Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори таъсиси муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ»-ро тасдиқ кард

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ аз рӯи стипендияи президенти кишвар қарори таъсиси муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ-ро тасдиқ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод, дар асоси қарори мазкур лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумат «Дар бораи муқаррароти […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ аз рӯи стипендияи президенти кишвар қарори таъсиси муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ-ро тасдиқ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод, дар асоси қарори мазкур лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумат «Дар бораи муқаррароти стипендияи байнулмилалии президенти ҶТ «Дурахшандагон», «Дар бораи фаъолияти комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа» ва тартиби интихоби номзадҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар таҳия гардиданд. «Бо ин мақсад соли 2009 аз Фонди президент 5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, донишҷӯён тибқи муқаррароти мазкур, вазифадоранд дар муддати даҳ соли пас аз хатми таҳсил дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ кор кунанд», – гуфт ӯ.



А.Раҳмонов зикр кард, ки бинобар дарёфт нашудани номзадҳои арзанда барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Ҷопон ва дигар давлатҳо 10 квотаи воридгашта истифода бурда нашудааст.



Ёдовар мешавем, соли таҳсили 2008-2009 аз рӯи квотаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 842 нафар барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.