ru


, саҳми Русия дар фонди мазкур ба 7,5 млрд. $ ва Қазоқистон ба 1 млд. $ баробар аст. «Кишварҳои дигари узви иттиҳод – Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати як моҳ ҳаҷми ҳиссаи худро ба фонд муайян хоҳанд кард», – хабар дода мешавад дар сомона.


Реклама на asia+

Консулгарии генералии Швейтсария дар Алмаато додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ месозад

0



           

Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Консулгарии генералии Швейтсария дар Алмаато дархости шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани раводид танҳо то 25-уми феврали соли ҷорӣ қабул хоҳад кард.





           

Тавре аз дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз 26-уми феврал то 6-уми март ба масъалаи додани раводид ба Швейтсария сафорати Олмон дар шаҳри Остона машғул хоҳад шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, сафорати нави Швейтсария дар Остона, ки ба муносиботи дипломатӣ бо Қирғизистону Тоҷикистон масъул хоҳад буд, аз 10-уми март ба кор шурӯъ намуда, минбаъд масоили додани раводид ба дӯши он вогузор хоҳад гашт. «Агентии консулгарии Швейтсария дар шаҳри Душанбе бинобар ба минтақаи Шенген ворид гаштани Швейтсария аз 15-уми декабри соли 2008 додани раводидро қатъ сохта буд», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Китобхонаи илмии ДМТ дар озмуни китобхонаҳои илмии мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ ғолиб омад

0



           

Душанбе. 5-уми феврал – Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии То


ҷ


икистон дар озмуни китобхонаҳои илмии мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ ширкат варзида, ғолиб омад ва сазовори сертификати заррин гардид. Озмуни мазкур моҳи декабри соли гузашта гузаронида шуд. Шартҳои он ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти китобхона, аз


ҷ


умла, миқдори китобҳо дар фонди китобхона, шароити нигоҳ доштани китобҳои дарс


ӣ


, тартибу сифат ва миқдори истифодаи онҳо, мав


ҷ


удияти китобҳои илм


ӣ


ва теъдоди хонандагонро дар бар мегирифтанд.





                   

Директори китобхонаи донишгоҳ Зайниддин Мухторов гуфт, ки ба туфайли ғолиб омадани он дар озмун ба фонди китобхона 3 ҳазор нусха китобҳои илмию таълим


ӣ


т


ӯ


ҳфа карда мешавад. Инчунин, гур


ӯ


ҳи калони кормандони он барои ом


ӯ


хтани та


ҷ


риба ба Маскав мераванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба вазири бозаргонии Эрон таҳия сохтани лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро пешниҳод кард

0


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 4 феврали соли 2009 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Вазири бозаргонии Ҷумҳурии

 

Исломии Эрон ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимиро, ки ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимӣ

 

ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр сохт, ки ташрифи феълӣ, ки баҳри тақвияту тавсеаи татбиқи ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлатҳо оид ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ нигаронида шудааст, бешубҳа метавонад дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо саҳифаи наверо боз карда бошад.



Зеро ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз потенсиалҳои воқеан мавҷудаи тарафҳо истифода намуда, дар низоми пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барномаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ намоянд. Дар ин ҷода парламентҳои кишварҳо тамоми тадбирҳоро пиёда месозанд, ки заминаҳо ва фазои ҳуқуқӣ ҷавобгӯи ҳамкориҳои воқеан ҳасана ва қонунҳои давлатҳо дар ҳифзу амнияти сармоягузорӣ нақши муассир дошта бошанд.



Ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимӣ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти дӯстона зикр

 

намуд, ки ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҷалбу сафарбарии сармоягузорони эронӣ ҳамеша омода аст, дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, коркарди маъдану истихроҷи нафту газ, ташаккули имкониятҳои технологияи муосир дар соҳаҳои мухталиф, рушди туризм ва коммуникатсия саҳмгузор бошад.



Зимнан таъкид дошт, ки дар роҳи расидан ба ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки

 

Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои нахустин мегузорад, таҷрибаи андӯхтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди пажӯҳиш ва истифодаи амиқ қарор дода шавад.



Зимнан, даъват ба миён овард, ки потенсиали парламентҳо дар ин ҷода нек истифода ва нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ муассир гардонида шавад. Ҳамзамон, аз номи роҳбарияти Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таклиф намуд, ки ташрифи расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ

 

аз Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом гирад. Дар ин бора ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ва Д.Медведев дар Кремл мулоқот карданд

0


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Р


ӯ


зи 4 феврал дар шаҳри Маскав


ҷ


аласаҳои ғайринавбатии Ш


ӯ


рои амнияти даста


ҷ


амъии Созмони Аҳдномаи амнияти даста


ҷ


амъ


ӣ


ва Ш


ӯ


рои байнидавлатии


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия дар сатҳи сарони давлатҳои аъзои ин созмонҳо баргузор гашт.




Нимаи




якуми




р


ӯ


з




ҷ


аласаи




ғайринавбатии




Ш


ӯ


рои




амнияти




даста


ҷ


амъии




Созмони




Аҳдномаи




амнияти




даста


ҷ


амъ


ӣ




ҷ


араён




гирифт


,


ки




дар




кори




он




Президенти




Ҷ


умҳурии




То


ҷ


икистон




Эмомал


ӣ




Раҳмон




ва




сарони




ҳамаи




давлатҳои




дигари




аъзои




он





Арманистон


,


Беларус


,


Россия


,


Қазоқистон


,


Қирғизистон




ва




Узбекистон




иштирок




намуданд


.



Баррасии




масоили




вобаста




ба




таъсиси




нер


ӯ


ҳои




муштараки




зудамал


,


фаъолияти




қ


ӯ


шунҳои




мудофиаи




зиддиҳаво


ӣ


,


мубориза




бо




хатарҳои




ҷ


аҳони




муосир


,


авзои




кунунии




Афғонистон




ва




таъсири




он




ба




кишварҳои




минтақа




ва




ҷ


аҳон




аз




мавз


ӯ


ъҳои




асосии




р


ӯ


зномаи




ҷ


аласаи




ғайринавбатии




Ш


ӯ


рои




амнияти




даста


ҷ


амъии




Созмони




Аҳдномаи




амнияти




даста


ҷ


амъ


ӣ




буд


.



Қабули




қарор




дар




бораи




таъсиси




нер


ӯ


ҳои




муштараки




зудамали




Созмони




Аҳдномаи




амнияти




даста


ҷ


амъ


ӣ




нати


ҷ


аи




асосии




ин




ҳамоиши




сарони




давлатҳо




маънидод




гашт


.



Ҷ


аласаи




ғайринавбатии




Ш


ӯ


рои




байнидавлатии




Ҷ


омеаи




иқтисодии




Евразия




нимаи




дуюми




р


ӯ


з




баргузор




гашт


.



Дар




ҷ


аласа




сарони




давлатҳои




аъзои




ин




созмон




То


ҷ


икистон





Эмомал


ӣ




Раҳмон


,


Беларус





Александр




Лукашенко


,


Россия





Дмитрий




Медведев


,


Қазоқистон




 



Нурсултон




Назарбоев




ва



 



Қирғизистон





Қурмонбек




Боқиев




иштирок




намуданд


.



Дар


ҷ


аласа ҳамчунин Президенти Арманистон Серж Саргисян иштирок дошт, ки кишвараш дар ин созмон дорои мақоми нозир аст.



Андешидани чораҳои муассири

 

зидди б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


ва баррасии дигар масоили умда дар қаламрави кишварҳои аъзои

 



Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия дар маркази тава


ҷҷ


ӯ


ҳи сарони давлатҳо қарор гирифт.



Қабули




қарорҳоро




дар




бораи




таъсиси




Фонди




зиддиб


ӯ


ҳрон


ӣ




бо




маблағи


10


миллиард




доллари




амрико


ӣ




ва




Маркази




технологияҳои




ол


ӣ




метавон




аз




нати


ҷ


аҳои




асосии




Ҷ


аласаи




ғайринавбатии




Ш


ӯ


рои




байнидавлатии




Ҷ


омеаи




иқтисодии




Евразия




маънидод




кард


.



Дар




ҳошияи



 



ҳамоишҳои




ғайринавбатии




сарони




давлатҳои




ду




созмони




номбурда




Президенти




Ҷ


умҳурии




То


ҷ


икистон




Эмомал


ӣ




Раҳмон




бо



 



Президенти




Федератсияи




Россия




Дмитрий




Медведев




мулоқот




намуд


.



Тава


ҷҷ


ӯ


ҳи




асос


ӣ




ба




густариши




ҳамкориҳои




иқтисод


ӣ


,

 



тезондани




сохтмони




иншооти




инфрасохтории




То


ҷ


икистон


,


аз




ҷ


умла




нер


ӯ


гоҳи




Роғун




ва




дигар




иншооти




гидроэнергетик


ӣ




зоҳир




гардид


.


Ба




масоили




таҳкиму




тавсиаи




ҳамкориҳои




ҳарб


ӣ




ва




ҳарб


ӣ




техник


ӣ




низ




тава


ҷҷ


ӯ


ҳи




зиёд




зоҳир




карда




шуд


.



Сарони




ду




давлат




ба




мувофиқа




расиданд


,


ки




баррасии




масоили




ҳалталаб




ва




дурнамои




ҳамкориҳои




гуногун


ҷ


анбаи




То


ҷ


икистону




Россияро




нимаи




дуюми




моҳи




феврали




соли




равон




дар




шаҳри




Маскав




идома




диҳанд


.



Дмитрий




Медведев




ҳамчунин




Эмомал


ӣ




Раҳмонро




даъват




намуд


,


ки




дар




давоми




соли




равон




ба




Федератсияи




Россия




сафари




давлат


ӣ




ан


ҷ


ом




бидиҳад


.


Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бори навбатӣ болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида расид. Арзиши 1 доллари амрикоӣ имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 4 сомонӣ расид. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои мубгодилаи асъор бинобар набудани доллари амрикоӣ аз фурӯши он худдорӣ менамоянд.




Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80

 

ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешуд», – хабар дода буданд аз бонк. Имрӯз бошад, аллакай арзиши қабули доллар ба 3,98 сомонӣ ва фурӯши он ба 4 сомонӣ баробар шудааст.



Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.



Тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк арзиши қабули доллар 3,88 ва фурӯши он 4 сомониро ташкил додааст.

 

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби 1 доллари амрикоиро 3,72 сомонӣ муқаррар кардааст.


Реклама на asia+

Тоҷикистонро барои нигаҳдории коҳиши қурби сомонӣ зарур аст ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муроҷиат намояд, – назари коршинос

0



            




 

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 1 доллари амрикоӣ ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Дар бонкҳои кишвар аз шарҳи чунин вазъ алҳол худдорӣ менамоянд.





           

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Пӯлод Насимов мегӯяд, ки қурби асъори миллӣ то он замоне, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бахши иқтисодиро мавриди таҳлил қарор надиҳаду ҷиҳати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ чораҳои муассир наандешад, поин хоҳад рафт. «Айни замон захираҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон хеле коҳиш ёфта, ба воридшавии маблағҳо ниёз доранд ва Тоҷикистонро барои нигаҳдории коҳиши қурби сомонӣ зарур аст ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муроҷиат намояд», – изҳор дошт ӯ.




           

Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаи асосии даромади асъори хориҷии ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ва чун онҳо феълан дар Русия аз ҷойҳои корӣ маҳрум мегарданд, мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, бевосита бо ҳокимони вилоятҳои Русия дар ин хусус гуфтушунид доир созанд, зеро дар минтақаҳои Русия эҳтиёҷ ба мутахассисони бахши сохтмон ҳанӯз зиёд аст.



«Гузашта аз ин, имрӯз метавон бо давлатҳои Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба мувофиқа расид, чунки дар бахши сохтмони ин давлатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҳиндустон, Бангладеш ва Непал машғули коранд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз қобилияти корӣ дар соҳаи сохтмон бархӯрдоранд, метавонанд муваффақона дар он ҷо ба фаъолият фаро гирифта шаванд», – афзуд П.Насимов.

 



Реклама на asia+

Намояндагони Барномаи рушди СММ ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд

0



            




  

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс ва сариқтисодчии Дафтари барнома дар Аврупо ва кишваҳои ИДМ Бен Слей иҳор доштанд, ки имрӯз Тоҷикистонро мебояд на ба мушкилоти сохтмони нерӯгоҳи Роғун, балки ба бунёди нерӯғоҳҳои хурди барқӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир созанд. «Сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъалаи 10-15 соли оянда аст ва имрӯз зарур аст, ки ба мушкилоти талафоти барқ бештар аҳамият дод, зеро тибқи маълумоти ба мо расида, чунин талафот маҳз дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон бештар ҷой доранд», – гуфтанд мусоҳибон.





           

Тибқи назари Майкл Ҷонс, бунёди иншооте аз қабили нерӯгоҳи Роғунро мебояд мувофиқа сохт, зеро чунин обанбори бузург метавонад ба низоми обёрии кишварҳои поёноб таъсир бигузорад. «Феълан СММ гуфта наметавонад, ки дар баҳси сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳақ ба ҷониби кист, зеро ин масъала бояд мувофиқи тартиби ҷорӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирад ва оид ба ин масъала конвенсияи оби СММ амал мекунад, ки дар он чӣ тарз ҳал гардидани масъала дар чунин мавридҳо нишон дода шудааст», – мегӯяд Бен Слей.




           

Ба гуфтаи Бен Слей, Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати ҳалли ин қазия ба Комиссия иқтисодии СММ дар Женева муроҷиат кардаанд, лекин барои ҳаллу фасли баҳс лозим меояд, кори зиёдеро ба сомон расонид.




           

Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Майкл Ҷонс зикр кард, ки СММ омода аст, ба бунёди як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намояд. «Тибқи маълумоти доштаи ман, ҳукумати Тоҷикистон соли равон ният дорад, ҳудуди 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ бунёд созад ва ин иқдом хеле хуб аст», – афзуд М.Ҷонс.


Реклама на asia+