Сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлоб ба ҳиссаи «Агроинвестбонк» рост меояд

            Кӯлоб. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намудҳо ва самтҳо ба маблағи 42 млн. 348 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард. Тавре сардори дафтари бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлобро ташкил дода, […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намудҳо ва самтҳо ба маблағи 42 млн. 348 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.




Тавре сардори дафтари бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сеяки ҳамаи қарзҳои ҷудогардида дар минтақаи Кӯлобро ташкил дода, сандуқи қарзии бонк дар зарфи як сол дар ин минтақа ба андозаи 1,8 баробар афзудааст: дар тӯли як сол 18 млн. сомонӣ зиёдтар қарз дода шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, 57,2 дарсади қарзҳо – ба рушди бахши кишоварзӣ, 27,8 – ба соҳаи тиҷорати яклухту чакана ва 15 дарсади он ба рушди сохтмону соҳаи саноат равона гардиданд. «Миқдори 60 дарсади қарзҳоро қарзҳои хурд ташкил дода, амонатҳои аҳолӣ дар зарфи як сол ба андозаи 1,4 баробар афзудаанд ва феълан муодили 7 млн. 12 ҳазор сомонӣ мебошанд», – гуфт ӯ.



С.Қадамов таъкид сохт, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа 60 дарсадаш ба шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» рост меояд ва дар ин давра тавассути бонк ба оилаҳои муҳоҷирон 82 млн. 320 ҳазор $ ва 198 млн. 524 ҳазор рубли русӣ дода шудааст. «Бар асари бӯҳрони молӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ҳамагӣ ба андозаи 1,64 баробар зиёд шуд ва ин дар ҳолест, ки ҳамасола он 2-3 маротиба меафзуд», – афзуд вай.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.