Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати охирини нерӯгоҳи Сангтӯда-1 моҳи феврал пешбинӣ шудааст

0


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози шурӯъи ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-1 дар таърихи 20-уми январи соли гузашта дар ин нерӯгоҳ беш аз 1 млрд. 237 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гашт.




Соли 2008 – 1-уми июл ва 16-уми ноябр боз ду агрегати нерӯгоҳ пеш аз мӯхал мавриди истифода қарор гирифт. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳ иқтидори истеҳсолии солдонаи он ба 2,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ баробар хоҳад буд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК Сангтӯда-1 хабар доданд, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум 25-уми феврал ва тамоми зерсохтори заруриву иншооти таъиноти иҷтимоӣ то ахири моҳи марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.



Манбаъ зикр кард, ки мувофиқи созишномаи баимзорасида миёни нерӯгоҳ ва ширкати «Барқи тоҷик» арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳ ба миқдори 3.1 сент муқаррар шудааст. То 31-уми декабр арзиши он ба 1,14 сент баробар буд.



Дар ҳамин ҳол, аз сарчашма ҳамчунин хабар доданд, ки моҳи июли соли гузашта ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раёсати Роғунро барои иҷрои корҳо дар нерӯгоҳи Роғун таъсис додааст. «Ба майдони сохтмони Роғун аллакай ду корхонаи истеҳсоли бетон, хати ба навъҳо ҷудокунии сангреза ва манзили зист канадагӣ кӯчонида шуд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки феълан дар Раёсати Роғун 153 нафар машғули коранд.




           





Маълумотнома:


Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон аввали моҳи феврал аз Маскав боздид мекунад

0


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи феврал бо сафари кории якрӯза озими шаҳри Маскав хоҳад гашт.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазоарти умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ, сафари президент дар таърихи 2-уми феврали соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.



Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар бо намояндагони мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аз ҷумла, сарони кишварҳо – Э.Раҳмон ва Д.Медведев атрофи амалисозии қарордодҳои қаблан тасвибгардида миёни кишварҳо табодули афкор хоҳанд намуд.


Реклама на asia+

Beeline дар қаламрави Тоҷикистон хизматгузории GPRS-роуминг ҷорӣ кард

0



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Оператори алоқаи мобилӣ – ширкати

 

«Низоми радиоии Украина» (тамғаи тиҷоратии


Beeline


) дар қаламрави Тоҷикистон хизматгузории


GPRS


-роуминг ҷорӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти ин ширкат хабар медиҳад.





           

Муштариёни оператори Украина бо хизматгузории


GPRS


-роуминг аз шабакаи оператори мобилии «Таком» истифода бурда метавонанд. Ширкати «Таком» дар қаламрави ҷумҳурии мо таҳти тамғаи тиҷоратии


Beeline


хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод менамояд.




           

Шабакаи


Beeline


дар Тоҷикистон аз рӯи меъёри GSM 900/1800 ва UMTS 2100 хизматгузории алоқаро ба роҳ мондааст.




           

ҶСК «Низоми радиоии Украина» – оператори миллии алоқаи мобилии меъёри GSM-900/1800 буда, 100 фоиз чун ширкати фаръӣ ба ҶСК «Вимпелком» таааллуқ дорад ва хизматгузориашро дар Украина таҳти тамғаи тиҷоратии


Beeline


аз моҳи апрели соли 2006 ба роҳ гузоштааст.


Реклама на asia+

Ширкати «ПАВА»-и Русия соли гузашта тибқи Барномаи СММ ба Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор тонна орд ворид сохт

0



 




           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ширкати «ПАВА»-и Русия аз рӯи барноми СММ воридоти орди хушсифати витаминдорро ба Тоҷикистон таъмин сохт.





           

Тавре маркази матбуоти ширкати мазкур хабар медиҳад, соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор тоннаро

 

ташкил додааст.




           

Дар иттилоъ гуфта мешавад, ки ҶСК «ПАВА» шарики Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ буда, яке аз ширкатҳои бузурги русиягии таъминкунандаи кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо маҳсулот мебошад.




           

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ, ҳаҷми содироти ширкат дар соли 2008 нисбат ба соли пешин 77,5 дарсад афзудаанд. Гуфта мешавад, ки феълан ширкат бо истеҳсолкунандагон ва тоҷирони яклухтфурӯши 13 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Муғулистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Таиланд ва дигар давлатҳо муносиботи хуби корӣ роҳандозӣ намудааст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон Вазорати энергетика ва саноатро ӯҳдадор кард, ки Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонро то соли 2015 таҳия созанд

0


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар Вазорати энергетика ва саноатро ӯҳдадор кард, ки Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонро то соли 2015 таҳия созанд.




Сарвари давлат зикр кард, ки барномиаи мазкур бояд то охири нимсолаи аввали соли 2009 ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. «Боиси ташвиш аст, ки соли гузашта аз 781 корхонаи саноатӣ беш аз 230 ададаш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карда, 97 корхона умуман фаъолият накардааст», – гуфт ӯ.



Президенти Тоҷикистон таъкид сохт, ки дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли баъзе аз маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ соли гузашта ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба маблағи 3,5 млрд. сомонӣ хисороти молӣ расонида шудааст.


Реклама на asia+

Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори таъсиси муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ»-ро тасдиқ кард

0


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ аз рӯи стипендияи президенти кишвар қарори таъсиси муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ-ро тасдиқ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод, дар асоси қарори мазкур лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумат «Дар бораи муқаррароти стипендияи байнулмилалии президенти ҶТ «Дурахшандагон», «Дар бораи фаъолияти комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа» ва тартиби интихоби номзадҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар таҳия гардиданд. «Бо ин мақсад соли 2009 аз Фонди президент 5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, донишҷӯён тибқи муқаррароти мазкур, вазифадоранд дар муддати даҳ соли пас аз хатми таҳсил дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ кор кунанд», – гуфт ӯ.



А.Раҳмонов зикр кард, ки бинобар дарёфт нашудани номзадҳои арзанда барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Ҷопон ва дигар давлатҳо 10 квотаи воридгашта истифода бурда нашудааст.



Ёдовар мешавем, соли таҳсили 2008-2009 аз рӯи квотаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 842 нафар барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуд.


Реклама на asia+

Дар пойтахт озмоишгоҳи нави ташхиси маҳсулоти ғизоӣ ба кор шурӯъ мекунад

0



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави ташхиси маҳсулоти ғизоии муҷаҳҳаз бо дастгоҳи САА «Квант» ба кор шурӯъ мекунад.





           

Зикр гардид, ки дастгоҳ яке аз асбоби дақиқи ташхис дар соҳаи маҳсулоти ғизоӣ буда, он зимни санҷиши ба меъёрҳо ҷавобгӯ будани чунин мавод истифода хоҳад шуд.




           

Дар агентӣ зикр карданд, ки соли гузашта муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳи микробиологӣ ва озмоишгоҳи марказӣ бо дастгоҳи ташхисии «Спутник» СКС-99 пурра ба анҷом расида, минбаъд низ агентӣ талош хоҳад варзид, то озмоишгоҳҳо бо дастгоҳу асбоби замонавӣ таъмин гардида, хавфи заҳролудшавии ҷисми инсон аз истеъмоли маводи ғизоӣ пешгирӣ карда шавад.


Реклама на asia+

Вазорати молия барои татбиқи нақшаи чораҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявӣ масъул хоҳад буд

0



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо истинод ба вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ки сохтори мазкур барои татбиқи нақшаи чораҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявӣ масъул хоҳад буд.





           

С.Наҷмиддинов изҳор доштааст, шароити номусоид дар бозори молиявӣ ба тағйирот дар буҷа ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ боис нахоҳад шуд ва иҷрои буҷаи давлатӣ бо афзоиш ба иҷро хоҳад расид.




           

Вазир зикр кард, ки айни замон афзоиши захираҳои дохилии молиявӣ ва асъории бонкҳо ба қадри зарурӣ таъмин мегарданд ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ вазъи молиявӣ, сиёсати буҷавиву андоз ва пуливу қарзии ҷумҳуриро ба таври мусбат арзёбӣ менамоянд. «Бо назардошти вазъи бӯҳрон соли ҷорӣ сиёсати буҷаи давлатӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, раҳо гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардум нигаронида шуда,бо ин мақсад «Фонди устуворгардонӣ (стабилизатсионӣ)» ташкил карда мешавад», – гуфт С.Наҷмиддинов.




           

Вазир афзуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ба бонкҳо

 

то моҳи марти соли 2009 дароз карда шуд.


Реклама на asia+

Сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлоб ба ҳиссаи «Агроинвестбонк» рост меояд

0



           

Кӯлоб. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намудҳо ва самтҳо ба маблағи 42 млн. 348 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.




Тавре сардори дафтари бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлобро ташкил дода, сандуқи қарзии бонк дар зарфи як сол дар ин минтақа ба андозаи 1,8 баробар афзудааст: дар тӯли як сол 18 млн. сомонӣ зиёдтар қарз дода шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, 57,2 дарсади қарзҳо – ба рушди бахши кишоварзӣ, 27,8 – ба соҳаи тиҷорати яклухту чакана ва 15 дарсади он ба рушди сохтмону соҳаи саноат равона гардиданд. «Миқдори 60 дарсади қарзҳоро қарзҳои хурд ташкил дода, амонатҳои аҳолӣ дар зарфи як сол ба андозаи 1,4 баробар афзудаанд ва феълан муодили 7 млн. 12 ҳазор сомонӣ мебошанд», – гуфт ӯ.



С.Қадамов таъкид сохт, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа 60 дарсадаш ба шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» рост меояд ва дар ин давра тавассути бонк ба оилаҳои муҳоҷирон 82 млн. 320 ҳазор $ ва 198 млн. 524 ҳазор рубли русӣ дода шудааст. «Бар асари бӯҳрони молӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ҳамагӣ ба андозаи 1,64 баробар зиёд шуд ва ин дар ҳолест, ки ҳамасола он 2-3 маротиба меафзуд», – афзуд вай.


Реклама на asia+

«Тоҷикстандарт»: Сифати маҳсулоти ғизоӣ дар бозори кишвар воқеъан ҳам паст аст

0



          




   

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов изҳор дошт, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ сифати маҳсулоти ғизоӣ, бахусус равғани растанӣ воқеъан ҳам паст аст ва ҳақ ба ҷониби сарвари давлат буд, ки дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 16-уми январ ба ин масъала ишора кард.





           

Ба гуфтаи ӯ, соли 2008 дар нуқтаҳои тиҷоратии қаламрави кишвар 17 номгӯи маҳсулоти ғайримеъёрии давлатӣ ошкор гардида, фурӯши беш аз 217 тонна равғани растанӣ, 28 тонна картони рангдодашуда барои фурӯш чун чойи сиёҳ, 18 тонна ярма, 6,3 тонна маҳсулоти макаронӣ, ҳудуди 6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 22 тонна иловаҳои ғизоӣ, 40 тонна маҳсулоти ширӣ ва 230 тонна консерва манъ карда шуд, зеро он ба талаботи меъёр ҷавобгӯ набуд.




           

Номбурда афзуд, ки соли гузашта дар 255 корхонаи ҷумҳурӣ (12,8 дарсад) далелҳои риоя накардани меъёрҳои метрологӣ ба қайд гирифта шуданд.


Реклама на asia+